Tuesday, March 19, 2024

Сохтор

Факултети  “Дизайн” 

Факултет аз рӯзҳои аввали таъсисёбии Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, яъне аз моҳи марти соли 2013  ба фаъолият оғоз намудааст. Ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони факултет дар пешрафти корҳои таълимию тарбиявӣ, методӣ, илмию эҷодӣ ва тайёр намудани мутахассисони баландпоя дар соҳаи дизайн саҳми арзанда доранд. Дар давоми фаъолият донишҷӯёни факултет бо корҳои эҷодии худ дар намоишҳои сатҳи ноҳиявӣ, шаҳрӣ, ҷумҳуриявӣ ва хориҷи кишвар фаъолона ширкат меварзанд.

Факултет дар самтҳои: дизайни кастюм ва газвор, дизайни дохили бино, меъмори манзаравӣ, дизайни робитавӣ дар соҳаи истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ, WEB-дизайн ва графикаи компютерӣ мутахассис омода месозад ва барои ин ҳамаи шароитҳои мусоид фароҳам оварда шудааст.  Аз ҷумла, ду синфхонаи таълимии муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти  навтарини дӯзандагӣ, як устохонаи тарғиботӣ бо лавозимоти техникӣ ва се синфхонаи барҳавои муҷаҳҳаз бо компютер (№101, №106, ва №214) . Дар маҷмӯъ факултет дорои 35 адад компютер бо тамоми таҳҷизоти лозимӣ  буда, ҷиҳати пешбурди фаъолияти таълимию методӣ ба омӯзгорону донишҷӯён хизмат мерасонад. Ба ҷузъ аз ин, дар факултет 5 адад видеопроектор ва 5 тахтаи  электронӣ мавриди истифода қарор доранд.

Барои таълиму тарбияи донишҷӯён ва иҷрои корҳои таълимӣ  ва эҷодӣ дар факултет 50 нафар устодони ботаҷриба ва омӯзгорони ҷавон  фаъолият доранд, ки  20  нафари онҳоро  занҳо ташкил медиҳанд. Дар ҳайати омӯзгорон 2 нафар доктори илмҳои меъморӣ, профессор, 5 нафар номзади илм, дотсент, 1 нафар и.в. дотсент, 9  нафар муаллими калон, 12 нафар муаллим ва 21 нафар ассистентанд.

Нишондодҳои омории факултет дар соли таҳсили  2019-2020

Мувофиқи маълумотҳои расмӣ то 01.09.2019 дар факултети “Дизайн” бо назардошти тамоми ихтисосҳои амалкунанда  шумораи умумии донишҷӯён (контингент) дар маҷмӯъ  540 нафар,  аз ин  296 нафар духтар ва 244 нафарро писарон ташкил медиҳанд.

           Дар зерсохтори факултети кафедраҳои зерин  фаъолият менамоянд:

  1. Кафедраи тарҳрезии бадеӣ (мудири кафедра, Сотникова М.И.)
  2. Кафедраи дизайн ва меъморӣ (мудири кафедра, Суюнов Эркин Собирович.)
  3. Кафедраи технологияи иттилоотӣ ва иқтисод (мудири кафедра, Эшонқулов Алишер Алигулович)

Дар факултет  донишҷӯён аз рӯйи ихтисосҳои зерин таълиму тарбия гирифта, соҳиби касбу ҳунар мегарданд:

  1. 1 – 19010105 – Дизайн (костюм ва газвор)
  2. 1–1901010504 – Дизайни маҳсулоти бофандагӣ
  3. 1–26020103 – Дизайни робитавӣ дар соҳаи истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ
  4. 1–31030408 – WEB -дизайн ва графикаи компютерӣ
  5. 1–1901010202 – Дизайни дохили бино (интерйер)
  6. 1–69010106 – Меъмори манзаравӣ
  7. 1–19010103 –Дизайн (графикӣ)
  8. 1–1901010402 – Реклама (дизайни реклама)
  9. 1-1901010103 — Дизайни мебел

Муҳлати таҳсил дар факултети “Дизайн” тибқи низоми кредитӣ (зинаи бакалавр) чор  сол буда, барои амалигардонии вазифаҳои тайёр намудани мутахассисони касбҳои пешқадам  ва замонавӣ садорати факултет тамоми чораҳоро роҳандозӣ менамояд. Вазифаи декани факултетро Усмонов С. ба ӯҳда дорад.