Tuesday, March 19, 2024

Бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон

Мудири бахш:

Тел: (+992 37) 2-27-58-79

Шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон воҳиди сохтори қисми таълимӣ ба шумор рафта, барои баланд бардоштани сатҳи  донишҳои назариявии азбаркардаи маҳоратҳои эҷодии донишҷӯён дар раванди таҳсил ва ба даст овардани маҳорати расомӣ, дизайнерӣ, кулолгарӣ, кандакорӣ, ҳайкалтарошию заргарӣ ва дигар ихтисосҳои донишкада дар касби интихобкарда равона шудааст.

Шуъба фаъолияти худро тибқи «Низомнома» оид ба таҷрибаи омӯзгорӣ муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бар роҳ мондааст.

Барои расидан ба мақсад дар доираи фаъолияти худ шуъба вазифаҳои зеринро иҷро менамояд:

Ташаккули ҷаҳонбинии дурусти илмӣ ва ғоявии донишҷӯён, аз худ намудани намудҳои маъмули фаъолияти тарбияи ғоявӣ; бадастории сифатҳои касбии шахсияти мутахассисони рақобатпазири оянда дар бозори озоди меҳнат ва сифатҳои шахсии мутахассис, ки ба талаботи ҷамъият ҷавобгӯ бошанд; тарбия муҳаббат ва иззату эҳтироми донишҷӯён нисбати ихтисосҳои интихобнамудаи онҳо: ба роҳ мондани фаъолияти амалии донишҷӯён, ташаккули маҳорату малакаҳои касбӣ, ки асоси ташкили хуби корҳои таълимӣ – тарбиявӣ ба ҳисоб мераванд, аз бар намудани усулҳои таълиму тарбия; дар амал ба роҳ мондан ва мустаҳкам намудани алоқаи фанҳои назариявӣ ва тахассусӣ, ки донишҷӯён ҳангоми омӯзиши фанҳои ҷамъиятӣ, тахассусӣ ва равоншиносиву омӯзгорӣ аз худ намудаанд; шиносоии донишҷӯён бо ҳолати корҳои таълимӣ – тарбиявӣ дар муассисаҳои таълимиву тарбиявӣ ва раҳнамоии донишҷӯён дар ҳаллу фасли масъалҳои таълимиву тарбиявӣ; коркарди муносибати эҷодӣ ва тадқиқотӣ нисбат ба фаъолияти касбӣ, аз худ намудани малакаҳои таҳлилӣ, натиҷаҳои кори худ, ба роҳ мондани талабот ба худомӯзӣ.