Wednesday, April 22, 2026
  • РусскийРусский
  • EnglishEnglish
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
  • Асосӣ
  • ДОНИШКАДА
    • Маълумот дар бораи донишкада
    • Роҳбарият
    • Шӯрои олимон
      • Маълумот
      • Ҳайат
    • Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус
    • Шуъбаи умумӣ ва назорат
    • Кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ
    • Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ
  • ТАЪЛИМ
    • Шуъбаи таълим
      • Маълумот
    • Шуъбаи методӣ
      • Маълумот
      • Бахши методӣ
      • Бахши симонишинон
      • Нигористон
    • Бахши бақайдгирӣ ва машваратӣ
    • Бахши идоракунии сифати таҳсилот
    • Бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон
    • Маводи таълимии тозанашр
  • КОРҲОИ ИЛМӢ ВА ЭҶОДӢ
    • Шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия
      • Корҳои илмӣ
      • Корҳои эҷодӣ
      • Маҳфилҳои илмию эҷодӣ
    • Бахши магистратура ва аспирантура
      • Маълумот
    • Китобхона
  • ТАРБИЯ
    • Шуъбаи тарбия
    • Намоишҳо
    • Бахши ҷавонон
      • Фаъолияти бахш
    • Хобгоҳ
  • ФАКУЛТЕТҲО
    • Факултети «Дизайн»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Санъати тасвирӣ»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ»
      • Сохтор
      • Бахши такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо
      • Бахши тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ
      • Маркази бачагонаи рассомӣ
      • Курсҳои кутоҳмуддат дӯзандагӣ
  • ЧОРАБИНИҲО
    • Рисолаи хатм
  • ҶАДВАЛ
    • Ҷадвали факултети Дизайн
    • Ҷадвали факултети Санъати тасвирӣ
    • Ҷадвали факултети Т ва ТФ
  • Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
  • Асосӣ
  • ДОНИШКАДА
    • Маълумот дар бораи донишкада
    • Роҳбарият
    • Шӯрои олимон
      • Маълумот
      • Ҳайат
    • Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус
    • Шуъбаи умумӣ ва назорат
    • Кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ
    • Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ
  • ТАЪЛИМ
    • Шуъбаи таълим
      • Маълумот
    • Шуъбаи методӣ
      • Маълумот
      • Бахши методӣ
      • Бахши симонишинон
      • Нигористон
    • Бахши бақайдгирӣ ва машваратӣ
    • Бахши идоракунии сифати таҳсилот
    • Бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон
    • Маводи таълимии тозанашр
  • КОРҲОИ ИЛМӢ ВА ЭҶОДӢ
    • Шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия
      • Корҳои илмӣ
      • Корҳои эҷодӣ
      • Маҳфилҳои илмию эҷодӣ
    • Бахши магистратура ва аспирантура
      • Маълумот
    • Китобхона
  • ТАРБИЯ
    • Шуъбаи тарбия
    • Намоишҳо
    • Бахши ҷавонон
      • Фаъолияти бахш
    • Хобгоҳ
  • ФАКУЛТЕТҲО
    • Факултети «Дизайн»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Санъати тасвирӣ»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ»
      • Сохтор
      • Бахши такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо
      • Бахши тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ
      • Маркази бачагонаи рассомӣ
      • Курсҳои кутоҳмуддат дӯзандагӣ
  • ЧОРАБИНИҲО
    • Рисолаи хатм
  • ҶАДВАЛ
    • Ҷадвали факултети Дизайн
    • Ҷадвали факултети Санъати тасвирӣ
    • Ҷадвали факултети Т ва ТФ
  • Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед

ДОИР БА НАҚШИ САНЪАТ, ДИЗАЙН ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИТТИЛООТӢ ДАР РАВАНДИ ҶАҲОНИШАВӢ КОНФРОНСИ ИЛМӢ-АМАЛӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

22.04.2026

Имрӯз дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Нақши санъат, дизайн ва технологияҳои иттилоотӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ» баргузор гардид. Чорабинӣ бо ҳузури олимон, устодон, муҳаққиқон ва донишҷӯён дар фазои илмии созанда доир шуда, ба яке аз минбарҳои муҳими мубодилаи афкор ва таҳлили масъалаҳои мубрами соҳа табдил ёфт.

