Ҳамватанони азиз, устодону омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни гиромӣ!
Бо камоли эҳтиром ва самимияти хос Шуморо ба муносибати 16 ноябр – Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик ва муборакбод менамоям. Ин санаи муҳим дар таърихи давлатдории навини тоҷикон рамзи эҳтиром ба сохти конститутсионӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои истиқлолияти давлатӣ мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар марҳалаҳои муҳими таърихӣ дар роҳи таҳкими давлатдории миллӣ, таъмини сулҳу субот, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, густариши илму маориф, фарҳанг ва ҳунари миллӣ нақши муҳим доранд.
Боиси ифтихор аст, ки Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон маҳсули даврони соҳибистиқлолӣ ва меваи Истиқлолияти давлатӣ буда, маҳз бо ибтикор ва дастгирии бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфтааст. Таъсиси ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бозгӯи таваҷҷуҳи пайвастаи роҳбарияти олии кишвар ба рушди санъати тасвирӣ, дизайн, ҳунарҳои миллӣ ва омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи фарҳангу санъат мебошад. Имрӯз донишкада ҳамчун яке аз дастовардҳои муҳими даврони истиқлол дар тарбияи мутахассисони ҷавон, рушди истеъдодҳои эҷодӣ ва муаррифии фарҳангу ҳунари миллӣ саҳми арзанда мегузорад.
Мо, аҳли маориф ва фарҳанг, вазифадорем, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда дар тарбияи насли донишманду соҳибмаърифат, ватандӯсту созанда саҳми арзандаи худро гузошта, тавассути рушди илму маориф, санъати тасвирӣ ва дизайн фарҳанги миллӣ ва ҳувияти таърихии халқи тоҷикро муаррифӣ намоем.
Боиси ифтихор аст, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар барои рушди соҳаи фарҳанг, санъат ва ҳунарҳои миллӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир гардида, барои фаъолияти эҷодӣ ва ташаккули истеъдодҳои ҷавон шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.
Бо истифода аз фурсати муносиб, бори дигар тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, махсусан устодону омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, ба ҳар яки Шумо саломатии бардавом, рӯзгори ободу осуда, барори кор, дастовардҳои нави илмиву эҷодӣ ва комёбиҳои беназир орзу менамоям.
Бигзор дар Тоҷикистони азиз ҳамеша сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва фазои созандагиву бунёдкорӣ пойдор бошад!
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад!

