Tuesday, March 19, 2024

Хобгоҳ

НАЗОРАТИ ТАЪМИРИ КАПИТАЛИИ ХОБГОҲИ ДОНИШКАДА

18.01.2019. Аз тарафи Дирексияи  сохтмонии иншоотии ҳукуматии  Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон рафти иҷрои корҳои таъмиру сохтмонӣ дида баромада шуд.

Хобгоҳи Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

Бо фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 09 августи соли 2014, таҳти №80-ф, бинои хобгоҳи Кумитаи сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар кӯчаи Фирдавсӣ-28 ба тавозуни донишкада гузаронида шуда, барои фароҳам овардани шароити зисти донишҷўён, Дирексияи сохтмонии иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмири капиталӣ ва азнавсозӣ  гузаронида истодааст.

Ифтитоҳи як қисмати бинои хобгоҳи донишкада, воқеъ дар кӯчаи Фирдавсӣ–28 баъди қисман анҷом додани таъмири капиталӣ ва азнавсозӣ.