Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки баъди ба даст овардани истиќлолияти давлатӣ сохти демократию дунявиро интихоб карда, бо ин роҳ пеш меравад, бо амалҳои нангину хиёнаткоронаи як идда мазҳабгароёну гуруҳҳои мутаассиб, фурсатталаб, манфиатҷӯ ва бегонапараст рӯ ба рӯ гардида буд.
Ин гурӯҳҳо ислому Қуръони азимушшаънро барои ба даст даровардани идеалҳои сиёси худ ҳамчун «ҳилаи шаръӣ» ба кор мебаранд. Дар асл, шариати исломӣ зуҳуроти номатлуб ва даҳшатноки терроризму ифротгароиро шадидан маҳкум намуда, мусулмононро ба ваҳдату бародарӣ, иттифоқу ҳамдилӣ, раҳму шавқат, эҳтироми байниҳамдигарӣ, иззату икроми волидайн, сарфаю сариштакорӣ ва дар маҷмӯъ ба амалҳои нек ҳидоят менамояд.
Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароите ба Маҷлиси Олии кишвар ироа гардид, ки ҷаҳони муосир шоҳиди буҳрони амиқи идеологист. Яке аз зуҳуроте, ки ҳоло ба вабои аср мубаддал гардидаву ба амнияти аҳолии сайёра таҳдид менамояд, ин фаъолияти гурӯҳҳои ифротгарою террористӣ маҳсуб мешавад. Аз ин лиҳоз, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти муҳимии мавзӯъ, дар мавриди хатарҳои глобалин зуҳуроти нангинро «хатари аввалиндараҷаи ҷаҳони муосир» хондаву паёмадҳои нохуши онро « на камтар аз силоҳи ядроӣ» арзёбӣ кардаанд.
Дар асл гурӯҳҳои ифротгарою террористӣ, экстремистӣ натанҳо ватану миллат надорад, балки пулҳо ва роҳҳоеро, ки миллату маҳалро ба якдигар пайваст мекунад, тарконда, тухми кинаву адоватро кошта, соҳилҳои тамаддуни башариро аз якдигар ҷудо мекунад. Мутаасиб ба воситаи назария ва амалияи худ меҳрро ба адолат табдил дода, барои ҷамъият оқибатҳои фалокатангезро эҷод мекунад.
Ин ашхоси хушунатангез дар дохили миллату халқҳои олам буданд ва ҳоло ҳам ҳастанд. Миллати мо низ аз ин тазоди таърихӣ дар канор намондааст.
Хусусан баъд аз пош хурдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар кишвари мо гуруҳҳои мухталиф бо истифода аз холигии маънавию идеологӣ ба хотири ба даст овардани қудрати сиёсӣ бо дастгирии манфиатҳои гуруҳии худ қувва ва маблағҳои зиёдеро барои ба ҷониби худ ҷалб намудани қувваҳои нав сафарбар намуданд. Аз ҷумла он замон дар натиҷаи фаъолияти тахрибкоронаи ҲНИТ ҳурофоту таассуби динӣ-мазҳабӣ дар кишварамон доман зад ва аксарияти ҷомеаи тоҷик таҳти фишори равонӣ ва мафкураи бегона қарор гирифт. Таблиғоти мафкураи динӣ-мазҳабии мутаассибона ва ифротии ҲНИТ ва баъзе « саршиносон»-и рӯҳонияти исломӣ ибтидои солҳои навадуми садаи бист дар ҷумҳурӣ хараҷу мараҷи сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва дар натиҷа, буҳрони фарогирро ба вуҷуд оварда, домани бетартибиҳои мардумиро дар минтақаҳои даргири Тоҷикистон тавсеа бахшиданд ва ба ин тариқ сабабгори асосии ҷанги шаҳрвандӣ гардиданд. Барои ба мақсади нопоки худ расидан ин гуруҳҳои нохалаф ва хоини ватан бо маслиҳати хоҷагони хориҷӣ ва маблағгузории онҳо бисёр шахсиятҳои баруманди ҷумҳурӣ, аз ҷумла С. Кенҷаев, М. Ғуломов, Б.Исҳоқӣ, О. Латифӣ, Сайф Раҳим, М. Олимпур ва чандин шахсиятҳои дигар ваҳшиёна ба қатл расонида шуданд.
