25-уми ноябри соли 2026 дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Сиёсати давлатӣ ва таҳкими ҳуввияти миллӣ дар шароити рақамикунонӣ: дурнамо ва тамоюлҳои рушди санъат, дизайн, илмҳои гуманитарӣ, технология ва иқтисод» баргузор гардид.
Конференсия бо иштироки роҳбарият ва намояндагони муассисаҳои илмӣ, олимону муҳаққиқон, омӯзгорон, мутахассисони соҳаҳои санъат, дизайн, технология, иқтисод ва илмҳои гуманитарӣ ва донишҷӯён доир гардида, ба баррасии масъалаҳои муҳими рушди ҷомеаи муосир, ҳифзи арзишҳои миллӣ, истифодаи имкониятҳои рақамикунонӣ ва таҳкими ҳуввияти миллӣ дар шароити тағйироти босуръати ҷаҳонӣ бахшида шуда, ҳадафи он фароҳам овардани фазои илмӣ барои мубодилаи афкор, таҳлили равандҳои муосири рушди соҳаҳои гуногун, муайян намудани имкониятҳои истифодаи технологияҳои рақамӣ дар фаъолияти илмӣ, таълимӣ ва эҷодӣ, инчунин баррасии роҳҳои ҳифзу тарғиби мероси фарҳангии миллӣ дар замони муосир арзёбӣ гардид.
Дар маросими ифтитоҳи конференсия ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, номзади меъморӣ, дотсент Ҷӯрахонзода Сироҷиддин Шамсулло суханронӣ намуда, аҳамияти баргузории чунин ҳамоишҳои илмиро дар шароити рушди босуръати технологияҳои муосир ва тағйирёбии муҳити фарҳангиву иҷтимоӣ таъкид кард. Зимни суханронӣ зикр гардид, ки Истиқлоли давлатӣ барои рушди соҳаҳои илм, фарҳанг, санъат ва таҳсилоти касбӣ имкониятҳои васеъ фароҳам оварда, дар ин давра ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, эҳёи анъанаҳои миллӣ ва ташаккули муҳити созандаи эҷодӣ ба самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ табдил ёфтаанд. Дар ин замина, нақши муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, марказҳои илмӣ ва муҳаққиқон дар омӯзишу таҳқиқи арзишҳои миллӣ, тарбияи мутахассисони соҳибкасб ва ташаккули ҷаҳонбинии илмии ҷавонон муҳим арзёбӣ гардид.
Ректор иброз дошт, ки рақамикунонӣ имрӯз ба тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа таъсир расонида, барои рушди санъат, дизайн, меъморӣ, илмҳои гуманитарӣ ва иқтисод имкониятҳои нави эҷод ва таҳқиқро фароҳам меорад. Дар баробари ин, истифодаи технологияҳои рақамӣ бояд бо ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ, эҳтиром ба мероси миллӣ ва таҳкими худшиносии шаҳрвандон ҳамоҳанг бошад. Ба таъкиди ӯ, чунин конференсияҳо барои муайян намудани самтҳои афзалиятноки таҳқиқот, густариши ҳамкориҳои илмӣ ва ҷорӣ намудани натиҷаҳои таҳқиқот дар раванди таълиму тарбия заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Сипас, Муминзода Некрӯз Абдуманон, сармутахассиси Раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, суханронӣ намуда, аҳамияти рушди илм, инноватсия ва рақамикунониро дар низоми таҳсилоти олии касбӣ ва пешрафти иҷтимоию иқтисодии мамлакат таъкид кард. Гуфта шуд, ки дар шароити муосир рушди устувори ҷомеа аз сатҳи дониш, иқтидори илмӣ, истифодаи самараноки технологияҳои нав ва омодагии мутахассисон ба талаботи бозори меҳнат вобастагии зиёд дорад. Аз ин рӯ, тақвияти фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ, дастгирии ташаббусҳои инноватсионӣ, ҷалби ҷавонон ба корҳои илмӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои татбиқи натиҷаҳои таҳқиқот аз ҷумлаи вазифаҳои муҳим ба шумор меравад.
Дар идома, Шарифзода Абдувалӣ Қурбоналӣ, мудири шуъбаи таърих, илм ва техникаи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дар мавзӯи «Мазмун ва вижагиҳои эпиграфию бадеии китобҳои куфии мақбараи Муҳаммад Башоро» маърӯза намуда, ба аҳамияти омӯзиши осори хаттотӣ ва ороишии ёдгориҳои таърихӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, нақши навиштаҷоти куфӣ ва унсурҳои бадеиро дар шинохти арзишҳои меъморию фарҳангии мақбараи Муҳаммад Башоро шарҳ дод. Таъкид гардид, ки омӯзиши чунин ёдгориҳо барои муайян намудани хусусиятҳои рушди хаттотӣ, санъати ороишӣ ва меъмории миллӣ аҳамияти калони илмӣ дорад. Ҳамзамон, таҳқиқи ҳамаҷонибаи осори таърихӣ метавонад дар ҳифз, барқарорсозӣ ва муаррифии мероси фарҳангии Тоҷикистон дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ саҳми назаррас гузорад.
