Ваҳдати миллӣ яке аз бузургтарин дастовардҳои таърихии халқи тоҷик ба шумор меравад, ки на танҳо ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшид, балки барои эҳёи ҳамаҷонибаи давлат, иқтисод, илм ва фарҳанг заминаи устувор фароҳам овард. Агар ба дастовардҳои Тоҷикистон дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ назар афканем, возеҳ мегардад, яке аз самтҳое, ки бештар аз фазои сулҳу субот баҳра бардошт, маҳз фарҳанг мебошад. Имрӯз рушди фарҳанги миллӣ, эҳёи анъанаҳои мардумӣ, муаррифии мероси таърихӣ ва ҳузури фаъоли Тоҷикистон дар фазои фарҳангии ҷаҳон аз самараҳои бевоситаи ваҳдати миллӣ маҳсуб мешаванд.
Таърих собит намудааст, ки фарҳанг танҳо дар фазои оромиву субот рушд мекунад. Солҳои аввали истиқлол, ки кишвар ба буҳрони сиёсиву иҷтимоӣ рӯ ба рӯ шуда буд, бисёр муассисаҳои фарҳангӣ аз фаъолият бозмонда, имконияти баргузории чорабиниҳои бузурги фарҳангӣ маҳдуд гардида буд. Аммо, баъди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар соли 1997 барои рушди фарҳанг саҳифаи нав боз гардид. Давлат сиёсати фарҳангиро яке аз самтҳои муҳими рушди миллӣ эълон намуда, барои ҳифз ва тарғиби мероси таърихиву фарҳангӣ тадбирҳои мушаххас андешид.
Маҳз дар солҳои баъдӣ даҳҳо муассисаҳои фарҳангӣ бунёд ва азнавсозӣ шуданд. Театрҳо, китобхонаҳо, қасрҳои фарҳанг, осорхонаҳо ва марказҳои эҷодӣ ба фаъолият оғоз намуданд. Ҷашнҳои бузурги миллӣ ба мактаби тарбияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ табдил ёфтанд. Баргузории ҷашнҳои 1100-солагии Давлати Сомониён, 2700-солагии шаҳри Кӯлоб, 2500-солагии шаҳри Истаравшан, 3000-солагии шаҳри Ҳисор, 5500-солагии тамаддуни Саразм ва даҳҳо чорабиниҳои дигар арзишҳои таърихии миллатро эҳё карда, ба рушди худогоҳии миллӣ мусоидат намуданд.
Яке аз муҳимтарин самтҳои сиёсати фарҳангии Тоҷикистон дар даврони истиқлол муаррифии фарҳанги миллӣ дар хориҷи кишвар мебошад. Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар давлатҳои гуногуни ҷаҳон ба анъанаи неки дипломатияи фарҳангӣ табдил ёфтаанд. Дар ин давра чунин чорабиниҳо дар Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Туркманистон, Эрон, Фаронса ва дигар кишварҳо баргузор гардида, имконият фароҳам оварданд, ки ҷаҳониён бо таърих, санъат ва фарҳанги тоҷикон аз наздик шинос шаванд. Дар доираи чунин рӯзҳои фарҳангӣ намоишгоҳҳои ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии китобҳо, намоишҳои асарҳои рассомон, барномаҳои консертӣ, намоиши либосҳои миллӣ, маҳфилҳои адабӣ ва намоишҳои театрӣ баргузор мегарданд. Ҳунармандон, овозхонҳо, рассомон ва адибони тоҷик фарҳанги миллиро ба таври шоиста муаррифӣ намуда, симои Тоҷикистонро ҳамчун кишвари дорои тамаддуни қадима ба ҷаҳониён нишон медиҳанд.
Намоишгоҳҳои рассомии Тоҷикистон низ дар рушди фарҳанг нақши назаррас доранд. Имрӯз асарҳои рассомони тоҷик дар шаҳрҳои бузурги ҷаҳон ба намоиш гузошта мешаванд. Дар ин намоишгоҳҳо табиати зебои Тоҷикистон, суннатҳои миллӣ, зиндагии мардум, чеҳраҳои таърихӣ ва арзишҳои фарҳангӣ таҷассум меёбанд. Осори рассомони тоҷик дар бисёр маврид ба як василаи муассири шиносоии ҷаҳониён бо фарҳанги миллӣ мубаддал гардидааст.