Имрӯз миқдори ҷонибдорони онҳо дар кишвар ба чашм мерасанд. Паҳн гаштани равияи мазҳабӣ бо номи салафия имрӯз ба яке аз муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти динӣ, фарҳангӣ ва сиёсии ҷомеа табдил гаштааст. Ҳам дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ ва ҳам дар гуфтугузори байни мардуми одӣ баҳс дар атрофи салафиҳо ва ифротгароии он яке аз мақомҳои аввалро ишғол кардааст. Дар миёни мардум даҳҳо китобу навору дискҳо аз тарафи салафиҳо ва дигар гуруҳҳо пахш гашта, хусусан, дар муҳити динии кишвар баҳсҳои ҷиддиеро ба миён овардааст.
Фаъолияти озоди онҳо дар дохил ва беруни кишвар, ба таври озодона паҳн шудани китобу наворҳои таблиғотии салафия дар Тоҷикистон, таҳсил дар марказу донишгоҳҳои исломии кишварҳои хориҷӣ ва ба тарафи худ ҷалб намудани донишҷӯёни тоҷик дар кишварҳои исломӣ боиси зиёд шудани шумораи аъзоёни ин гуруҳҳо гардид. Умуман, чунин ба назар мерасад, ки салафиён аз ҷониби шабакаҳои амниятии бархе аз кишварҳо садҳо нафар аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷӣ муҳоҷир шуда, фарзандони онҳо дар лагерҳо дарс хонданд ва аз ҷониби эмиссарони аҳли салаф тарбия ёфтаанд. Дар он солҳо маърифати динӣ дар ҷомеаи мо дар сатҳи паст қарор дошт ва мутаассифона, дар ин бахш аз ҷониби масъулон корҳои назаррас ва бунёдии таблиғотӣ сатҳи зарури гузаронида нашуда буд.
Иддае аз ҷавонони тоҷик, ки бунёду асоси иҷтимоӣ ва ин ҳаракатро ташкил медиҳанд, аз мазҳаби муътадили ҳанафӣ дур рафтаанд.
Пас мо бояд бо дарназардошти ин вазъият, бахусус авҷ гирифтани падидаи номатлуби ифротгароиву терроризм беш аз пеш ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, аз ин љараёнњову гуруҳҳо ҷилавгирӣ намоем.
Новобаста аз характери дунявӣ доштани давлат дар Тоҷикистон, имрӯз мазҳаби ҳанафӣ яке аз омилҳои асосии таъмини суботи ҷомеа ва амнияти миллӣ дар кишвар мебошад. Муттаҳид будани мардум дар атрофи як арзиши муътадил, яъне мазҳаби ҳанафӣ, худ омили ваҳдат ва субот аст, ки ба таври табиӣ нақши ваҳдатбахширо иҷро мекунад.
Аз ин рӯ ташаккулу такомули худшиносии миллӣ, шинохту таблиғи мазҳаби таҳаммулпазири Имоми Аъзам- Ҳанафия беҳтарин роҳу восита дар мубориза алайҳи ҳаракату ҷараёнҳои тафриқаандози экстремистӣ мебошанд.
Дар ин марҳилаи басо ҳассосу муборизаҳои ошкору ниҳони нерӯҳои гуногун, вазифаи муќаддаси ҷомеа, пеш аз ҳама ба таълиму тарбия фаро гирифтани ҷавонон, ба роҳи рост ҳидоят намудани онҳо ва пешгирӣ аз воридшавии онҳо ба ҷараёнҳои ифротию тундгаро мебошад. Ҷавонон дар рӯҳияи худшиносӣ ва ифтихори ватандорӣ тарбия ёфта, ба онҳо дар муҳити оила, ҷомеа ва муассисаҳои таълимӣ ахлоқу одоби ҳамида, маърифати шаҳрвандӣ, камолоти инсонӣ, риояи арзишҳо миллӣ ва умумибашарӣ таълим диҳем, то ки наврасону ҷавонони мо ҳамчун ворисони арзандаи Ватану миллат ба воя расанд.
Зеро Тоҷикистон кишвари бузургест, ки саропо меҳрофарину дилнишин, бузургмардуму дилфиреб аст. Меҳри бузурги ин сарзамин ҳар як инсони асилро дар дилу дар ҷон аст. Сарзамини дилфиреб, макони бузургони хирад, оқилону фарзонагон ва шӯҳратмандон аст.
Ватане, ки чун модари азиз дӯсташ медоранду эҳтиром мекунанд. Тоҷикистони бузург имрӯз дарахти пурсамареро мемонад, ки шохаҳои пурқуввату бузургаш сояафкани ҳар гулу гиёҳи арзандаи ӯст ва меваҳои рангину лазизаш мардуми бонангу номӯс ва бодонишу баори он машҳури дунё гаштаанд.
Ғанизода Ҷ.Ш., ректори ДДСТДТ