Муассисаи давлатии таҳсилоти олии касбии “Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон” Шуморо ба конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзуи «Нақши санъат, дизайн ва технологияи иттилоотӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ» (бахшида ба 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон) даъват менамояд.
Конференсия рӯзи 22-юми апрели соли 2026, соати 09:00 дар толори Донишкада баргузор мегардад. Самтҳои конференсия чунинанд:
– Санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои мардумии тоҷик: масъалаҳои назариявӣ ва амалии рушд;
– Нақши мероси таърихию фарҳангӣ дар рушди раванди таълим ва тарбия;
– Таҳавуллоти технологияи иттилоотӣ ва пайгирии зеҳни сунъӣ дар рушди рақамикунонии иқтисодиёт;
– Дизайн, меъморӣ ва мӯди Тоҷикистон дар заминаи мероси таърихию фарҳангӣ ва ҷаҳонишавӣ;
Олимону муҳаққиқон, магистрантон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ метавонанд бо маърӯзаҳои худ дар конференсия иштирок намоянд.
Маводҳо бо нишонаи ш. Душанбе, н. Шоҳмансур, кӯчаи Айнӣ 31 ва тариқи электронӣ ба суроғаи sahnozsajfulloeva@gmail.com.
Телефон барои тамос: 985843505
Шакли иштирок: маҷозӣ (онлайн) ва мустақим.
