Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Тавоно бувад ҳар кӣ доно бувад…» бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён дорад.
Чорабинии мазкур рӯзҳои 7–8 майи соли 2026 баргузор гардида, дар он донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар иштирок ва байни ҳам сабқат менамоянд. Аз ҷумла, дар олимпиада аз Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон низ 5 нафар донишҷӯён иштирок доранд.
Бино ба иттилои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, имсол дар Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар 490 нафар донишҷӯён иштирок доранд. Олимпиада бо мақсади дарёфти донишҷӯёни болаёқат, рушди ҷаҳонбинӣ ва тафаккури илмии ҷавонон, инчунин муайян намудани сатҳу сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ баргузор карда мешавад.
Иштироки донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар чунин сабқати муҳим бори дигар собит месозад, ки дар муассиса дар баробари омӯзиши фанҳои тахассуси ба фанҳои ҷомеашиносӣ-гуманитарӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ аҳамияти махсус зоҳир мегардад. Ҳузури донишҷӯёни соҳаи санъат дар чунин чорабиниҳои илмӣ бозгӯи сатҳу сифати таълим, ҷаҳонбинии васеъ ва омодагии ҳамаҷонибаи донишҷӯёни Донишкада мебошад.
Қайд бояд кард, ки чунин озмунҳои илмӣ барои таҳкими дониш, баланд бардоштани рақобатпазирии донишҷӯён ва омода намудани мутахассисони соҳибмаърифат мусоидат менамоянд. Баргузории олимпиада имконияти хубест барои табодули таҷриба ва таҳкими ҳамкориҳои илмӣ миёни донишҷӯёну омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат.
