Tuesday, March 19, 2024

Бахши симонишинон

Мудири бахши симоннишинон Сафаров Ширинбек Рустамович

Бахши симонишинон зерсохтори шуъбаи методии Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, бо қарори Шӯрои олимон таъсис дода шудааст ва фаъолияти худро дар асоси Оинномаи донишкада, Низомномаи шуъбаи методӣ, Низомномаи бахш ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мемонад.

Бахши мазкур бо мақсади ҷалби симонишинон барои гузаронидани дарсҳои тахассусӣ ва назорати доими онҳо ташкил карда шудааст. Бахши симонишинонро мудир роҳбарӣ мекунад, ки ӯ аз ҷониби ректор ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод карда мешавад.

Вазифаҳои асосии Бахши симонишинон аз инҳо иборат аст:

  • интихоб ва ташаккули воҳидҳои симонишин (зан ва мард) дар асоси дархости кафедраҳо, тибқи нақшаи таълимии солона;

  • таъмини бефосилаи раванди таълим дар асоси дархости кафедраҳо ҷиҳати таъмини онҳо нафарони чун симо истифодашаванда (зан ва мард);

  • назорати доими аз рӯйи кори симонишинон ҷиҳати иштироки саривақти дар дарсҳо, инчунин вайрон накардани интизоми меҳнат аз ҷониби онҳо;

  • тайёр намудани ҳуҷҷатҳои шахсии симонишин ва пешниҳод ба шуъбаҳои дахлдори донишкада;

  • ба сохторҳои лозимаи донишкада расонидани арзу шикоятҳои симонишинон.