Кори конфронсро ректори Донишкада, номзади илмҳои меъморӣ Ҷурахонзода Сироҷиддин Шамсулло ифтитоҳ намуда, дар суханронии худ ба аҳамияти баргузории чунин ҳамоишҳо дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати технологияҳои муосир таъкид кард.
Мавсуф зикр намуд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ соҳаи санъат ва дизайн дар кишвар рушду такомул ёфта, барои ҳамқадами замон гардидани он шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Ба гуфтаи ректор, ҳамгироии санъат бо технологияҳои иттилоотӣ яке аз талаботи муҳими замони муосир буда, омода намудани мутахассисони рақобатпазир дар ин самт аз вазифаҳои асосии муассисаҳои таҳсилоти олӣ маҳсуб меёбад.
Дар идома, сардори шуъбаи илм ва муассисаҳои таълимии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаётзода Алиакбар Бекназар ба сухан баромада, оид ба рушди соҳаи фарҳанг дар замони Истиқлол ибрози назар намуд.

Ӯ таъкид кард, ки бо дастгирии давлат ва сиёсати фарҳангпарварона соҳаҳои гуногуни фарҳанг, аз ҷумла санъати тасвирӣ ва дизайн, ба марҳилаи нави рушд ворид гардида, имрӯз дар сатҳи байналмилалӣ низ муаррифӣ мешаванд. Зикр гардид, ки баргузории чунин конфронсҳо барои таҳкими ҳамкориҳои илмӣ ва эҷодӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Ҳамзамон, мудири бахши магистратура, аспирантура ва докторантураи Донишкада Ҳаитов Фирӯз Мирзомуродович зимни баромади худ ба масъалаҳои рушди илму маориф ва дастгирии олимони ҷавон таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Иброз гардид, ки дар замони Истиқлол, бахусус бо ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барои ҷавонони соҳибистеъдод шароити мусоид фароҳам оварда шуда, онҳо метавонанд фаъолияти илмии худро густариш диҳанд ва дар пешрафти соҳа саҳмгузор бошанд.
Инчунин, дар ҷараёни кори конфронс дигар муҳаққиқону иштирокдорон низ бо маърӯзаҳои пурмазмун баромад намуда, ба масъалаҳои муҳими марбут ба мавзӯи чорабинӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карданд. Онҳо аз ҷумла оид ба ҳамгироии санъат бо технологияҳои иттилоотӣ, нақши дизайн дар рушди иқтисоди муосир, ҳифз ва муаррифии мероси фарҳангӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ ва омодасозии мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори ҷаҳонӣ андешаҳои ҷолиб иброз дошта, таъкид намуданд, ки танҳо бо такя ба дониш, эҷодкорӣ ва истифодаи технологияҳои нав метавон рушди устувори соҳаҳои зикршударо таъмин намуд.

Баъдан кори конфронс вобаста ба самтҳои фаъолияти кафедраҳо ба гуруҳҳо ҷудо гардида, дар чанд бахш идома ёфт. Дар ин бахшҳо маърӯзачиён перомуни масъалаҳои мухталифи соҳаи санъат, дизайн ва технологияҳои иттилоотӣ, инчунин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ баромад намуданд. Муҳаққиқон ба равандҳои муосири ҷаҳонишавӣ, таъсири он ба фарҳанги миллӣ ва роҳҳои мутобиқсозии соҳа ба талаботи замон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд.