Дар баробари ин, озмунҳои ҷумҳуриявӣ ба яке аз муҳимтарин омилҳои рушди фарҳанг ва истеъдодҳои ҷавон табдил ёфтаанд. Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» садҳо истеъдоди ҷавонро дар соҳаҳои мусиқӣ, суруд, навозандагӣ, санъати иҷрокунандагӣ, санъати тасвирӣ ва дизайн кашф намуд. Ин озмун барои бисёр ҷавонон ба мактаби камолоти ҳунарӣ мубаддал гардида, ба рушди санъати миллӣ мусоидат кард. Ҳамчунин, озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» барои эҳёи фарҳанги китобхонӣ, омӯзиши адабиёти классикӣ ва муосир, рушди ҷаҳонбинии маънавии ҷавонон нақши муассир гузошт. Ин озмун нишон дод, ки ҷомеаи тоҷик ба фарҳанги китобу маърифат рӯ овардааст ва ҷавонон метавонанд ворисони воқеии мероси адабии миллат бошанд.
Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» низ дар ташаккули фарҳанги илмӣ саҳми муҳим мегузорад. Зеро фарҳанг танҳо суруду мусиқӣ нест. Он маҷмӯи арзишҳои маънавӣ, илмӣ ва зеҳнии миллат мебошад. Аз ин нигоҳ рушди фарҳанг ва рушди илм ду раванди ба ҳам алоқаманд мебошанд. Фестивалҳои фарҳангӣ низ ба ҳаёти фарҳангии кишвар руҳи тоза бахшиданд. Фестивали байналмилалии «Сайри гули лола», фестивалҳои ҳунарҳои мардумӣ, рӯзҳои фарҳанги шаҳру ноҳия ва минтақаҳо, фестивалҳои театрӣ ва мусиқӣ ҳамасола ҳазорон нафарро ба ҳам меоранд. Ин гуна чорабиниҳо василаи муаррифии фарҳанг, омили таҳкими ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмии шаҳрвандон низ мебошанд.
Эҳёи ҳунарҳои мардумӣ низ яке аз самараҳои муҳими ваҳдати миллӣ ба шумор меравад. Имрӯз чакандӯзӣ, атласу адрасбофӣ, зардӯзӣ, кандакорӣ, кулолгарӣ, қолинбофӣ ва дигар ҳунарҳои миллӣ дубора рушд ёфтаанд. Эътирофи чакан ва баъдан мусиқии «Фалак»-у «Шашмақом» ҳамчун мероси фарҳангии башарӣ нишон медиҳад, ки фарҳанги тоҷик тавонистааст ҷойгоҳи худро дар арсаи байналмилалӣ мустаҳкам намояд.
Дар баробари ин, саҳми фарҳанг дар таҳкими ваҳдати миллӣ низ бузург аст. Суруд, театр, кино, адабиёт ва санъати тасвирӣ ҳамеша воситаи муттаҳидкунандаи ҷомеа будаанд. Асарҳои адибону ҳунармандони тоҷик дар солҳои истиқлол ғояҳои сулҳ, дӯстӣ, ваҳдат ва ватандӯстиро тарғиб намуда, барои ташаккули шуури миллӣ мусоидат карданд.
Имрӯз фарҳанги Тоҷикистон ба яке аз воситаҳои муҳими муаррифии давлат дар сатҳи байналмилалӣ табдил ёфтааст. Агар дар гузашта Тоҷикистон бештар ҳамчун кишвари кӯҳсор шинохта мешуд, имрӯз он ҳамчун сарзамини тамаддуни қадима, фарҳанги ғанӣ ва ҳунари воло низ муаррифӣ мегардад. Ин дастовардҳо маҳз дар фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ба даст омадаанд. Аз ин рӯ, метавон бо итминон гуфт, ки ваҳдати миллӣ пояи устувории давлат ва сарчашмаи рушди фарҳанг мебошад.
Ҳар як дастоварди фарҳангии Тоҷикистон самараи ҳамин неъмати бебаҳо аст. Ваҳдат ба фарҳанг имкони рушд дод, фарҳанг бошад симои Тоҷикистонро дар ҷаҳон муаррифӣ намуд. Ин ду мафҳум имрӯз чун ду рукни асосии пешрафти миллӣ дар паҳлуи ҳам қарор доранд ва барои таҳкими давлатдории миллӣ, худшиносӣ ва муаррифии шоистаи миллат дар арсаи байналмилалӣ хизмат мекунанд.
ДАВЛАТЗОДА Гулнора Шариф,
муовини ректор оид ба тарбия
ва робитаҳои байналмилалӣ
