Friday, June 26, 2026
  • РусскийРусский
  • EnglishEnglish
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
  • Асосӣ
  • ДОНИШКАДА
    • Маълумот дар бораи донишкада
    • Роҳбарият
    • Шӯрои олимон
      • Маълумот
      • Ҳайат
    • Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус
    • Шуъбаи умумӣ ва назорат
    • Кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ
    • Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ
  • ТАЪЛИМ
    • Шуъбаи таълим
      • Маълумот
    • Шуъбаи методӣ
      • Маълумот
      • Бахши методӣ
      • Бахши симонишинон
      • Нигористон
    • Бахши бақайдгирӣ ва машваратӣ
    • Бахши идоракунии сифати таҳсилот
    • Бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон
    • Маводи таълимии тозанашр
  • КОРҲОИ ИЛМӢ ВА ЭҶОДӢ
    • Шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия
      • Корҳои илмӣ
      • Корҳои эҷодӣ
      • Маҳфилҳои илмию эҷодӣ
    • Бахши магистратура ва аспирантура
      • Маълумот
    • Китобхона
  • ТАРБИЯ
    • Шуъбаи тарбия
    • Намоишҳо
    • Бахши ҷавонон
      • Фаъолияти бахш
    • Хобгоҳ
  • ФАКУЛТЕТҲО
    • Факултети «Дизайн»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Санъати тасвирӣ»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ»
      • Сохтор
      • Бахши такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо
      • Бахши тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ
      • Маркази бачагонаи рассомӣ
      • Курсҳои кутоҳмуддат дӯзандагӣ
  • ЧОРАБИНИҲО
    • Рисолаи хатм
  • ҶАДВАЛ
    • Ҷадвали факултети Дизайн
    • Ҷадвали факултети Санъати тасвирӣ
    • Ҷадвали факултети Т ва ТФ
  • Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
  • Асосӣ
  • ДОНИШКАДА
    • Маълумот дар бораи донишкада
    • Роҳбарият
    • Шӯрои олимон
      • Маълумот
      • Ҳайат
    • Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус
    • Шуъбаи умумӣ ва назорат
    • Кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ
    • Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ
  • ТАЪЛИМ
    • Шуъбаи таълим
      • Маълумот
    • Шуъбаи методӣ
      • Маълумот
      • Бахши методӣ
      • Бахши симонишинон
      • Нигористон
    • Бахши бақайдгирӣ ва машваратӣ
    • Бахши идоракунии сифати таҳсилот
    • Бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон
    • Маводи таълимии тозанашр
  • КОРҲОИ ИЛМӢ ВА ЭҶОДӢ
    • Шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия
      • Корҳои илмӣ
      • Корҳои эҷодӣ
      • Маҳфилҳои илмию эҷодӣ
    • Бахши магистратура ва аспирантура
      • Маълумот
    • Китобхона
  • ТАРБИЯ
    • Шуъбаи тарбия
    • Намоишҳо
    • Бахши ҷавонон
      • Фаъолияти бахш
    • Хобгоҳ
  • ФАКУЛТЕТҲО
    • Факултети «Дизайн»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Санъати тасвирӣ»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ»
      • Сохтор
      • Бахши такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо
      • Бахши тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ
      • Маркази бачагонаи рассомӣ
      • Курсҳои кутоҳмуддат дӯзандагӣ
  • ЧОРАБИНИҲО
    • Рисолаи хатм
  • ҶАДВАЛ
    • Ҷадвали факултети Дизайн
    • Ҷадвали факултети Санъати тасвирӣ
    • Ҷадвали факултети Т ва ТФ
  • Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед

САҲМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАҲКИМИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА АЗ НИГОҲИ РАССОМОН

26.06.2026

Ваҳдати миллӣ яке аз арзишҳои бузурги давлатдории навини Тоҷикистон буда, барои таҳкими сулҳ, суботи сиёсӣ ва рушди устувори ҷомеа заминаи боэътимод фароҳам овард. Пас аз солҳои душвори ҷанги шаҳрвандӣ, маҳз ба шарофати сиёсати хирадмандона ва талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушд ворид гардид. Ин рӯйдоди таърихӣ дар рушди фарҳанг ва санъат таъсири амиқ гузошт. Рассомони тоҷик мавзӯи ваҳдати миллӣ ва нақши Пешвои миллатро дар таҳиким он дар эҷодиёти худ ба таври васеъ инъикос намудаанд.

