Tuesday, May 19, 2026
  • РусскийРусский
  • EnglishEnglish
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
  • Асосӣ
  • ДОНИШКАДА
    • Маълумот дар бораи донишкада
    • Роҳбарият
    • Шӯрои олимон
      • Маълумот
      • Ҳайат
    • Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус
    • Шуъбаи умумӣ ва назорат
    • Кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ
    • Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ
  • ТАЪЛИМ
    • Шуъбаи таълим
      • Маълумот
    • Шуъбаи методӣ
      • Маълумот
      • Бахши методӣ
      • Бахши симонишинон
      • Нигористон
    • Бахши бақайдгирӣ ва машваратӣ
    • Бахши идоракунии сифати таҳсилот
    • Бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон
    • Маводи таълимии тозанашр
  • КОРҲОИ ИЛМӢ ВА ЭҶОДӢ
    • Шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия
      • Корҳои илмӣ
      • Корҳои эҷодӣ
      • Маҳфилҳои илмию эҷодӣ
    • Бахши магистратура ва аспирантура
      • Маълумот
    • Китобхона
  • ТАРБИЯ
    • Шуъбаи тарбия
    • Намоишҳо
    • Бахши ҷавонон
      • Фаъолияти бахш
    • Хобгоҳ
  • ФАКУЛТЕТҲО
    • Факултети «Дизайн»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Санъати тасвирӣ»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ»
      • Сохтор
      • Бахши такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо
      • Бахши тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ
      • Маркази бачагонаи рассомӣ
      • Курсҳои кутоҳмуддат дӯзандагӣ
  • ЧОРАБИНИҲО
    • Рисолаи хатм
  • ҶАДВАЛ
    • Ҷадвали факултети Дизайн
    • Ҷадвали факултети Санъати тасвирӣ
    • Ҷадвали факултети Т ва ТФ
  • Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
  • Асосӣ
  • ДОНИШКАДА
    • Маълумот дар бораи донишкада
    • Роҳбарият
    • Шӯрои олимон
      • Маълумот
      • Ҳайат
    • Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус
    • Шуъбаи умумӣ ва назорат
    • Кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ
    • Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ
  • ТАЪЛИМ
    • Шуъбаи таълим
      • Маълумот
    • Шуъбаи методӣ
      • Маълумот
      • Бахши методӣ
      • Бахши симонишинон
      • Нигористон
    • Бахши бақайдгирӣ ва машваратӣ
    • Бахши идоракунии сифати таҳсилот
    • Бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон
    • Маводи таълимии тозанашр
  • КОРҲОИ ИЛМӢ ВА ЭҶОДӢ
    • Шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия
      • Корҳои илмӣ
      • Корҳои эҷодӣ
      • Маҳфилҳои илмию эҷодӣ
    • Бахши магистратура ва аспирантура
      • Маълумот
    • Китобхона
  • ТАРБИЯ
    • Шуъбаи тарбия
    • Намоишҳо
    • Бахши ҷавонон
      • Фаъолияти бахш
    • Хобгоҳ
  • ФАКУЛТЕТҲО
    • Факултети «Дизайн»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Санъати тасвирӣ»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ»
      • Сохтор
      • Бахши такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо
      • Бахши тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ
      • Маркази бачагонаи рассомӣ
      • Курсҳои кутоҳмуддат дӯзандагӣ
  • ЧОРАБИНИҲО
    • Рисолаи хатм
  • ҶАДВАЛ
    • Ҷадвали факултети Дизайн
    • Ҷадвали факултети Санъати тасвирӣ
    • Ҷадвали факултети Т ва ТФ
  • Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед

ИФТИТОҲИ КУРСҲОИ ОМӮЗИШИИ “ЭБРУ”, 3D ВА КОЛИГРАФИЯ ДАР ДОНИШКАДА

18.05.2026

Имрӯз дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар доираи ҳамкориҳои байналмилалӣ миёни Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ дар Тоҷикистон (TIKA) ва Донишкада маросими ифтитоҳи курсҳои омӯзишӣ оид ба санъати анъанавии туркии “Эбру”, 3D ва колиграфия баргузор гардид. Ин иқдоми фарҳангиву таълимӣ ба рушди малакаҳои касбии донишҷӯён, табодули таҷрибаи байналмилалӣ ва таҳкими ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистону Туркия равона шудааст.

