Thursday, October 8, 2026

Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус

Шӯъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҷузъи таркибии донишкада буда, дар асоси Оинномаи донишкада, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи шуъба ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амал намуда, дар фаъолияти кори хеш меъёрҳои амалкунандаи ҳуқуқӣ ва фармоишҳои ректори донишкадаро ба роҳбарӣ мегирад. Вобаста ба шумораи кормандон ва ҳаҷми кор дар назди шӯъба бахшҳои ҷудогона ташкил мешавад.

Шуъбаи мазкур ҳамчун воҳиди мустақил соли 2013 таъсис ёфта, чунин вазифаҳоро иҷро менамояд:

  • интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои маъмурӣ – идоракунӣ, илмӣ, педагогӣ, муҳандисӣ, техникӣ, ҳайати ёрирасону хизматрасони таълимӣ ва хоҷагидорӣ;
  • ёрӣ расонидан ба раёсат дар мустаҳкам намудани интизоми истеҳсолӣ–меҳнатӣ ва риояи қонунгузории меҳнат;
  • ба расмият даровардани (қабул, ҷойивазкунӣ ва хориҷ намудани кормандон) фармоишҳои ректор, инчунин омода ва пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои кормандон ба вазифаҳое, ки дар ваколати муассис қарор доранд ва аз тарафи он тасдиқ мешаванд;
  • ба низом даровардани парвандаҳои шахсии омӯзгорон, кормандони маъмурӣ, шахсони ёрирасони корҳои таълимӣ ва хоҷагидорӣ;
  • омода намудани ҳисоби омории ҳайати кадрии донишкада ва такмили ихтисоси онҳо;
  • дар ҳамкорӣ бо бахши таҷрибаомӯзӣ гузаронидани тақсимоти мутахассисони ҷавон, тайёр намудан ва ба онҳо додани ҳуҷҷатҳои хатми муассиса;
  • иштирок дар кори комиссияи аттестатсионӣ;
  • тайёр намудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои кормандоне, ки ба сафари хизматӣ фиристода мешаванд;
  • омода сохтани парвандаҳои шахсии кормандон ва маълумотномаҳои зарурӣ дар бораи онҳо;
  • омода ва пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои кормандони муассисаи таҳсилоти олии касбӣ барои сарфароз гардонидан бо мукофотҳои соҳавӣ ва давлатӣ ва дигар вазифаҳо.

Тӯли ин солҳо роҳбарии шуъбаро шахсони зерин ба уҳда доштанд:

  1. Муродов Исмоил Валиевич аз соли 2013 то соли 2015;
  2. Давлатзода Гулнора Шариф аз соли 2015 то соли 2022;
  3. Сайдализода Орзуҷон Илҳом аз 01.02.2022 то 2026.
  4. Амирхонов Қурбоналӣ Ҳабибуллоевич аз соли 2026 инҷониб.

Шуъбаро сардор роҳбарӣ намуда, ӯ аз ҷониби ректор ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод карда мешавад.

 

Амирхонов Қурбоналӣ Ҳабибуллоевич

сардори Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус

Тел: 2275877