Бояд гуфт, ки Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили асосии ҳамгироии ҷомеа, таҳкими давлатдорӣ ва рушди фарҳангӣ хизмат мекунад. Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба марҳалаи нави таърихи Тоҷикистон оғоз бахшид. Бо барқарор шудани сулҳу субот шароити мусоид барои эҳёи фарҳанг, рушди санъат ва фаъолияти озоди эҷодкорон фароҳам омад. Дар чунин муҳит рассомон имконият пайдо карданд, ки арзишҳои миллӣ, ормонҳои сулҳ ва ваҳдат, инчунин симои оҳбари давлатро ҳамчун рамзи субот ва пешрафт таҷассум намоянд.
Нақши Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба сулҳ ва таҳкими Ваҳдати миллӣ аз ҷониби муҳаққиқон, адибон ва рассомон ба таври васеъ арзёбӣ шудааст. Пешвои миллат ҳамчун ташаббускори асосии раванди сулҳ ва эҳёи давлатдорӣ тавонист мардумро дар атрофи ғояи ягонагӣ муттаҳид намояд. Ин хизматҳо дар асарҳои рассомон тавассути тасвири симои Пешвои миллат дар баробари рамзҳои давлатӣ, манзараҳои ободонӣ, чеҳраҳои хушбахти мардум ва ёдгориҳои муҳими миллӣ инъикос меёбанд. Рассомон нақши Пешвои миллатро ҳамчун кафили сулҳ, субот ва рушди ҷомеа дар асарҳои худ ба таври возеҳ нишон медиҳанд.
Санъати тасвирӣ яке аз воситаҳои муҳими тарбияи ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ мебошад. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ як қатор рассомони тоҷик ба мавзӯи Ваҳдати миллӣ рӯ оварда, дар ин самт асарҳои арзишманд офаридаанд. Дар санъати муосири Тоҷикистон портретҳои зиёде ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида шудаанд. Дар ин асарҳо Пешвои миллат ҳамчун шахсияти сиёсӣ, меъмори сулҳ ва роҳнамои миллат тасвир мегарданд. Аксари рассомон кӯшиш намудаанд, ки дар баробари хусусиятҳои зоҳирии шахсият, нақши таърихии Президенти кишварро низ нишон диҳанд.

Дар асарҳои мазкур Пешвои миллат аксаран дар заминаи манзараҳои ободу зебои Тоҷикистон, сохтмонҳои азим, муассисаҳои фарҳангӣ ва рамзҳои давлатӣ тасвир мешавад. Ин гуна тасвири бадеӣ нишон медиҳад, ки Ваҳдати миллӣ ва пешрафти кишвар бо фаъолияти созандаи Рроҳбари давлат бевосита алоқаманд дониста мешавад. Асарҳои рассомоне, ки ба мавзӯи таҳкими Ваҳдати миллӣ бахшида шудаанд, барои тарбияи насли ҷавон аҳамияти калон доранд. Онҳо ҳисси ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва масъулиятшиносиро тақвият медиҳанд. Тавассути чунин асарҳо ҷавонон бо таърихи сулҳи тоҷикон, дастовардҳои даврони истиқлолият ва нақши Пешвои миллат дар рушди кишвар шинос мешаванд.