Дар маросими расмии ифтитоҳ ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Ҷурахонзода Сироҷиддин Шамсулло, ҳамоҳангсози Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (TIKA) дар Тоҷикистон Иброҳим Этҳем Унал, омӯзгорон, донишҷӯён ва намояндагони соҳаи фарҳангу санъат иштирок намуданд.
Ректори Донишкада зимни суханронии худ иброз дошт, ки масъалаи омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи фарҳанг ва санъат дар меҳвари сиёсати фарҳангпарваронаи Ҳукумати кишвар қарор дошта, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии кишвар масъалаи рушди фарҳанг, санъат ва тарбияи мутахассисони соҳибкасбро яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ арзёбӣ намуданд.
Қайд гардид, ки маҳз дар асоси чунин дастуру ҳидоятҳои роҳбарияти давлат раёсати Донишкада ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ворид намудани таҷрибаҳои пешқадами ҷаҳонӣ ба низоми таълим тадбирҳои пайваста амалӣ менамояд. Роҳандозии чунин курсҳо имконият фароҳам меорад, ки донишҷӯён бо равияҳои гуногуни санъати ҷаҳонӣ аз наздик ошно гардида, маҳорати эҷодиву касбии худро такмил диҳанд.

Ректор афзуд, ки санъати анъанавии туркии “Эбру”, ҳунари колиграфия ва технологияҳои муосири 3D имрӯз дар арсаи байналмилалӣ мавқеи хос дошта, омӯзиши онҳо барои донишҷӯёни соҳаи санъат муҳим ва саривақтӣ мебошад. Омезиши санъати анъанавӣ бо технологияҳои нав метавонад барои эҷоди асарҳои муосири бадеӣ ва рушди ҷаҳонбинии эҷодии ҷавонон заминаи мусоид фароҳам оварад.

Дар идома ҳамоҳангсози TIKA дар Тоҷикистон Иброҳим Этҳем Унал аз сатҳи ҳамкориҳои судманди Агентӣ бо Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ёдовар шуда, иброз дошт, ки тайи 13 соли фаъолияти Донишкада миёни ҷонибҳо муносибатҳои густурда ва дӯстона ба роҳ монда шудаанд.
Зикр гардид, ки дар ин муддат аз ҷониби TIKA дар Донишкада як қатор лоиҳаҳои муҳими таълимӣ ва инфрасохторӣ амалӣ гардида, аз ҷумла устохонаҳои таълимӣ таъсис ва шароити муосири омӯзишӣ фароҳам оварда шуданд. Ба гуфтаи ӯ, TIKA ҳамеша омода аст, ки ҷиҳати рушди соҳаи санъат ва таҳкими имкониятҳои таълимӣ ҳамкориҳоро бо муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон идома диҳад.
Ҳамоҳангсози TIKA таъкид намуд, ки санъат яке аз воситаҳои муҳими таҳкими робитаҳои фарҳангии байни миллатҳо ба ҳисоб меравад ва чунин ташаббусҳо ба густариши дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ миёни халқҳо мусоидат менамоянд. Изҳори умед карда шуд, ки донишҷӯён аз ин курсҳо таҷрибаи арзишманд гирифта, дар оянда онро дар фаъолияти эҷодии худ истифода хоҳанд кард.
Дар ҷараёни чорабинӣ иттилоъ дода шуд, ки ба курсҳои омӯзишӣ донишҷӯён ва омӯзгорони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҷалб гардидаанд. Ба онҳо 5 нафар омӯзгор ва мутахассиси сатҳи байналмилалӣ аз Ҷумҳурии Туркия дарс мегузаронанд. Машғулиятҳо назариявӣ ва амалӣ буда, иштирокчиён дар раванди омӯзиш бо нозукиҳои санъати “Эбру”, усулҳои колиграфияи шарқӣ ва технологияҳои муосири моделсозии сеандоза аз наздик шинос мешаванд.

