Tuesday, March 19, 2024

Маълумот

 

 

Сардори шуъбаи Методӣ

Рахимова Елена Базарбаевна

Тел:(+372) 217237

Шуъбаи методӣ зерсохтори таълимии Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ба шумор рафта, фаъолияти худро дар асоси Оинномаи донишкада, Низомномаи шуъба ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мемонад. Шуъбаро сардор роҳбарӣ менамояд, ки ӯ аз ҷониби ректор ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод карда мешавад.

Вазифаҳои асосии шуъба аз инҳо иборат аст:

  • ташкили ганҷинаи натюмортҳо ба воситаи харидорӣ намудани ашёҳое, ки натюмортро ташкил медиҳанд;

  • ташаккули фонди методӣ бо роҳи аз намоишҳо интихоб карда гирифтани корҳои беҳтарини бадеӣ ва ороишии донишҷӯён барои истифодаи минбаъдаи онҳо ҳамчун воситаи таълимию методӣ;

  • интихоб ва ташаккули воҳидҳои симонишин (зан ва мард) дар асоси дархости кафедраҳо, тибқи нақшаи таълимии солона;

  • таъмини бефосилаи раванди таълим дар асоси дархости кафедраҳо ҷиҳати таъмини онҳо бо ашёи ганҷинаи расмҳои симонишинон, фонди методӣ ва нафарони чун симо истифодашаванда (зан ва мард);

  • ташкил ва гузаронидани намоишҳои гурӯҳӣ, фардӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, ки аз тарафи омӯзгорон, донишҷӯён ва магистрони донишкада мустақилона ва ё дар якҷоягӣ бо дигар муассисаҳои дохилӣ ва ё хориҷӣ омода карда шудааст;

  • татбиқи таҷҳизоти муосири намоишгоҳҳо ва технологияи муосири ороишӣ дар намоишҳои доимӣ ва муваққатӣ.

  • ҳамкорӣ бо ташкилоту муассисаҳо, иттиҳодияҳои эҷодӣ, ташкилотҳои манфиатдор дар кори ташкили намоишҳо;

  • иштирок дар таъмини таблиғот (реклама) дар кори ташкил ва гузаронидани намоишҳо.

  • ба амал баровардани фаъолияти сайёҳӣ, маданӣ-равшаннамоӣ ва таълимӣ.

Сохтори шуъба иборат аст, аз:

  • бахши методӣ

  • бахши симонишинон

нигористон;

  • устохонаи багетсозӣ.