Яке аз хусусиятҳои муҳими санъати тасвирии даврони соҳибистиқлолӣ дар он ифода меёбад, ки рассомони тоҷик ба офаридани асарҳои дорои арзиши эстетикӣ маҳдуд намешаванд. Онҳо тавассути эҷодиёти худ рисолати бузурги маърифатӣ, тарбиявӣ ва ватандӯстиро низ иҷро менамоянд. Агар ба осори солҳои аввали истиқлолият ва давраи баъди ба даст омадани сулҳу Ваҳдати миллӣ назар афканем, равшан мегардад, ки мавзӯи давлатдории миллӣ, ваҳдат, истиқлол ва нақши Пешвои миллат тадриҷан ба яке аз меҳварҳои асосии санъати тасвирӣ табдил ёфтааст. Ин тағйирот тасодуфӣ набуда, натиҷаи дигаргуниҳои амиқи сиёсиву иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеаи Тоҷикистон мебошад.
Ваҳдати миллӣ барои рушди фарҳанг фазои орому осуда фароҳам оварда, заминаи ташаккули мактаби нави санъати миллӣ гардид. Дар чунин муҳит рассомон имконият пайдо намуданд, ки таърихи давлатдории тоҷикон, арзишҳои миллӣ ва симои шахсиятҳои таърихиву сиёсиро бо диди нав инъикос намоянд. Дар маркази ин раванд симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифт, ки ҳамчун меъмори сулҳ, бунёдгузори давлати навини тоҷикон ва ҳомии фарҳанги миллӣ дар асарҳои зиёди рассомон таҷассум ёфтааст.
Дар раванди арзёбию таҳлили осори рассомони тоҷик метавон мушоҳида кард, ки портретҳои Пешвои миллат танҳо таҷассуми симои зоҳирӣ нестанд. Ҳар як ҷузъи композитсия дорои маънои рамзӣ мебошад. Парчами давлатӣ, китоби муқаддас, кӯҳҳои сарбафалак, сохтмонҳои азими миллӣ, неругоҳҳои барқи обӣ, роҳҳо, пулҳо, муассисаҳои фарҳангӣ, боғҳои замонавӣ ва чеҳраҳои пурнишоти мардум унсурҳое мебошанд, ки рассомон онҳоро ба таври ҳадафманд истифода мебаранд. Ҳамаи ин рамзҳо нишон медиҳанд, ки сулҳу ваҳдат омили асосии пешрафти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар мебошад.
Аз нигоҳи назарияи санъат, ҳар як асари тасвирӣ воситаи инъикоси воқеият ва ҳуҷҷати маънавии даврони худ мебошад. Баъд аз чандин даҳсола муҳаққиқон маҳз тавассути чунин асарҳо метавонанд руҳияи ҷомеа, арзишҳои ҳукмрон ва ормонҳои давраи муайяни таърихиро омӯзанд. Аз ин рӯ, осори рассомони тоҷик, ки ба мавзӯи Ваҳдати миллӣ бахшида шудаанд, аҳамияти таърихӣ доранд. Онҳо воқеаҳои сарнавиштсозро бо забони ранг, хат ва шакл сабт намуда, барои наслҳои оянда мероси арзишманд боқӣ мегузоранд.

Ҷиҳати муҳими дигар он аст, ки санъати тасвирӣ нисбат ба бисёр воситаҳои дигари фарҳангӣ таъсири мустақими равонӣ дорад. Тамошобин ҳангоми дидани асари рассомӣ, пеш аз ҳама, эҳсосотро қабул мекунад ва баъдан ба дарки маънои он мерасад. Аз ҳамин лиҳоз, вақте дар як асар симои Пешвои миллат дар паҳлӯи Парчами давлатӣ, табиати зебои Тоҷикистон ва чеҳраҳои хушбахти мардум ҷойгир мешавад, дар шуури бинанда робитаи ногусастании сулҳ, ваҳдат ва ободкорӣ ташаккул меёбад. Ин яке аз қонуниятҳои муҳими психологияи санъат буда, маҳз ба ҳамин хотир чунин асарҳо дар тарбияи ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ нақши муассир доранд.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ баргузор гардидани намоишгоҳҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалии санъати тасвирӣ, озмунҳои эҷодӣ ва ҳамоишҳои рассомон барои густариши ин раванд мусоидат намуд. Дар ин чорабиниҳо мавзӯи сулҳу ваҳдат ҳамеша ҷойгоҳи махсус дошта, беҳтарин асарҳо маҳз дар ин мавзӯъ офарида шудаанд. Ин ҳолат гувоҳи он аст, ки ҷомеаи эҷодии Тоҷикистон ваҳдати миллиро ҳамчун манбаи илҳоми бадеӣ ва арзиши ҷовидонии миллӣ қабул кардааст.
Имрӯз дар шароити ҷаҳонишавӣ, бархӯрди фарҳангҳо ва густариши ҷангҳои иттилоотӣ аҳамияти чунин асарҳо боз ҳам бештар мегардад. Насли ҷавон тавассути санъат бо таърихи давлатдорӣ, арзишҳои миллӣ ва сабақҳои сулҳи тоҷикон ошно мешавад. Рассомон бо забони умумифаҳми санъат ба ҷавонон мефаҳмонанд, ки сулҳу ваҳдат неъмати худ аз худ бадастомада нест. Он маҳсули талошҳои пайгиронаи фарзандони содиқи миллат мебошад. Аз ин рӯ, ҳифз ва таҳкими ваҳдати миллӣ вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар аст.
Боиси таъкид аст, ки рушди санъати тасвирии Тоҷикистон низ бевосита бо сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат иртибот дорад. Дар даврони истиқлол ба фаъолияти муассисаҳои таълимии соҳаи санъат, осорхонаҳо, толорҳои намоишӣ ва иттиҳодияҳои эҷодӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Муҳайё гардидани чунин имкониятҳо ба рассомон шароити мусоид фароҳам овард, то онҳо бо истифода аз таҷрибаи миллӣ ва дастовардҳои санъати ҷаҳонӣ асарҳои дорои арзиши баланди бадеӣ офаранд. Дар натиҷа, мактаби муосири санъати тасвирии Тоҷикистон имрӯз ҳамчун яке аз самтҳои муҳимми фарҳанги миллӣ рушд намуда, дар муаррифии симои Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ саҳми арзанда мегузорад.

Метавон гуфт, ки мавзӯи ваҳдати миллӣ дар санъати тасвирии тоҷик ифодаи тафаккури миллӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои давлатдорист. Симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар осори рассомон ҳамчун рамзи субот, ягонагӣ, созандагӣ ва рушди устувори Тоҷикистон таҷассум ёфта, ин анъана минбаъд низ ҳамчун як самти муҳими санъати миллӣ идома хоҳад ёфт.

Хулоса, Ваҳдати миллӣ бузургтарин дастоварди халқи тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ мебошад. Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳ ва суботи ҷомеа назаррас аст. Ин воқеияти таърихӣ дар осори рассомони тоҷик ҷойгоҳи махсус пайдо намуда, тавассути забони санъат ба наслҳои фардо интиқол меёбад. Асарҳои рассомон ҳамчун воситаи муҳими тарбияи маънавӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ хизмат мекунанд.
ҶУРАХОНЗОДА Сироҷиддин Шамсулло,
Ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ
ва дизайни Тоҷикистон, номзади илмҳои меъморӣ, дотсент
Ба қафо

ШУКУҲИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ДАР ФАЗОИ СУЛҲУ ВАҲДАТ

Рубрикахо

  • Хабарҳо
  • Конференсияҳо
  • Намоишҳо
  • Чорабиниҳо
  • Корҳои эҷодӣ
  • Маркази бачагонаи рассомӣ
  • Эълон
  • Мақолаҳо
    • Мақолаҳои магистрҳо
    • Маколаҳои омӯзгорон ва кормандон
    • Мақолаҳои донишҷӯён ва магистрон
  • Табрикот

Бойгонӣ

Хабарҳои нав

  • САҲМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАҲКИМИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА АЗ НИГОҲИ РАССОМОН 26.06.2026
  • ШУКУҲИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ДАР ФАЗОИ СУЛҲУ ВАҲДАТ 23.06.2026
  • (no title) 22.06.2026
  • ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ПАДИДАИ ҲУҚУҚӢ ДАР НИЗОМИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДИ ТОҶИКИСТОН  22.06.2026
  • ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ОМИЛИ АСОСИИ РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ 22.06.2026
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

  Суроға:

кӯчаи Айни 31,
шаҳри Душанбе,
Ҷумҳурии Тоҷикистон

  Тамос:

 Тел: (+992 37) 221 72 43; 221 72 37; 227 58 77; 227 58 73
Email: design_2013@list.ru

©2013-2025 Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

  • РусскийРусский
  • EnglishEnglish
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
  • Асосӣ
  • ДОНИШКАДА
    • Маълумот дар бораи донишкада
    • Роҳбарият
    • Шӯрои олимон
      • Маълумот
      • Ҳайат
    • Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус
    • Шуъбаи умумӣ ва назорат
    • Кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ
    • Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ
  • ТАЪЛИМ
    • Шуъбаи таълим
      • Маълумот
    • Шуъбаи методӣ
      • Маълумот
      • Бахши методӣ
      • Бахши симонишинон
      • Нигористон
    • Бахши бақайдгирӣ ва машваратӣ
    • Бахши идоракунии сифати таҳсилот
    • Бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон
    • Маводи таълимии тозанашр
  • КОРҲОИ ИЛМӢ ВА ЭҶОДӢ
    • Шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия
      • Корҳои илмӣ
      • Корҳои эҷодӣ
      • Маҳфилҳои илмию эҷодӣ
    • Бахши магистратура ва аспирантура
      • Маълумот
    • Китобхона
  • ТАРБИЯ
    • Шуъбаи тарбия
    • Намоишҳо
    • Бахши ҷавонон
      • Фаъолияти бахш
    • Хобгоҳ
  • ФАКУЛТЕТҲО
    • Факултети «Дизайн»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Санъати тасвирӣ»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ»
      • Сохтор
      • Бахши такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо
      • Бахши тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ
      • Маркази бачагонаи рассомӣ
      • Курсҳои кутоҳмуддат дӯзандагӣ
  • ЧОРАБИНИҲО
    • Рисолаи хатм
  • ҶАДВАЛ
    • Ҷадвали факултети Дизайн
    • Ҷадвали факултети Санъати тасвирӣ
    • Ҷадвали факултети Т ва ТФ
  • Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

©2013-2025 Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон