Tuesday, March 19, 2024

Сохтор

 

 

МЕҲРИДИНИ АБДУСАИД

декани факултет

E-mail:
Телефон: (+992 37) 221-72-60

 

 

 

муовини декан оид ба тарбия ва илм

 

 

муовини декан оид ба таълим

 

Факултети санъати тасвирӣ яке аз базаҳои  асосии тайер намудани мутахассисони соҳаи рассомӣ дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Факултет дорои кафедраҳои асосии  пешбарандаи донишкада ба монанди Мусаввирӣ ва ҳайкалтарошӣ,  Графика, Санъатшиноси,  ва Санъати ороишию амалӣ ва монументалӣ мебошад.

Бо мақсади тайёр намудани кадрҳои  баландихтисос факултет омўзгорони собиқадор, устодони варзидаи санъати тасвирии ҷумҳурӣ, аз ҷумла Рассоми халқии Тоҷикистон, дорандаи мукофоти давлатии ба номи А. Рўдакӣ, профессор – Сангов Исуфҷон, собиқ раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон Хоҷаев Фарух, Арбоби ҳунари Тоҷикистон Миршакаров Акмал, Арбоби ҳунари Тоҷикистон Холов Мизробшо, Арбоби ҳунари Тоҷикистон Сайфуддинов Анваршо, Сафаров Раҳим, Нарзибеков Носирбек, Наҷмиддинов Карим, Рақибов Маҳмадкарим, Мардихудоева Умеда, Забиров Беҳрўз, Рузибоев Равшан, ва  инчунин устодони ҷавон, хатмкунандагони факултети санъати тасвирӣ Боймуродов Беҳзод, Искандаров Ҳасан, Меҳриддини Абдусаид, Бойматова Муноҷот, Каримова Меҳрибон, Боронова Саодат, Абдулазизов Давлат, Рустамов Абдурашид донишҷуён дарс медиҳанд.

Айни замон дар факултет 349 донишҷӯй таҳсил доранд, ки аз онҳо:

214–духтар, 135-писар мебошад. Бо шакли таҳсили шартномавӣ 184 нафар ва 157 ройгон мебошанд, ки 8 нафар тибқи квотаи Президентӣ таҳсил карда истодаанд.

Дар факултет мунтазам намоиши корҳои эҷодии омузгорон ва донишҷӯён ташкил карда мешавад.

Дар факултети санъати тасвирӣ донишҷўён аз рӯи ихтисосҳо, донишчӯён таҳсил мекунанд.

1.Кафедраи Мусаввирии ва ҳайкалтарошӣ.

  1. Мусаввирии дастгоҳӣ,
  2. Ҳайкалтарошӣ,
  3. Манзаранависии театрӣ-ороишӣ
  4. Санъати муҷассамавӣ-ороишӣ (рассоми монументалӣ)
  5. Кафедраи Графика.
  6. Графикаи дастгоҳӣ,
  7. Санъати тасвирӣ ва нақшакашӣ. Технология,
  8. Санъати тасвирӣ. Ҳунарҳои халқии бадеӣ.
  9. Ороиш ва расмҳои китоб.
  10. Кафедраи Санъатшиносӣ.
  11. Санъатшиносӣ.
  12. Кафедраи Санъати ороишию амалӣ ва монументалӣ.
  13. Санъати ороишӣ “Заргарӣ”
  14. Наққошӣ “наққош рассом”
  15. Коркарди бадеии чӯб “Кандакор”
  16. Бофандагии бадеӣ. Моделиронии костюм
  17. Сафоли бадеӣ