(Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Истиқлолияти давлатӣ барои ҳар миллат бузургтарин неъмат ва муҳимтарин шарти муайян намудани сарнавишти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии он ба ҳисоб меравад. Барои миллати тоҷик соҳиб шудан ба истиқлолияти давлатӣ оғози марҳилаи нави таърихӣ буда, имконияти эҳёи давлатдории миллӣ, таҳкими худшиносӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва муайян намудани роҳи мустақилонаи рушди ҷомеаро фароҳам овард.
Дар баробари ин, таҷрибаи таърихи навини Тоҷикистон нишон медиҳад, ки ба даст овардани истиқлолият оғози кори бузург аст. Нигоҳ доштану таҳким бахшидани он, эҷоди низоми устувори давлатдорӣ, таъмини амнияти миллӣ, таҳкими ваҳдати ҷомеа ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди кишвар аз давлат ва ҷомеа масъулияти бузургро тақозо менамояд. Дар ин раванди таърихӣ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун неруи муҳими сиёсӣ мавқеи хос касб кардааст. Фаъолияти ҳизб дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ҳадафҳои муҳими давлатдорӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, ҳифзи сулҳу субот ва пешбурди сиёсати созандаву мардумсолоронаи давлат пайванди ногусастанӣ дорад.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар марҳилаи ҳассоси таърихи кишвар ташаккул ёфт. Он замоне ба майдони сиёсии ҷомеа ворид гардид, ки Тоҷикистон бо мушкилоти сангини сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ буд. Вазъи мураккаби солҳои аввали истиқлолият зарурати ташаккули неруҳои сиёсии масъул ва дорои мавқеи равшани давлатмеҳварро ба миён оварда буд. Дар чунин шароит ташаккул ва рушди ҲХДТ ба раванди таҳкими давлатдории миллӣ ва муттаҳид намудани неруҳои ҷомеа дар атрофи ғояҳои сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва рушди устувори кишвар иртиботи мустақим пайдо намуд.
Имрӯз ҲХДТ худро ҳамчун ҳизби сиёсие муаррифӣ мекунад, ки ҳадафи асосии фаъолияти он саҳмгузорӣ дар рушди давлати соҳибистиқлол, таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳифзи сулҳу субот ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мебошад. Нақши ҳизбро дар ин раванд аз мавқеи он нисбат ба масъалаҳои муҳими ҳаёти давлат ва ҷомеа метавон арзёбӣ кард. Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ сохторҳои ҳизбӣ дар татбиқи барномаҳои сиёсӣ, корҳои ҷамъиятӣ, тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, дастгирии ташаббусҳои созанда ва таҳкими ҳамкории ҷомеа бо сохторҳои давлатӣ фаъолона иштирок менамоянд.
Ҳангоми сухан гуфтан дар бораи нақши ҲХДТ дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, пеш аз ҳама, аз хизматҳои таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шудан зарур аст. Маҳз бо иродаи қавии сиёсӣ, масъулияти баланди давлатдорӣ ва сиёсати созандаи Пешвои миллат Тоҷикистон тавонист дар марҳилаи ниҳоят душвори таърихи худ роҳи сулҳу оштии миллиро интихоб намояд. Сулҳу субот заминаи асосиро барои барқарор намудани сохторҳои давлатӣ, таҳкими Истиқлолият ва оғоз намудани корҳои созандагӣ фароҳам овард.
Хизматҳои Пешвои миллат дар таҳкими давлатдории миллӣ бо як давраи муайяни таърихӣ маҳдуд намешаванд. Дар тӯли солҳои роҳбарии давлат сиёсати таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, рушди иқтисодӣ, таҳкими иқтидори мудофиавӣ, боло бурдани сатҳи иҷтимоии аҳолӣ ва муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ пайгирона идома ёфт. Ҳамчун Раиси муаззами ҲХДТ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди низоми сиёсии ҳизб ва муайян намудани самтҳои асосии фаъолияти он низ нақши калидӣ доранд. Ҳадафҳои барномавии ҳизб ба масъалаҳое равона шудаанд, ки барои таҳкими давлатдории миллӣ ва таъмини рушди устувори Тоҷикистон аҳамияти стратегӣ доранд.
