Friday, November 8, 2024

Кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ

Кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ дар  зерсохтори   донишкадавӣ  буда, аз рӯи 13-фанни таълимӣ: забони тоҷикӣ, забони русӣ, забони  англисӣ, сотсиология,   тарбияи ҷисмонӣ, фалсафа, ҳуқуқ педагогика,  психологияи касбӣ,  экология, сиёсатшиносӣ, диншиносӣ, корупсия,  барои ҳама ихтисосҳои Донишкада ба донишҷӯён аз рӯи низоми таҳсилоти кредитӣ, омӯзгорон  дарс медиҳанд.

Аз оғози соли таҳсили 2022-2023  ҳайати устодону омӯзгорони  кафедра  иборат аз  21- нафар буда,   аз ин шумора   5- нафар омӯзгорони  асосӣ, 13-нафар ҳамкорони дохилӣ ва  3- нафар ҳамкорони берунаанд  ва 1-нафар мудири кабинет-лабарант, ҷамъ  22-нафар мебошанд.

Аз шумораи умумии омӯзгорони кафедра доктори илм, профессор  – 1 нафар Нозимов А,  ҳамкори беруна, номзади илм – 2нафар,  дотсент бе унвон-1 нафар,устод Акобиров С,  муаллими калон 5 нафар, Пиров Т, Акбарова Д, Ҳалимов А, Давлатова Г, боқимонда омӯзгорон ҳама  ассистент мебошанд. Омӯзгорони кафедра дар асоси барномаҳои таълимии аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, барномаҳои таълимии фан (силлабусҳо)  таҳия намудаанд. Онҳо бо истифода аз  усулҳои фаъоли таълим: проектор, тахтаи электронӣ, матни лексия, дигар гӯшаҳои лозимии вобаста ба фанҳои таълимӣ дар синфхонаҳои: №107, №109, №110 ҷиҳозонидашуда, ки ба кафедра вобаста аст ва  дар дигар синфхонаҳо ба  донишҷӯён дарс мегӯянд.  Омӯзгорон дар раванди дарсҳо метод ва усулҳои гуногуни таълимро истифода мебаранд, то ки шогирдон дар рӯҳияи худшиносию худогоҳӣ ва  ватандӯстӣ тарбия ёфта, дар оянда ҳамчун мутахассис ва шахсиятҳои арзанда,  барои рушди ҷомеа саҳмгузор бошанд.  Омӯзгорон берун аз дарсҳо ба шогирдон алоҳида корҳои мустақилона мебаранд, хусусан вақти сабақгардонӣ.

Барои гузаронидани корҳои мустақилона бо донишҷӯён ва сабақгардонии онҳо дар кафедра дафтари махсуси  машварат,  дафтари сабақгардонии донишҷӯён, дафтари қабули корҳои хонагии онҳо (КМД) мавҷуд буда, омӯзгорон иҷрои корҳоро қайд менамоянд. Бо мақсади омӯхтани метод ва усули дарсгузарӣ, ислоҳ кардан ва омухтани  таҷрибаи педагогии якдигар омӯзгорон ба дарсҳои якдигар иштирок карда, муваффақияту камбудиҳои дарс ва  тавсияҳои худро қайд  менамоянд. То имрӯз танҳо омӯзгорони асосӣ  ба дарси ҳамдигар, ки ….соатро дар бар мегирад,  иштирок намуда, аз усули дарсдиҳии ҳамдигар воқиф шуданд.

Аз санҷиши журналҳои гурӯҳҳо маълум гардид, ки омӯзгорон  сарбориҳои таълимии  худро мувофиқи нақшаи раванди таълим пурра иҷро намуда, дар журналҳои  гурӯҳҳои академӣ  қайд намуданд. Албатта камбудиҳо низ ҷой доранд, мо кӯшиш менамоем, ки дар  якҷоягӣ камбудиҳоро бартараф созем,

Мувофиқи нақшаи раванди таълим миқдори умумии соатҳои дарсии кафедра 10686 (даҳ ҳазору шашсаду ҳаштоду шаш)соатро ташкил медиҳад.  Соатҳо дар таҳсилоти фосилавӣ 636 соатро ташкил медиҳад.

Бо мақсади ба низом даровардани фаъолияти  кафедра дар асоси   низомномаи кафедра  33- номгӯи ҳуҷҷатҳо ва феҳрасти он тартиб додашуда,  дар кафедра нигоҳ дошта мешаванд.  Нақшаи кории кафедра аз оғози  соли таҳсил таҳия гардида,  тасдиқ карда шудааст. Суратҷаласаҳо дар асоси нақшаи кории кафедра мунтазам моҳе як маротиб ва дар ҳолатҳои зарурӣ ҷаласаҳои ғайринавбатӣ гузаронида мешаванд. Дар давоми нимсолаи соли таҳсили  2022-2023 , 5- суратҷаласаҳо  гузаронида шуда,  протоколҳои он   тартиб дода шудаанд. Дар ҷаласаҳои кафедра бештар вазъ ва ҳолати раванди таълими ҳар як фан  санҷида,   муҳокима  карда шуда, камбудию  муваффақиятҳои он баррасӣ мегардад ва  барои ислоҳи камбудиҳо то ҷаласаи навбатӣ муҳлат дода мешавад ва ислоҳи камбудиҳо  дар ҷаласаи навбатӣ мавриди муҳокима қарор мегиранд.

Оиди татбиқи Қонуни ҶТ дар бораи «Забони давлатии ҶТ» ва татбиқи Барномаи давлатии «Такмил ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ барои солҳои 2020-2030 дар ҶТ» дар давоми соли таҳсил мунтазам мавриди баррасӣ қарор дода мешавад. Рафти амалишавии он, ба Вазорати маориф ва илми ҶТ рӯзи  22.10.2022 маълумотнома пешниҳод карда шуд.

Дар кафедра гӯшаҳои  кафедра, гӯшаи корҳои иҷрокардаи донишҷӯён, гӯшаи эълонҳо ва дигар гӯшахои зарурӣ ҷой дода шудаанд.