Қайд гардид, ки курсҳои омӯзишӣ аз 18 то 23 май идома ёфта, дар анҷоми он ба ҳамаи иштирокчиён сертификати махсус супорида мешавад. Чунин курсҳо барои такмили малакаҳои касбӣ ва густариши ҷаҳонбинии эҷодӣ бисёр муҳим мебошанд. Омӯзиши таҷрибаи устодони хориҷӣ имконият медиҳад, ки донишҷӯён бо равияҳои нави санъати ҷаҳонӣ шинос гардида, қобилияти эҷодии худро рушд диҳанд.

Маврид ба зикр аст, ки ҳамкориҳои Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ дар солҳои охир ба таври назаррас густариш ёфта, татбиқи чунин барномаҳои муштараки фарҳангиву таълимӣ барои баланд бардоштани сатҳи касбияти донишҷӯён ва таҳкими робитаҳои байналмилалӣ аҳамияти муҳим дорад.
Ба қафо

ЭЪЛОН

Рубрикахо

  • Хабарҳо
  • Конференсияҳо
  • Намоишҳо
  • Чорабиниҳо
  • Корҳои эҷодӣ
  • Маркази бачагонаи рассомӣ
  • Эълон
  • Мақолаҳо
    • Мақолаҳои магистрҳо
    • Маколаҳои омӯзгорон ва кормандон
    • Мақолаҳои донишҷӯён ва магистрон
  • Табрикот

Бойгонӣ

Хабарҳои нав

  • ИФТИТОҲИ КУРСҲОИ ОМӮЗИШИИ “ЭБРУ”, 3D ВА КОЛИГРАФИЯ ДАР ДОНИШКАДА 18.05.2026
  • ЭЪЛОН 15.05.2026
  • КОНФРОНСИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ БАХШИДА БА ОСОРИ МОНУМЕНТАЛИИ САБЗААЛӢ МУРОДЗОДАИ ШАРИФ БАРГУЗОР ГАРДИД 15.05.2026
  • ФЕСТИВАЛИ МӮД ТАҲТИ УНВОНИ «АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ» БАРГУЗОР ГАРДИД 13.05.2026
  • ИШТИРОКИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШКАДА ДАР ОЛИМПИАДАИ ҶУМҲУРИЯВӢ 08.05.2026
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

  Суроға:

кӯчаи Айни 31,
шаҳри Душанбе,
Ҷумҳурии Тоҷикистон

  Тамос:

 Тел: (+992 37) 221 72 43; 221 72 37; 227 58 77; 227 58 73
Email: design_2013@list.ru

©2013-2025 Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

  • РусскийРусский
  • EnglishEnglish
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
  • Асосӣ
  • ДОНИШКАДА
    • Маълумот дар бораи донишкада
    • Роҳбарият
    • Шӯрои олимон
      • Маълумот
      • Ҳайат
    • Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус
    • Шуъбаи умумӣ ва назорат
    • Кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ
    • Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ
  • ТАЪЛИМ
    • Шуъбаи таълим
      • Маълумот
    • Шуъбаи методӣ
      • Маълумот
      • Бахши методӣ
      • Бахши симонишинон
      • Нигористон
    • Бахши бақайдгирӣ ва машваратӣ
    • Бахши идоракунии сифати таҳсилот
    • Бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон
    • Маводи таълимии тозанашр
  • КОРҲОИ ИЛМӢ ВА ЭҶОДӢ
    • Шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия
      • Корҳои илмӣ
      • Корҳои эҷодӣ
      • Маҳфилҳои илмию эҷодӣ
    • Бахши магистратура ва аспирантура
      • Маълумот
    • Китобхона
  • ТАРБИЯ
    • Шуъбаи тарбия
    • Намоишҳо
    • Бахши ҷавонон
      • Фаъолияти бахш
    • Хобгоҳ
  • ФАКУЛТЕТҲО
    • Факултети «Дизайн»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Санъати тасвирӣ»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ»
      • Сохтор
      • Бахши такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо
      • Бахши тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ
      • Маркази бачагонаи рассомӣ
      • Курсҳои кутоҳмуддат дӯзандагӣ
  • ЧОРАБИНИҲО
    • Рисолаи хатм
  • ҶАДВАЛ
    • Ҷадвали факултети Дизайн
    • Ҷадвали факултети Санъати тасвирӣ
    • Ҷадвали факултети Т ва ТФ
  • Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

©2013-2025 Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон