Шуъбаи тайёрӣ ва маркази бачагонаи рассомӣ (феълан зерсохтори факултети тайёри ва таҳсилоти фосилавӣ қарор дорад) соли хониши 2013-2014 дар асоси Низомномаҳои шуъбаи тайёрӣ ва Маркази бачагонаи рассомӣдар ҷаласаи Шўрои олимони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон №3 аз 29.11.2013 ташкил ёфтааст. Ба шуъба дар асоси Фармоиши №395 Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18.02.2015 Иҷозатнома оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ АУ №0001798 дода шудааст, ки то 18.02.2020 эътибор дорад. Аз хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф меъёрҳои муайянкунанда ва санҷиши раванди таълим дар соҳаи таҳсилоти иловагӣ аз рўйи № АУ №0001798 самти ихтисос чун замима ба иҷозатнома бо №2172 аз 20.02.2015 дода шуд. Курси тайёрӣ ва Маркази бачагонаи рассомӣ ба шуъбаи тайёрӣ дахл доранд. Аз 01.03.2016 бо фармони №6 шуъбаи тайёрӣ ба факултети тайёрӣ ва такмили ихтисос табдил дода шуд.

Бо фармоиши №26 аз 12.04.2016 дар асоси иҷозатномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти силсилаи АУ №001318 аз 10.06.2013 оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ ва бо мақсади ба роҳ мондани раванди таълим дар шуъбаи тайёрӣ ва курсҳои кўтоҳмудати дўзандагӣ роҳандозӣ гардидааст. Муҳлати таълим 3 моҳ буда, баъди хатми курсҳо сертификат дода мешавад.

Мақсади корбарии факултет: қабули хонандагон ва шунавандагон барои омодагӣ дидан дар оянда дохил шудан ба донишкада, баланд бардоштани сатҳи тайёрии ҷавонону хонандагон ва наврасон аз рўйи малакаю истеъдод ва майлу рағбаташон, дар бачаҳо бедор намудани ҳисси ватандўстӣ, зиёд гардонидани шавқу рағбати хонандагон ба санъати тасвирӣ ва дизайн. Баланд бардоштани таваҷҷуҳ ба омўзиши ёдгориҳои таърихӣ ва инкишоф додани беҳтарин анъанаҳои халқӣ, бедор кардани муҳаббат ба санъати тасвирӣ ва дизайн, асосҳои санъати тасвириро аз бар кардан, тайёр намудани рассомони касбӣ.

Ба маркази бачагонаи рассомӣ хонандагон аз синфи 4 то синфи 10 қабул карда мешаванд ва онҳо метавонанд, ки машғулиятро бо хоҳиш ва шароиташон то якчанд сол давом диҳанд. Устодон аз дарси аввал сар карда ба қобилияти ҳар як хонанда ва шунаванда диққат медиҳанд, бо ҳар кас алоҳида сару кор мегиранд, қобилияту истеъдоди онҳоро сайқал медиҳанд, аз болои устокориашон назорат мебаранд. Дар машғулиятҳо бо қалам ва ранг кор кардан, дарк кардани асл (натура), зебогии табиат, дар болои қоғаз тасвир намудани предметҳои шаклу андозаи гуногунро меомўзанд. Дар корҳои хонагӣ бачаҳо аз дарсҳои гузашта истифода карда, фикрронӣ ва тасаввуроти худро васеъ мекунанд, фаъолона кор мекунанд.