Бояд қайд кард, ки натиҷаҳои конфронс дар шакли мақолаҳои илмӣ гирдоварӣ гардида, дар маҷмӯаи махсус нашр хоҳанд шуд. Ин иқдом ба муҳаққиқон ва донишмандон имкон медиҳад, ки аз дастовардҳои нави илмӣ баҳравар гардида, таҳқиқоти минбаъдаро дар ин самт идома диҳанд.
Ба қафо

НАМОИШИ АСАРҲОИ МУҶАССАМАВИИ САБЗААЛӢ МУРОДЗОДАИ ШАРИФ БАРГУЗОР ГАРДИД

Рубрикахо

  • Хабарҳо
  • Конференсияҳо
  • Намоишҳо
  • Чорабиниҳо
  • Корҳои эҷодӣ
  • Маркази бачагонаи рассомӣ
  • Эълон
  • Мақолаҳо
    • Мақолаҳои магистрҳо
    • Маколаҳои омӯзгорон ва кормандон
    • Мақолаҳои донишҷӯён ва магистрон
  • Табрикот

Бойгонӣ

Хабарҳои нав

  • ДОИР БА НАҚШИ САНЪАТ, ДИЗАЙН ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИТТИЛООТӢ ДАР РАВАНДИ ҶАҲОНИШАВӢ КОНФРОНСИ ИЛМӢ-АМАЛӢ БАРГУЗОР ГАРДИД 22.04.2026
  • НАМОИШИ АСАРҲОИ МУҶАССАМАВИИ САБЗААЛӢ МУРОДЗОДАИ ШАРИФ БАРГУЗОР ГАРДИД 21.04.2026
  • Хатари зуҳуроти номатлуб ва зарари он ба ҷомеа 18.04.2026
  • ЭЪЛОН 17.04.2026
  • Намоиши «Ҳифзи пиряхҳо» 16.04.2026
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

  Суроға:

кӯчаи Айни 31,
шаҳри Душанбе,
Ҷумҳурии Тоҷикистон

  Тамос:

 Тел: (+992 37) 221 72 43; 221 72 37; 227 58 77; 227 58 73
Email: design_2013@list.ru

©2013-2025 Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

  • РусскийРусский
  • EnglishEnglish
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
  • Асосӣ
  • ДОНИШКАДА
    • Маълумот дар бораи донишкада
    • Роҳбарият
    • Шӯрои олимон
      • Маълумот
      • Ҳайат
    • Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус
    • Шуъбаи умумӣ ва назорат
    • Кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ
    • Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ
  • ТАЪЛИМ
    • Шуъбаи таълим
      • Маълумот
    • Шуъбаи методӣ
      • Маълумот
      • Бахши методӣ
      • Бахши симонишинон
      • Нигористон
    • Бахши бақайдгирӣ ва машваратӣ
    • Бахши идоракунии сифати таҳсилот
    • Бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон
    • Маводи таълимии тозанашр
  • КОРҲОИ ИЛМӢ ВА ЭҶОДӢ
    • Шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия
      • Корҳои илмӣ
      • Корҳои эҷодӣ
      • Маҳфилҳои илмию эҷодӣ
    • Бахши магистратура ва аспирантура
      • Маълумот
    • Китобхона
  • ТАРБИЯ
    • Шуъбаи тарбия
    • Намоишҳо
    • Бахши ҷавонон
      • Фаъолияти бахш
    • Хобгоҳ
  • ФАКУЛТЕТҲО
    • Факултети «Дизайн»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Санъати тасвирӣ»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ»
      • Сохтор
      • Бахши такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо
      • Бахши тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ
      • Маркази бачагонаи рассомӣ
      • Курсҳои кутоҳмуддат дӯзандагӣ
  • ЧОРАБИНИҲО
    • Рисолаи хатм
  • ҶАДВАЛ
    • Ҷадвали факултети Дизайн
    • Ҷадвали факултети Санъати тасвирӣ
    • Ҷадвали факултети Т ва ТФ
  • Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

©2013-2025 Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон