Бо ташаббуси Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 11 ноябри соли 2026, соати 11:00 дар толори муассиса конфронси ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Нақши Ашӯр Ҳайдаров дар рушди фарҳанг ва санъати миллӣ» баргузор мегардад.
Конфронс ба омӯзишу баррасии ҳаёт ва фаъолияти эҷодии яке аз чеҳраҳои намоёни санъати тасвирии тоҷик, Рассоми халқии Тоҷикистон Ашӯр Ҳайдаров (1916–1998), нақши ӯ дар ташаккул ва рушди санъати миллии тасвирӣ, саҳми арзандааш дар ғанӣ гардонидани фарҳанги бадеии тоҷик ва ҳифзи мероси эҷодии рассом бахшида мешавад.
Дар доираи конфронс масъалаҳои марбут ба марҳалаҳои ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Ашӯр Ҳайдаров, хусусиятҳои сабку услуби рассомӣ, арзиши бадеӣ ва таърихии осори ӯ, саҳмаш дар рушди мактаби рассомии тоҷик, инчунин зарурати омӯзиш, ҳифз ва муаррифии мероси эҷодии рассом мавриди баррасии олимону муҳаққиқон, санъатшиносон, омӯзгорон ва намояндагони соҳаи фарҳангу санъат қарор мегиранд.
Донишмандон, муҳаққиқон, санъатшиносон, рассомон, омӯзгорон, донишҷӯён, намояндагони муассисаҳои фарҳангӣ, рӯзноманигорон ва ҳамаи дӯстдорони санъати тасвирӣ ба конфронси ҷумҳуриявӣ даъват карда мешаванд.
Бояд гуфт, ки Ашӯр Ҳайдаров аз ҷумлаи рассомоне мебошад, ки зиндагӣ ва фаъолияти эҷодиаш бо марҳалаҳои муҳими таърихи асри XX пайванди ногусастанӣ дорад. Ӯ соли 1916 дар шаҳри Самарқанд ба дунё омада, солҳои 1933–1938 дар Донишкадаи рассомии Самарқанд таҳсил кардааст. Дар давраи омӯзиш аз устодони маъруфи санъати тасвирӣ Павел Бенков ва Зинаида Ковалевская сабақ гирифта, асосҳои касбии рассомиро аз худ намудааст.
Фаъолияти зиндагии ӯ аз имтиҳонҳои сангини таърихӣ орӣ набудааст. Солҳои 1941–1945 дар фронт хизмат намуда, соли 1949 бар асари тӯҳмат ва таъқиб ғайриқонунӣ маҳкум гардида, то соли 1955 дар лагери Карлаги Қазоқистон нигоҳ дошта шудааст. Соли 1955 бегуноҳии ӯ эътироф ва ҳуқуқаш барқарор гардида, баъдан ба Тоҷикистон омада, фаъолияти эҷодии худро дар шаҳри Душанбе идома додааст.
Ашӯр Ҳайдаров барои хизматҳои арзандааш дар рушди санъати тасвирӣ бо унвони Санъаткори хизматнишондодаи Тоҷикистон ва Рассоми халқии Тоҷикистон (соли 1991) сарфароз гардида, узви Иттифоқи рассомони Иттиҳоди Шуравӣ буд.
Осори эҷодии рассом имрӯз низ арзиши баланди таърихию бадеӣ дошта, дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва осорхонаҳои шаҳрҳои Душанбе, Воронеж, Омск, Нижний Новгород, Самарқанд, Москва, Санкт-Петербург ва Алмаато маҳфуз мебошанд. Ин далел аз аҳаммияти фаромарзии мероси эҷодии ӯ ва ҷойгоҳи шоистаи рассом дар таърихи санъати тасвирӣ шаҳодат медиҳад.