Шуъбаи илм ва корҳои эҷодӣ сохтори таркибии Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон буда, ташкил гузаронидани корҳои илмию корҳои эҷодиро дар донишкада ба танзим медарорад.
Мақсади асосии фаъолияти шуъба дар донишкада ноил шудан ба дастовардҳои нави илмӣ-эҷодӣ, ҳалли масъалаҳои гуногуни илмие, ки ба пешрати санъату фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Тамоми фаъолияти илмию эҷодӣ дар Донишкада аз рӯйи нақшае, ки онро Шӯрои олимони муассиса баррасӣ ва тасдиқ менамояд, амалӣ карда мешавад.
Шуъбаи илм ва корҳои эҷодӣ силсилавазифаҳои зеринро бар дӯш дорад:
*созмон додан ва рушд бахшидан ба фаъолияти илмию эҷодии устодону кормандон, донишҷӯёну магистрантон;
*назорати иҷрои корҳои илмию эҷодӣ ва таҳқиқотӣ дар донишкада;
*корбарӣ аз натиҷаҳои тадқиқоти илмию эҷодӣ дар ҷараёни таълим ҷиҳати баландбардории сифати дониши мутахассисон дар робита бо тақозои бозори ҷаҳонии меҳнат дар шароити муосир;
*омоданамоии мутахассисони соҳибҳунари ҷодаи санъати тасвирӣ ва дизайн, ки тавони ҷавоб додан ба талаботи имрӯза доранд;
*ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ҷалб намудани донишҷӯёни лаёқатманд ва мусоидат баҳри мустақилона иҷро кардани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ аз ҷониби онҳо;
*инкишоф ва тавсеабахшии тафаккури эҷодии донишҷӯён дар ҳалли масъалаҳои амалӣ;
*ҳалли масоили илмию эҷодии муҳим баҳри рушди таҳсилоти олӣ дар ҷумҳурӣ;
*таҳия ва татбиқи барномаи ҳамкориҳои Донишкада бо муассисаҳои илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон, МТОК – и тадқиқотии соҳавӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дохиливу хориҷии кишвар;
*ташкил ва гузаронидани намоишҳои фардиву умумӣ, озмуну конференсияҳо, семинарҳо ва машваратҳои илмӣ;
*ташкили рҳҳои татбиқи натиҷаҳои илмӣ дар раванди илму эҷод ва таълим;
*назорати иҷрои саривақтии корҳои илмию эҷодӣ ва таҳқиқотӣ.