Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи довталабон мерасонад, ки имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорат барои довталабони соли таҳсили 2026–2027 аз 1 то 8 июл баргузор мегарданд.
Қабули имтиҳонҳо ҳамарӯза аз соати 08:00 то 13:00 дар бинои асосии Донишкада сурат мегирад.
Аз ҳамаи довталабон эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки мувофиқи ҷадвали муқарраршуда сари вақт ба муассиса ҳозир шуда, ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва лавозимоти барои иҷрои корҳои эҷодӣ лозимиро ҳамроҳ дошта бошанд.
Суроға: шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнӣ, 31 (рӯбарӯи Маркази савдои “Садбарг”)
Телефон барои маълумот: (+992) 77 077 40 40
Сомона: www.ddstdt.tj
Комиссияи қабули Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон
