Имрӯз дар доираи баргузории Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон рӯзи дуюми мусобиқаҳо аз рӯйи номинатсияҳои «Санъати тасвирӣ» ва «Ҳунарҳои бадеии халқӣ» идома доранд. Ин чорабинии байналмилалии фарҳангӣ барои муаррифии истеъдоду маҳорати эҷодии ҷавонон, табодули таҷриба ва таҳкими робитаҳои фарҳангӣ миёни кишварҳои иштирокчӣ заминаи мусоид фароҳам овардааст.
Дар ин номинатсияҳо иштирокчиён маҳорати касбӣ, завқи баланди эстетикӣ, тафаккури эҷодӣ ва қобилияти истифодаи усулҳои гуногуни санъати тасвириву ҳунармандиро ба намоиш мегузоранд. Ҳамзамон, асарҳои пешниҳодшуда инъикосгари ҷаҳонбинии эҷодии ҷавонон, муносибати онҳо ба муҳити атроф, арзишҳои фарҳангӣ ва анъанаҳои ҳунарии кишварҳои худ мебошанд.
Дар номинатсияи «Санъати тасвирӣ» озмун дар ду марҳила баргузор шуд. Иштирокчиён дар ду гурӯҳи синнусолии 14–17 ва 18–21-сола ҳунари худро муаррифӣ намуданд. Марҳилаи аввал иҷрои вазифаи хонагиро дар бар гирифта, иштирокчиён нахуст ду асари муаллифии худро пешниҳод намуданд. Яке аз онҳо автопортрет буда, асари дигар натюрморт аз на камтар аз се ашё мебошад. Андозаи автопортрет бояд аз 30 × 40 то 40 × 60 сантиметр ва андозаи натюрморт 40 × 60 сантиметрро ташкил медод. Ин талабот ба ҳайати ҳакамон имкон дод, ки сатҳи омодагии касбӣ, маҳорати тасвирнигорӣ, ҳисси таносуб, дарки шаклу ранг ва қобилияти иштирокчиёнро дар инъикоси образҳои бадеӣ арзёбӣ намоянд. Автопортрет ҳамчун шакли махсуси худшиносии эҷодӣ муносибати рассомро ба симои инсон ва ифодаи ҳолати ботинӣ нишон медиҳад, натюрморт бошад, имконият дод, ки маҳорати иштирокчӣ дар тасвири ашё, ташкили фазои тасвирӣ ва ҳамоҳангсозии рангҳо муайян карда шавад.
Дар марҳилаи дуюм иштирокчиён дар муассиса дар мавзӯи пешниҳоднамудаи ҳайати ҳакамон композитсия эҷод карданд. Андозаи асар аз 40 × 60 сантиметр кам ва аз 60 × 90 сантиметр зиёд набуд. Барои иҷрои ин вазифа аз техникаҳои гуногуни графикӣ ва рангтасвирӣ истифода бурда шуд. Иштирокчиён бо мавод ва асбобҳои шахсии худ кор карда, дар асоси мавзӯи пешниҳодшуда ғояи мустақили бадеиро инкишоф доданд ва онро тавассути воситаҳои тасвирӣ ифода намуданд.
Барои иҷрои композитсия ду рӯзи мусобиқа пешбинӣ шуда буд, ки ҳар рӯзи он шаш соати вақтро дар бар гирифт. Чунин тартиб ба иштирокчиён имкон дод, ки дар шароити муайяни вақт қобилияти банақшагирии раванди эҷодӣ, интихоби ҳалли мувофиқи бадеӣ ва маҳорати амалии худро нишон диҳанд. Ғолибони номинатсия аз рӯйи натиҷаи ҷамъбастии ҳар ду марҳила муайян карда шуда, имрӯз соати 17:30 дар Театри давлатии академии опера ва балет дар маросими чорабинии ҷамъбасти Бозиҳои делфӣ ба онҳо ҷоизаҳо супорида мешавад.
Номинатсияи «Ҳунарҳои бадеии халқӣ» бошад, ба муаррифии анъанаҳои ҳунармандӣ, маҳорати кор бо мавод ва эҷоди маҳсулоти дорои арзиши бадеӣ бахшида шудааст. Мусобиқа дар ин самт аз се бахши бо ҳам алоқаманд иборат буда, намоишгоҳи асарҳои омодашуда, иҷрои асари озмунӣ ва муаррифии шахсии иштирокчиро дар бар мегирад.
Дар бахши аввал иштирокчиён барои намоишгоҳ аз 5 то 15 асари муаллифии худро пешниҳод намуданд, ки дар анмоишгоҳи Донишкада ба маърази тамошо гузошта шуд. Ин асарҳо намунаҳои санъати ороишӣ ва амалӣ буда, аз гил, санг, металл, матоъ, устухон, пӯсти дарахти тӯс ва дигар мавод омода шуда буданд. Ҳар як асар бо варақаи иттилоотӣ муаррифӣ шуд, ки дар он номи асар, ному насаби муаллиф, кишвари намояндагӣ, соли офариниш, техникаи иҷро ва андозаи асар нишон дода шудааст. Намоишгоҳи асарҳои муаллифӣ имконият фароҳам овард, ки гуногунрангии ҳунарҳои мардумӣ, хусусиятҳои хоси мактабҳои ҳунармандӣ ва муносибати эҷодии ҷавонон ба анъанаҳои миллӣ муаррифӣ шаванд. Ҳар як маҳсулот таҷассумгари маҳорати ҳунарманд, завқи бадеӣ ва интихоби маводу техникаи мувофиқ буда, дар баробари арзиши эстетикӣ метавонад хусусиятҳои фарҳангии муҳити эҷодии муаллифро низ инъикос намояд.
