Tuesday, March 19, 2024

Таърих

Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон (минбаъд – ДДСТДТ) бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 марти соли 2013, №144, таъсис ёфта, дар асоси Оиннома амал мекунад ва аввалин муассисаи мустақили давлатӣ мебошад, ки дар соҳаи санъати тасвирӣ ва дизайн мутахассисонро тайёр мекунад.

Бо фармоиши Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 августи соли 2013, № 96-ф, собиқ бинои Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Камолиддин Беҳзод, воқеъ дар хиёбони Айнӣ-31, шаҳри Душанбе ба тавозуни донишкада гузаронида шудааст.

 

Бинои таълимии донишкада аз таҳхона ва 3 ошёна иборат буда, сохтори таълимиро бошад 3 факултет, 8 кафедра, устохонаҳо, синфхонаҳои тахассусӣ ва дигар шуъбаҳо ташкил медиҳанд:

  • Кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ (умумидонишкадавӣ).

Факултети санъати тасвирӣ:

  • кафедраи графика
  • кафедраи санъатшиносӣ;
  • кафедраи мусаввирӣ ва ҳайкалтарошӣ;
  • кафедраи санъати ороишию амалӣ ва монументалӣ.

Факултети дизайн:

  • кафедраи тарҳрезии бадеии либос;
  • кафедраи дизайн ва меъморӣ;
  • кафедраи технологияи иттилоотӣ ва иқтисод.

Факултети тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ:

  • шуъбаи тайёрӣ;
  • маркази бачагонаи рассомӣ;
  • бахши такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо.

Дар донишкада раванди таълим бо забони давлатӣ ва русӣ дар зинаи бакалавриат (шакли таҳсили рӯзона ва фосилавӣ) ва магистратура (рӯзона) ба роҳ монда шудааст.

Моҳи июни соли 2018 донишкада аз аттестатсияи Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф бомуваффақият гузашта, иҷозатномаи фаъолияти он ба муддати панҷ соли навбатӣ тамдид карда шуд. Тибқи иҷозатнома таҳсил дар зинаи бакалавриат аз рӯйи 31 ихтисос ва дар зинаи магистратура аз рӯйи 15 ихтисос ба роҳ монда мешавад. Ҳамчунин моҳи январи соли 2019 донишкада бори нахуст аз аккредитатсияи давлатӣ бомуваффақият гузашт.

Хобгоҳи донишҷӯёни донишкада дар кӯчаи Фирдавсӣ 28, ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷойгир буда, аз 4 ошёна иборат мебошад, ки дар он барои донишҷӯён беҳтарин шароити зист муҳайё карда шудааст.