Инчунин, Шовалиева Мумина Сайдалиевна, ходими пешбари илмии Шуъбаи мардумшиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дар мавзӯи «Рушди мардумшиносии Тоҷикистон дар солҳои истиқлолият» маърӯза пешниҳод намуд. Дар маърӯза марҳилаҳои рушди мардумшиносии тоҷик дар давраи соҳибистиқлолӣ, дастовардҳои таҳқиқотӣ ва аҳамияти омӯзиши расму оин, анъанаҳои мардумӣ, тарзи зиндагӣ ва арзишҳои фарҳангии ҷомеа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Зикр гардид, ки мардумшиносӣ дар омӯзиши ҳуввияти миллӣ, шинохти хусусиятҳои фарҳангии халқ ва ҳифзи мероси ғайримоддӣ нақши муҳим дорад. Таҳқиқи суннатҳои мардумӣ ва пайванди онҳо бо равандҳои иҷтимоии замони муосир барои таҳкими худшиносии миллӣ ва интиқоли арзишҳои фарҳангӣ ба наслҳои оянда заминаи муҳим фароҳам меорад.
Ҳамзамон, мудири кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарии Донишкада Усмонов Субҳон дар мавзӯи «Аҳамияти эълон гардидани солҳои 2025–2030 ҳамчун “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия”» маърӯза намуд. Маърӯзачӣ ба аҳамияти рушди иқтисоди рақамӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ ва истифодаи самараноки имкониятҳои рақамӣ дар фаъолияти муассисаҳои таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолӣ таваҷҷуҳ зоҳир кард. Таъкид гардид, ки иқтисоди рақамӣ барои баланд бардоштани самаранокии фаъолияти иқтисодӣ, ташаккули муҳити рақобатпазир, рушди соҳибкорӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ имкониятҳои васеъ ба вуҷуд меорад.
Пас аз анҷоми қисми пленарӣ, кори конференсия дар 4 бахши алоҳида идома ёфт. Иштирокчиён дар доираи бахшҳо масъалаҳои гуногуни илмӣ, назариявӣ ва амалии марбут ба рушди соҳаҳои санъат, дизайн, таърих, технология, иқтисод ва илмҳои гуманитариро баррасӣ намуданд.
Дар бахши «Таърих, санъатшиносӣ ва ҳунарҳои мардумӣ: ҳифз ва рушди мероси фарҳангии миллӣ» масъалаҳои омӯзиш, ҳифз ва муаррифии мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистон, таҳқиқи ёдгориҳои меъморӣ, санъати тасвирӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва анъанаҳои бадеӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Иштирокчиён ба аҳамияти истифодаи усулҳои муосири таҳқиқотӣ дар омӯзиши осори таърихӣ ва зарурати пайвастани анъанаҳои миллӣ бо равандҳои нави рушди санъат таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Дар бахши «Технологияҳои иттилоотӣ, рақамикунонӣ ва рушди иқтисоди миллӣ» масъалаҳои рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, рақамикунонии равандҳои истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ, истифодаи технологияҳои инноватсионӣ дар фаъолияти иқтисодӣ ва имкониятҳои иқтисоди рақамӣ баррасӣ шуданд. Таъкид гардид, ки рақамикунонӣ яке аз омилҳои муҳими баланд бардоштани самаранокии фаъолияти муассисаҳо ва ташаккули иқтисоди ба дониш асосёфта мебошад.
Дар қисмати «Илмҳои гуманитарӣ, забон ва таҳкими худшиносию ҳувияти миллӣ» масъалаҳои рушди илмҳои гуманитарӣ, омӯзиши забон, фарҳанг, таърих ва арзишҳои миллӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Иштирокчиён нақши забон ва фарҳангро дар ташаккули худшиносии миллӣ, ҳифзи хотираи таърихӣ ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ таъкид намуданд.
Дар бахши «Дизайн, меъморӣ ва технологияҳои муосири эҷодӣ: анъана ва навоварӣ» масъалаҳои рушди дизайн ва меъморӣ, истифодаи технологияҳои рақамӣ дар раванди тарроҳӣ, муносибати анъанаҳои миллӣ бо навовариҳои эҷодӣ ва имкониятҳои технологияҳои муосир дар таҳияи маҳсулоти бадеӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Баррасии мавзӯъҳо нишон дод, ки ҳамоҳангсозии таҷрибаи миллӣ бо дастовардҳои технологияҳои муосир метавонад ба рушди муҳити эҷодӣ, баланд бардоштани сифати маҳсулоти дизайнӣ ва густариши имкониятҳои касбии мутахассисон мусоидат намояд.
Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар Донишкада ба мубодилаи таҷрибаи илмӣ, баррасии масъалаҳои мубрами рушди соҳаҳои гуногун ва муайян намудани самтҳои минбаъдаи таҳқиқот мусоидат намуд. Мавзӯъҳои пешниҳодшуда аҳамияти ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти олӣ, марказҳои илмӣ ва мутахассисони соҳаҳои санъат, технология ва илмҳои гуманитариро дар шароити рақамикунонӣ инъикос карданд. Баргузории чунин ҳамоишҳо барои таҳкими худшиносии миллӣ, ҳифзи мероси фарҳангӣ, рушди иқтидори илмӣ ва эҷодӣ, инчунин тарбияи мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир аҳамияти муҳим дорад. Конференсия бори дигар зарурати пайвастани донишҳои илмӣ, арзишҳои миллӣ ва технологияҳои навро дар роҳи рушди устувори ҷомеа таъкид намуд.