Яке аз муҳимтарин сабақҳои таърихи навини Тоҷикистон ин аст, ки рушди давлат бе сулҳу суботи сиёсӣ имконнопазир мебошад. Ваҳдати миллӣ заминаи асосии барқарорсозии кишвар ва омили муҳими таҳкими Истиқлолияти давлатӣ гардид. ҲХДТ дар давоми фаъолияти худ ғояи сулҳу ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмиро ҳамчун арзиши муҳими ҷомеа тарғиб менамояд. Ин мавқеъ дар фаъолияти сохторҳои ҳизбӣ, вохӯриҳо бо аҳолӣ, чорабиниҳои маърифативу сиёсӣ ва корҳои тарғиботӣ пайваста инъикос меёбад.
Ваҳдат барои ҷомеаи Тоҷикистон маънои васеъ дорад. Он ҳамдигарфаҳмии шаҳрвандон, эҳтироми қонун, ҳифзи манфиатҳои умумимиллӣ ва муттаҳид шудан дар атрофи ҳадафҳои созандаи давлатро дар бар мегирад. Дар шароити муосир, ки ҷаҳон бо таҳдидҳои гуногуни сиёсӣ, иқтисодӣ, иттилоотӣ ва амниятӣ рӯ ба рӯст, нигоҳ доштани ваҳдати миллӣ аҳамияти боз ҳам бештар пайдо мекунад. Аз ин лиҳоз, фаъолияти ҳизбӣ дар самти баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии шаҳрвандон, махсусан ҷавонон, аҳамияти муҳим дорад.
Истиқлолияти сиёсӣ бидуни заминаи устувори иқтисодӣ пойдор буда наметавонад. Аз ин рӯ, яке аз масъалаҳои муҳими даврони соҳибистиқлолӣ бунёди иқтисоди миллӣ ва фароҳам овардани заминаҳои рушди устувори кишвар мебошад. Бо фароҳам омадани сулҳу субот Тоҷикистон ба марҳилаи нави созандагӣ ворид гардид. Бунёди роҳҳо, нақбҳо, неругоҳҳои барқи обӣ, корхонаҳои саноатӣ, муассисаҳои таълимӣ, марказҳои тиббӣ ва дигар иншооти муҳими иҷтимоиву иқтисодӣ симои кишварро тағйир дод.
ҲХДТ ҳамчун ҳизби сиёсӣ дар барномаҳои худ масъалаҳои рушди иқтисодӣ, дастгирии соҳибкорӣ, саноатикунонии босуръат, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рушди деҳот ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардумро аз самтҳои муҳими фаъолияти худ медонад. Имрӯз ҳадафҳои стратегии кишвар, аз ҷумла таъмини истиқлолияти энергетикӣ, таҳкими амнияти озуқаворӣ, саноатикунонии босуръат ва раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, дар заминаи сиёсати дарозмуддати давлат амалӣ мешаванд.
Таҳкими Истиқлолияти давлатӣ танҳо бо рушди иқтисодӣ ва сохторҳои давлатӣ маҳдуд намешавад. Худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таъриху фарҳанг, забони давлатӣ ва арзишҳои маънавӣ низ аз рукнҳои муҳими давлатдории миллӣ мебошанд. ҲХДТ дар корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ба масъалаи тарбияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ таваҷҷуҳи хосса медиҳад. Махсусан дар байни ҷавонон ташаккули эҳсоси масъулият барои тақдири давлат ва миллат аҳамияти калон дорад. Ҷавонон неруи бузурги созанда ва ояндаи давлат мебошанд. Аз ин рӯ, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтироми қонун, таҳаммулпазирӣ, донишомӯзӣ ва меҳнати созанда бояд вазифаи доимии ҷомеа бошад. Ташаббусҳои вобаста ба дастгирии ҷавонон, рушди маориф, баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа ва тақвияти иштироки шаҳрвандон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ аз самтҳое мебошанд, ки дар рушди ҷомеаи муосири Тоҷикистон аҳамияти хос доранд.
