Tuesday, March 19, 2024

Маркази бачагонаи рассомӣ

Маркази бачагонаи рассомии Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Дар бораи таҳсилоти иловагӣ», Таҳсил дар Маркази бачагонаи рассомӣ (минбаъд – марказ) ҷузъи таркибии низоми таҳсилот дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон буда, мақсади он инкишофи қобилияти зеҳнию эҷодӣ ва истеъдоди  шунавандагон, қонеъ гардонидани рағбат, эҳтиёҷоти маънавӣ ва талаботи онҳо ба интихоб ва гирифтани касби рассомӣ ҳангоми фориғ будан аз таълим дар муассисаҳои таълимӣ мебошад. Дар он ҷо гирифтани таҳсилоти иловагӣ ба принсипҳои интихоби ихтиёрии намудҳои фаъолият асос ёфта, бо розигии падару модар ё шахсони онҳоро ивазкунанда, коллективҳои меҳнатӣ, ташкилотҳо ва фондҳои ҷамъиятӣ амалӣ гардонида мешавад. Марказ ба шакли таълими рӯзона хоҳишмандонро барои омӯхтани касби рассомӣ тариқи шартномавӣ таълим медиҳад.

Ба марказ хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (баъд аз вақти дарсӣ) ва инчунин шаҳрвандоне, ки хоҳиши омӯхтани касби рассомиро доранд, қабул карда мешаванд.Огози дарс аз соати 9  то 11  ва соати  14 то 16

Шахсони ба марказ қабулшаванда ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамоянд:

  • ариза ба номи ректор;

  • нусхаи шаҳодатнома ва нусхаи шиносномаи яке аз волидайн;

  • ду дона сурати 3х4;

  • расид оид ба пардохти ҳаққи таҳсил; 202 маркази бачагона 261 курси тайери Маблағи таҳсил дар курсҳои омӯзишӣ бо пешниҳоди Раёсати донишкада ва Кумитаи зиддииҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба хароҷити воқеии хизматрасонӣ бо назардошти сатҳи таваррум мӯайян карда мешавад.

. Дар сурати бе сабабҳои узрнок (давомоти нокифоя (зиёда аз 24 соат), мунтазам ба дарсҳо бе тайёрӣ омадан, вайрон кардани низоми таълим) тарки таҳсил намудан ва дигар ҳолатҳои муқаррар намудаи санадҳои дохилӣ шунаванда аз марказ хориҷ карда мешавад. Дар ин ҳолат хориҷ гардидани шунаванда маблағи супоридааш баргардонида намешавад.

Муҳлати таҳсил дар курсҳои рассомии тобистона 3 моҳ ва дигар курсҳо 1 сол ва 4 сола мебошанд. Таълим дар марказ вобаста ба хоҳиш ва сатҳи забондонии шунаванда ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ гузаронида мешавад.

Соли таҳсил дар курсҳои тайёрии марказ аз 15 сентябр то 1 июн идома меёбад. Дар вақти дарсҳо мутобиқи нақша-чорабиниҳо мумкин аст барои шунавандагон машғулият дар боғҳо, майдончаҳо, кӯчаю хиёбонҳои шаҳр ва дигар ҷойҳои тамошобоб барои баланд бардоштани завҷи эҷодии онҳо дарсҳо баргузор карда шавад.

Ба шунавандагон рӯзе то 2- соат машғулият гузаронида мешаванд. Замон, макон ва басти таҳсил дар мувофиқа бо маркази таълим муайян карда мешавад.

Ба шунавандагоне, ки курси 3 моҳаро пурра тамом кардаанд сертификат, ба шунавандагоне, ки курси 1 соларо пурра тамом кардаанд, баъди супоридани санҷишҳои тахассусӣ диплом ва ба шунавандагоне, ки курси 4 соларо пурра тамом кардаанд, баъди гузаштан аз аттестатсияи хатм шаҳодатнома ва замимаи баҳоҳо бо хатми курси пурраи рассомӣ дода мешавад. Соле ду маротиба дар марказ комиссияи дидабароӣ (просмотр) ташкил карда мешавад, ки дар раванди он корҳои беҳтарин бо мақсади ташкил намудани намоишҳо гирифта мешаванд.

Марказ намоишҳои корҳои эҷодии шунавандагон ва дигар чорабиниҳои оммавиро ташкил ва баргузор намуда, барои меҳнати муштарак, истироҳат, муоширати шунавандагон ва падару модарони онҳо шароити зарурӣ фароҳам меоваранд.