ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ЗАМИНАИ ТАҲКИМИ МАҚОМИ ЗАН ДАР ҶОМЕА
Ваҳдати миллӣ яке аз бузургтарин дастовардҳои таърихии халқи тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ мебошад, ки на танҳо сулҳу суботро дар кишвар таъмин намуд, балки барои рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла баланд бардоштани мақоми занон, заминаи воқеӣ фароҳам овард. Дар шароити нооромиҳои ибтидои солҳои истиқлолият иштироки занон дар ҳаёти иҷтимоиву сиёсӣ маҳдуд гардида буд. Аммо, бо фарорасии сулҳу ваҳдат вазъ ба куллӣ тағйир ёфт ва занон тадриҷан ба неруи фаъолу созандаи ҷомеа табдил ёфтанд.
Бо ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ҷомеаи Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушд ворид гардид. Маҳз дар ҳамин фазои оромӣ давлат тавонист сиёсати иҷтимоии худро густариш диҳад, ки яке аз самтҳои муҳими он дастгирии занон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа ба ҳисоб меравад. Дар натиҷа, занон ба соҳаҳои маориф, тандурустӣ, илм, фарҳанг ва идоракунии давлатӣ бештар ҷалб гардиданд.
Яке аз дастовардҳои муҳим афзоиши шумораи занони маълумотдор ва соҳибкасб мебошад. Ваҳдати миллӣ имконият фароҳам овард, ки духтарон бидуни маҳдудият таҳсил намуда, ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дохил шаванд ва ҳамчун мутахассисони варзида ба ҷомеа баргарданд. Имрӯз ҳазорҳо занони тоҷик дар вазифаҳои роҳбарикунанда, омӯзгорӣ, тиббӣ ва муҳандисӣ фаъолият доранд, ки ин натиҷаи бевоситаи фазои сулҳу субот мебошад. Дар баробари ин, сиёсати давлатӣ дар самти дастгирии занон пайваста тақвият ёфт. Қабули барномаҳои давлатӣ оид ба баланд бардоштани мақоми занон, фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ ва ҷалби онҳо ба раванди қабули қарорҳо нишонаи таваҷҷуҳи хосса ба ин қишри ҷомеа мебошад. Занон имрӯз на танҳо дар оила, балки дар рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар нақши муассир доранд.
Ваҳдати миллӣ ба тағйири тафаккури ҷомеа нисбат ба занон мусоидат намуд. Агар дар гузашта баъзе маҳдудиятҳои анъанавӣ ҷой доштанд, имрӯз дар ҷомеа дарк шудааст, ки рушди давлат бидуни иштироки фаъолонаи занон имконнопазир аст. Зан модар, омӯзгор ва тарбиятгар буда, дар ташаккули насли солиму ватандӯст нақши калидӣ дорад.
Имрӯз Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари сулҳпарвару ташаббускор шинохта шудааст ва дар ин муаррифӣ саҳми занони фаъол низ назаррас мебошад. Занони тоҷик дар форумҳо ва созмонҳои байналмилалӣ кишвари худро муаррифӣ намуда, таҷрибаи сулҳофарӣ ва ваҳдатсозии тоҷиконро тарғиб мекунанд. Маҳз ваҳдати миллӣ барои болоравии мақоми зан дар ҷомеа заминаи асосӣ гардид. Сулҳу субот имкон дод, ки занон аз муҳити маҳдуд берун омада, ҳамчун неруи созанда дар рушди кишвар саҳмгузор шаванд. Имрӯз ҳар қадами рушди Тоҷикистон ва ҳар пешрафти иҷтимоиву иқтисодӣ бидуни иштироки занон тасаввурнопазир аст.
Бояд таъкид кард, ки таҳкими ваҳдати миллӣ ба болоравии мақоми зан дар сатҳи тағйири тафаккури ҷомеа низ таъсири амиқ гузошт. Дар натиҷаи сиёсати хирадмандона ва инсонмеҳваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, муносибат ба зан ҳамчун шахсияти созанда ва бунёдкор боз ҳам таҳким ёфт. Бо шарофати сулҳу субот имкониятҳои воқеӣ барои иштироки занон дар идоракунии давлатӣ ва бахшҳои гуногуни иқтисодиёт фароҳам гардид. Занон тадриҷан аз доираи маҳдуди иҷтимоӣ берун баромада, ҳамчун қувваи таъсиргузор шинохта шуданд. Ин раванд далели равшани он аст, ки ваҳдати миллӣ барои рушди баробарии иҷтимоӣ заминаи устувор гузоштааст.
Пешвои миллат борҳо таъкид намудаанд, ки зан – модар тарбиятгари насл ва поягузори ахлоқи ҷомеа мебошад. Аз ин рӯ, дастгирии таҳсили духтарон ва фароҳам овардани шароити мусоид яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ба шумор меравад. Ваҳдати миллӣ фарҳанги эҳтиром ба зан ва модарро дар ҷомеа боз ҳам қавитар намуд. Имрӯз дар ҷомеа дарки амиқ ташаккул ёфтааст, ки бе иштироки фаъолонаи занон рушди устувори давлат ғайриимкон аст.
Метавон гуфт, ки ваҳдати миллӣ ҳамчун заминаи асосии рушди давлатдорӣ барои болоравии мақоми зан дар ҷомеа нақши ҳалкунанда бозид. Дар натиҷаи сулҳу субот ва сиёсати хирадмандона, занон ба неруи муҳимми пешбарандаи ҷомеа табдил ёфтанд ва имрӯз дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзанда мегузоранд.
Зарнигор САФАРОВА,
муовини декан оид ба тарбия
ва корҳои эҷодии факултети санъати тасвирӣ