Дар бахши дуюм иштирокчиён дар мавзӯи эълоннамудаи ҳайати ҳакамон асари нави озмунӣ эҷод карданд. Онҳо мавод ва асбобҳои шахсии худро истифода бурда, техникаи иҷрои корро мустақилона интихоб намуданд. Барои анҷоми ин вазифа панҷ соат, бо дарназардошти танаффус, ҷудо карда шуд. Ин марҳила маҳорати амалии иштирокчиён, суръату дақиқии иҷро, эҷодкорӣ ва қобилияти татбиқи усулҳои бадеиву техникиро дар шароити мусобиқа муайян кард.
Бахши сеюм ба муаррифии шахсии иштирокчиён бахшида шуд. Ҳар як иштирокчӣ дар муддати то се дақиқа дар бораи фаъолияти эҷодӣ, самти ҳунарӣ, хусусиятҳои асарҳои офаридааш ва таҷрибаи касбии худ маълумот пешниҳод намуд. Дар баробари суханронӣ, истифодаи портфолио ва муаррифии электронӣ низ пешбинӣ шуда буд. Ин имконият дод, ки иштирокчиён на танҳо маҳорати амалии худ, балки қобилияти муаррифии дастовардҳои эҷодӣ ва шарҳи ғояи асарҳоро низ нишон диҳанд.
Ҳамчунин, дар доираи муаррифӣ истифодаи либосе, ки хусусиятҳои тахассуси ҳунарманд ё унсурҳои либоси миллии мардумиро инъикос мекунад, қобили дастгирӣ мебошад. Чунин тарзи муаррифӣ метавонад робитаи ҳунари пешниҳодшуда бо анъанаҳои миллӣ, таърихи фарҳангӣ ва муҳити иҷтимоии ташаккули онро бозгӯ намояд. Иштирокчиён сабти видеоии марҳилаҳои муҳимми раванди офаридани маҳсулоти худро барои шиносоии пешакии ҳакамон пешниҳод намуданд.
Ғолибони номинатсияи «Ҳунарҳои бадеии халқӣ» аз рӯйи маҷмуи натиҷаҳои се бахши мусобиқа муайян карда шуданд. Ҳангоми баҳогузорӣ мутобиқати асарҳо ба хусусиятҳои хоси ҳунарҳои бадеии интихобшуда, маҳорати истифодаи усулҳои техникӣ, образнокии бадеӣ ва асолати ҳалли мавзӯи озмунӣ ба назар гирифта шуд. Ҳамин тавр, натиҷаи ниҳоӣ аз маҷмуи маҳорати амалии ҳунарманд, арзиши бадеии маҳсулот ва қобилияти муаррифии фаъолияти эҷодии ӯ вобаста буда, имрӯз соати 17:30 дар Театри давлатии академии опера ва балет дар маросими чорабинии ҷамъбасти Бозиҳои делфӣ ба онҳо ҷоизаҳо супорида мешавад.
Баргузории мусобиқа аз рӯи ду номинатсия дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон аҳаммияти махсус дорад, зеро муассиса ҳамчун маркази омодасозии мутахассисони соҳаи санъати тасвирӣ, дизайн ва ҳунарҳои бадеӣ барои муаррифии истеъдодҳои ҷавон ва рушди ҳамкориҳои фарҳангӣ имконият фароҳам меорад. Ҳузури иштирокчиён аз кишварҳои гуногун фазои мусоиди табодули таҷриба, шиносоӣ бо равияҳои гуногуни эҷодӣ ва дарки арзишҳои муштараки фарҳангиро ба вуҷуд меорад. Дар доираи намоиш ва баррасии корҳои эҷодӣ асарҳои иштирокчиёни дигар кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил низ муаррифӣ мегарданд. Ин имкон медиҳад, ки тамошобинон ва мутахассисон бо вижагиҳои мактабҳои гуногуни санъат, анъанаҳои ҳунармандӣ ва роҳҳои муосири тафсири мероси фарҳангӣ шинос шаванд.
Дар маҷмуъ, баргузории Бозиҳои Делфӣ аз рӯйи номинатсияҳои «Санъати тасвирӣ» ва «Ҳунарҳои бадеии халқӣ» майдони муҳими санҷиши маҳорат, муаррифии дастовардҳои эҷодӣ ва таҳкими робитаҳои фарҳангии ҷавонон ба шумор меравад. Ин чорабинӣ ба рушди тафаккури бадеӣ, эҳтиром ба анъанаҳои миллӣ, ҳифзи мероси ҳунармандӣ ва ҷустуҷӯи роҳҳои нави эҷодӣ мусоидат намуда, барои ҷавонони боистеъдод имконият фароҳам меорад, ки маҳорати худро дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ намоянд.