Saturday, April 27, 2024

Бахши идоракунии сифати таҳсилот

Бахши идоракунии сифати таҳсилот

Бахши идоракунии сифати таҳсилот бахши навташкил буда, бо қарори Шӯрои олимони ДДСТДТ аз 30.05.2018, таҳти №03/469 дар заминаи шуъбаи таълим таъсис ёфтааст. Дар бахши идоракунии сифати таҳсилот ду нафар, мудири бахш ва сармутахассиси бахш  фаъолият доранд.

Бахши идоракунии сифати таҳсилоти Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҷиҳати болоравии сатҳу сифати таълим ва дараҷаи донишазхудкунии донишҷӯён мунтазам назорат мебарад. Савияи дониши донишҷӯён аз ҷониби БИСТ – и донишкада мунтазам санҷида мешавад.

Бахши идоракунии сифати таҳсилот фаъолияти худро тибқи Низомномаи БИСТ, нақшаи кории аз ҷониби раёсати донишкада батасвибрасида ва нақшаи кории худи бахш ба роҳ мондааст. Мувофиқи ҳуҷҷатҳои мазкур бахши идоракунии сифати таҳсилот паҳлӯҳои гуногуни раванди таълимро дар миқёси факултету кафедраҳои донишкада назорат намуда, санҷиш (мониторинг) – ҳо мегузаронад. Натиҷаҳои онро дар ҷаласаҳои шуъбаи таълим муҳокима намуда, ба Шӯрои олимони донишкада  пешниҳод менамояд.