Дар ҷаҳони муосир масъалаи амнияти миллӣ аҳамияти рӯзафзун дорад. Терроризм, экстремизм, ҷинояткории фаромиллӣ, таҳдидҳои иттилоотӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб метавонанд ба суботи ҷомеа таъсири манфӣ расонанд. Дар чунин шароит таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва ҳифзи амнияти миллӣ масъулияти тамоми ҷомеа мебошад. ҲХДТ дар корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарғиботӣ шаҳрвандонро ба эҳтироми қонун, ҳифзи арзишҳои миллӣ, таҳкими ваҳдат ва пешгирии таъсири идеологияҳои ифротӣ даъват менамояд. Махсусан, баланд бардоштани саводи ҳуқуқӣ ва маърифати иттилоотии ҷавонон аҳамияти калон дорад. Ҷомеаи дорои маърифати баланд метавонад ба таҳдидҳои муосир устувортар муқовимат намояд.
Яке аз нишондиҳандаҳои муҳими рушди ҷомеаи демократӣ иштироки фаъоли шаҳрвандон дар ҳаёти ҷамъиятӣ мебошад. Дар ин раванд фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ аҳамияти махсус дорад. ҲХДТ тавассути сохторҳои марказӣ ва маҳаллии худ бо қишрҳои гуногуни ҷомеа робитаи мунтазам ба роҳ монда, масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсиро баррасӣ менамояд. Фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар маҳалҳо имкон медиҳад, ки масъалаҳои рӯзмарраи шаҳрвандон бештар мавриди таваҷҷуҳ қарор гиранд. Вохӯриҳо, мулоқотҳо, корҳои ҷамъиятӣ, ташаббусҳои ободонӣ ва чорабиниҳои маърифативу фарҳангӣ барои таҳкими робитаи ҷомеа ва фаъолияти шаҳрвандӣ мусоидат мекунанд. Дар ин замина, ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ бояд минбари муколамаи созанда, мактаби масъулияти шаҳрвандӣ ва воситаи расонидани мавқеи ҷомеа ба сатҳҳои гуногуни идоракунӣ бошанд.
Имсол Тоҷикистон 35-солагии Истиқлоли давлатиро таҷлил менамояд. Ин сана имконияти муносибест, ки роҳи тайкардаи давлатро арзёбӣ намуда, ба дастовардҳо ва масъалаҳои минбаъдаи рушди кишвар назар андозем. Дар ин давра Тоҷикистон аз марҳилаи ниҳоят душвори таърихӣ гузашта, ба марҳилаи созандагӣ ва рушди устувор ворид гардид. Дар маркази ин раванд таҳкими давлатдории миллӣ, ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ ва таъмини сулҳу субот қарор дошт. ҲХДТ ҳамчун неруи сиёсии таъсиргузор дар ин раванд саҳми худро гузошта, дар татбиқи сиёсати созанда ва ҳадафҳои стратегии давлат фаъолият мебарад. 35-солагии Истиқлолият ҳамзамон моро ба масъулияти бештар водор мекунад. Зеро Истиқлолият арзиши доимӣ ва масъулияти наслҳои имрӯз ва фардо мебошад.
Дар маҷмуъ, таърихи 35-солаи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таҳкими давлатдории миллӣ, барқарорсозии сулҳу субот, рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва болоравии нуфузи байналмилалии кишвар пайванди ногусастанӣ дорад. Дар ин масир хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷойгоҳи махсус доранд. Иродаи қавии сиёсӣ, сиёсати сулҳҷӯёна, давлатсозӣ ва ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ нақши муҳим гузоштанд. ҲХДТ ҳамчун неруи сиёсии дорои сохтори густурдаи ташкилотӣ дар таҳкими ваҳдати миллӣ, тарғиби арзишҳои истиқлолият, баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии шаҳрвандон ва дастгирии сиёсати созанда саҳм мегузорад.
Имрӯз вазифаи ҷомеа аз он иборат аст, ки дастовардҳои 35 соли Истиқлолиятро ҳифз намуда, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро таҳким бахшад. Ҳар шаҳрванди Тоҷикистон бо меҳнати содиқона, масъулияти шаҳрвандӣ, эҳтиром ба қонун ва саҳмгузорӣ дар ободии Ватан метавонад дар таҳкими давлатдории миллӣ саҳми арзанда гузорад. Истиқлолият пояи ҳастии давлати миллӣ, ваҳдат неруи муттаҳидкунандаи ҷомеа ва созандагӣ роҳи рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Ҳифзи ин арзишҳо ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар аст.
Фирӯз ҲАИТОВ,
мудири бахши магистратура, аспирантура
ва докторантура, муовини раиси ТИ «Дизайн»,
вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансур
