Thursday, May 21, 2026
  • РусскийРусский
  • EnglishEnglish
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
  • Асосӣ
  • ДОНИШКАДА
    • Маълумот дар бораи донишкада
    • Роҳбарият
    • Шӯрои олимон
      • Маълумот
      • Ҳайат
    • Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус
    • Шуъбаи умумӣ ва назорат
    • Кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ
    • Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ
  • ТАЪЛИМ
    • Шуъбаи таълим
      • Маълумот
    • Шуъбаи методӣ
      • Маълумот
      • Бахши методӣ
      • Бахши симонишинон
      • Нигористон
    • Бахши бақайдгирӣ ва машваратӣ
    • Бахши идоракунии сифати таҳсилот
    • Бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон
    • Маводи таълимии тозанашр
  • КОРҲОИ ИЛМӢ ВА ЭҶОДӢ
    • Шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия
      • Корҳои илмӣ
      • Корҳои эҷодӣ
      • Маҳфилҳои илмию эҷодӣ
    • Бахши магистратура ва аспирантура
      • Маълумот
    • Китобхона
  • ТАРБИЯ
    • Шуъбаи тарбия
    • Намоишҳо
    • Бахши ҷавонон
      • Фаъолияти бахш
    • Хобгоҳ
  • ФАКУЛТЕТҲО
    • Факултети «Дизайн»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Санъати тасвирӣ»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ»
      • Сохтор
      • Бахши такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо
      • Бахши тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ
      • Маркази бачагонаи рассомӣ
      • Курсҳои кутоҳмуддат дӯзандагӣ
  • ЧОРАБИНИҲО
    • Рисолаи хатм
  • ҶАДВАЛ
    • Ҷадвали факултети Дизайн
    • Ҷадвали факултети Санъати тасвирӣ
    • Ҷадвали факултети Т ва ТФ
  • Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
  • Асосӣ
  • ДОНИШКАДА
    • Маълумот дар бораи донишкада
    • Роҳбарият
    • Шӯрои олимон
      • Маълумот
      • Ҳайат
    • Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус
    • Шуъбаи умумӣ ва назорат
    • Кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ
    • Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ
  • ТАЪЛИМ
    • Шуъбаи таълим
      • Маълумот
    • Шуъбаи методӣ
      • Маълумот
      • Бахши методӣ
      • Бахши симонишинон
      • Нигористон
    • Бахши бақайдгирӣ ва машваратӣ
    • Бахши идоракунии сифати таҳсилот
    • Бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон
    • Маводи таълимии тозанашр
  • КОРҲОИ ИЛМӢ ВА ЭҶОДӢ
    • Шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия
      • Корҳои илмӣ
      • Корҳои эҷодӣ
      • Маҳфилҳои илмию эҷодӣ
    • Бахши магистратура ва аспирантура
      • Маълумот
    • Китобхона
  • ТАРБИЯ
    • Шуъбаи тарбия
    • Намоишҳо
    • Бахши ҷавонон
      • Фаъолияти бахш
    • Хобгоҳ
  • ФАКУЛТЕТҲО
    • Факултети «Дизайн»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Санъати тасвирӣ»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ»
      • Сохтор
      • Бахши такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо
      • Бахши тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ
      • Маркази бачагонаи рассомӣ
      • Курсҳои кутоҳмуддат дӯзандагӣ
  • ЧОРАБИНИҲО
    • Рисолаи хатм
  • ҶАДВАЛ
    • Ҷадвали факултети Дизайн
    • Ҷадвали факултети Санъати тасвирӣ
    • Ҷадвали факултети Т ва ТФ
  • Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед

ЭҲЁИ АДОЛАТИ ТАЪРИХӢ ВА ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

21.05.2026

Дар таърихи давлатдории муосири Тоҷикистон баъзе рӯйдодҳо аҳамияти сиёсӣ, арзиши амиқи маънавию таърихӣ доранд. Иқдоми бозгардонидани мушти хоки оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат – Қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум, Шириншо Шоҳтемур ва чеҳраи барҷастаи фарҳангиву маърифатии миллат Нисор Муҳаммад аз шаҳри Москва ба Тоҷикистон маҳз аз ҷумлаи ҳамин рӯйдодҳои нодири таърихист, ки аҳамияти он аз доираи як маросими расмӣ фаротар меравад. Ин воқеа ҳамчун рамзи эҳёи адолати таърихӣ, арҷгузорӣ ба хизматҳои фарзандони фидокори миллат ва таҳкими худшиносии миллӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ аҳамияти бузурги сиёсиву фарҳангӣ дорад.

Иштироки бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими истиқболи хоки ин шахсиятҳои таърихӣ дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе нишон дод, ки сиёсати давлатии Тоҷикистон имрӯз ба рушди иқтисодӣ ва таҳкими амният равона шуда, эҳёи хотираи таърихӣ, гиромидошти фарзандони миллат ва таҳкими пояҳои маънавии давлатдорӣ низ дар меҳвари он қарор дорад. Маҳз ҳамин гуна муносибат ба таърих ва шахсиятҳои миллӣ метавонад заминаи устувори худогоҳии миллӣ ва ваҳдати ҷомеаро таъмин намояд.
Нусратулло Махсум ва Шириншо Шоҳтемур аз ҷумлаи поягузорони давлатдории тоҷикон дар асри ХХ ба шумор мераванд. Дар даврае, ки масъалаи ҳастӣ ва бақои миллати тоҷик дар фазои сиёсати мураккаби солҳои бистуму сиюми асри гузашта ҳал мешуд, маҳз ҳамин фарзандони миллат барои ҳифзи манфиатҳои тоҷикон, муайянсозии ҳудудҳои миллӣ ва таъсиси давлати тоҷикон мубориза бурданд. Агар талошҳои сиёсӣ, ҷасорат ва худогоҳии миллии онҳо намебуд, эҳтимол Тоҷикистон ҳамчун давлати алоҳида дар харитаи сиёсии минтақа арзи вуҷуд намекард.
Бояд гуфт, ки Нусратулло Махсум яке аз нахустин роҳбарони Тоҷикистон буд, ки барои табдил додани Тоҷикистон аз як воҳиди мухтор ба ҷумҳурии мустақили иттифоқӣ талошҳои бузург анҷом дод. Ба таъкиди муҳаққиқон, маҳз мактуб ва муроҷиатҳои ӯ ба роҳбарияти вақти Иттиҳоди Шуравӣ масъалаи таъсиси ҷумҳурии мустақили Тоҷикистонро ҷиддӣ ба миён гузоштанд. Шириншо Шоҳтемур низ ҳамчун сиёсатмадори бомаърифат ва ҳомии ҳуқуқи тоҷикон барои ҳифзи арзишҳои миллӣ ва муайян намудани ҷойгоҳи тоҷикон дар Осиёи Марказӣ хизмати бузург анҷом додааст. Ӯ яке аз аввалин шахсиятҳое буд, ки масъалаи поймол гардидани ҳуқуқи фарҳангӣ ва иҷтимоии тоҷиконро ба сатҳи сиёсати умумииттифоқӣ баровард.
Нисор Муҳаммад бошад, дар ташаккули низоми маориф ва фарҳанги миллӣ саҳми басо арзишманд гузошт. Ӯ аз аввалин маорифпарвароне буд, ки барои бедории фикрии ҷомеаи тоҷик, таъсиси мактабҳои нав, таҳияи китобҳои дарсӣ ва омода намудани кадрҳои миллӣ хизмат кард. Дар шароите, ки ҷомеаи тоҷик ба маърифат ва низоми муосири таълим ниёз дошт, фаъолияти Нисор Муҳаммад барои ташаккули худшиносии фарҳангии миллат нақши бузург бозид.

Сарнавишти ин фарзандони миллат ба яке аз саҳифаҳои фоҷиабори таърихи асри ХХ – таъқиботи сиёсӣ ва репрессияҳои сталинӣ пайваст. Солҳои сиюми асри гузашта ҳазорон намояндаи зиёиёну сиёсатмадорон ва фарзандони бедордили миллатҳои гуногун бо туҳматҳои сохта қурбони сиёсати худкомаи давр гардиданд. Нусратулло Махсум, Шириншо Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад низ аз ҷумлаи ҳамин қурбониён буданд. Онҳо бо айбномаҳои сохта ҳамчун “душмани халқ” ба қатл расонида шуданд ва ҳатто баъди марг низ аз ҳуқуқи инсонии дафни шоиста маҳрум гардиданд.

Мазори Донскойи Москва, ки хокистари онҳо дар он ҷо нигоҳ дошта мешуд, имрӯз ба яке аз рамзҳои фоҷиаи таърихии асри гузашта табдил ёфтааст. Ҳазорон нафаре, ки дар он ҷо бидуни гуноҳ қатл гардиданд, қурбони низоми сиёсие шуданд, ки инсон, миллат ва арзишҳои маънавиро нодида мегирифт. Аз ин рӯ, бозгардонидани мушти хоки фарзандони тоҷик аз он макон эътирофи расмии ҳақиқати таърих ва эҳёи адолат нисбат ба шахсиятҳое мебошад, ки барои миллат ҷони худро нисор кардаанд.
Аз нигоҳи сиёсӣ, ин иқдом нишон медиҳад, ки давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон имрӯз худро вориси воқеии таърихи миллӣ медонад ва барои эҳёи хотираи фарзандони миллат масъулияти маънавӣ эҳсос мекунад. Дар замони ҷаҳонишавӣ ва таҳдидҳои гуногуни фарҳангиву идеологӣ давлатҳое муваффақ мешаванд, ки ба таърих, ҳувият ва арзишҳои миллии худ такя мекунанд. Аз ҳамин ҷиҳат, сиёсати таърихпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ҷузъи муҳими сиёсати давлатсозӣ арзёбӣ мегардад. Ин иқдом аҳаммияти бузурги тарбиявӣ дорад. Насли ҷавон дарк мекунад, ки давлат фарзандони фидокори худро фаромӯш намекунад ва хизмат ба миллат арзиши ҷовидона дорад. Арҷгузорӣ ба шахсиятҳои миллӣ дар асл арҷгузорӣ ба таърих, давлатдорӣ ва истиқлоли миллӣ мебошад. Маҳз ҳамин гуна муносибат метавонад эҳсоси ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ ва ифтихори миллиро дар миёни ҷавонон тақвият бахшад.
Аз ҷиҳати маънавӣ, ба хок супоридани мушти хоки ин фарзандони миллат дар оромгоҳи Лучоби Душанбе дорои рамзи амиқ аст. Онҳо, ки замоне барои бақои Тоҷикистон мубориза бурда буданд, акнун дар Ватани азизи худ соҳиби оромгоҳ гардиданд. Ин амал нишон медиҳад, ки миллат баъд аз даҳсолаҳои тӯлонӣ ҳам фарзандони худро ба оғӯш гирифт ва хизматҳои онҳоро расман эътироф намуд.
Бояд таъкид кард, ки дар даврони истиқлолият маҳз бо ташаббус ва сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомлаӣ Раҳмон омӯзиш ва қадршиносии шахсиятҳои таърихии тоҷикон густариш ёфт. Номгузории кӯчаҳо, муассисаҳо, гузоштани муҷассамаҳо, нашри китобҳо ва таҳқиқоти илмӣ дар бораи чунин шахсиятҳо ба эҳёи хотираи таърихӣ мусоидат намуданд. Бозгардонидани хоки онҳо идомаи мантиқии ҳамин сиёсати давлатдорӣ мебошад.

Дар баробари иқдоми таърихии бозгардонидани мушти хоки Нусратулло Махсум, Шириншо Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад ба Ватан, бояд таъкид намуд, ки сиёсати фарҳангпарварона ва ҳувиятсози Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар шакли ташаббусҳои бузурги миллӣ пайваста амалӣ гардидааст. Ин сиёсати фарҳангӣ ба эҳёи арзишҳои таърихиву маънавӣ, таҳкими худшиносии миллӣ, гирмоидошти хотираи таърихӣ ва боло бурдани ифтихори миллӣ равона шудааст.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ибтикори Сарвари давлат солгарди бузургтарин чеҳраҳои адабу фарҳанг ва илму тамаддуни тоҷик дар сатҳи баланд таҷлил гардид. Ҷашнҳои 1100-солагии Давлати Сомониён, 1000-солагии Носири Хусрав, 800-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, 1150-солагии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, 1310-солагии Имоми Аъзам, 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 600-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ, 700-солагии Камоли Хуҷандӣ ва дигарон ба рӯйдодҳои муҳими фарҳангии кишвар табдил ёфтанд. Ин ҷашнҳо ҳамчун василаи эҳёи тафаккури миллӣ ва шинохти решаҳои тамаддунии тоҷикон хизмат карданд.
Дар ҳамин замина, ташаббуси нашр ва дастраси мардум гардондани осори бузурги таърихиву адабӣ низ аҳамияти вижа дорад. Аз ҷумла, иқдоми нашри китоби безаволи Абулқосим Фирдавсӣ – “Шоҳнома” ва “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафурову ба ҳар як хонадони Тоҷикистон тақдим гардидани онҳо яке аз муҳимтарин иқдомҳои фарҳангии даврони истиқлол маҳсуб мешавад. Ин асарҳо ойинаи таърих, давлатдорӣ, худогоҳӣ ва ифтихори миллии тоҷикон мебошанд. Тақдими онҳо ба мардум маънои эҳёи рӯҳи миллӣ ва пайванди ҷомеа бо мероси бузурги ниёгонро дошт. Ин ташаббусҳо нишон медиҳанд, ки сиёсати давлатии Тоҷикистон имрӯз ба эҳёи хотираи таърихӣ, арҷгузорӣ ба мероси ниёгон ва таҳкими ҳувияти миллӣ равона шудааст. Маҳз дар ҳамин замина иқдоми бозгардонидани мушти хоки фарзандони фарзонаи миллат низ идомаи мантиқии ҳамин сиёсати фарҳангпарварона ва таърихсоз мебошад.
Дар идомаи чунин иқдомҳои наҷиб метавон гуфт, ки агар дар оянда хоки мазори дигар бузургони тамаддуну адабиёти форсу тоҷик, аз ҷумла Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ ва дигар шахсиятҳои барҷастаи таърихиву фарҳангӣ низ ба Тоҷикистон оварда шуда, ба таври рамзӣ дар кишвар гиромӣ дошта шаванд, яке аз бузургтарин ва наҷибтарин иқдомҳои фарҳангиву маънавии даврони истиқлол хоҳад буд. Зеро чунин амалҳо эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ, таҳкими пайванди маънавии миллат бо решаҳои тамаддунии худ ва эҳёи ифтихори миллиро боз ҳам тақвият мебахшанд. Миллате, ки гузашта ва бузургони худро гиромӣ медорад, метавонад ояндаи устувор ва давлатдории қавӣ бунёд намояд. Аз ҳамин ҷост, ки сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат имрӯз ҳамчун яке аз омилҳои муҳими таҳкими ваҳдати миллӣ, худшиносӣ ва пойдории давлатдории тоҷикон арзёбӣ мегардад.
Дар маҷмуъ, ин рӯйдоди таърихӣ аҳамияти бисёрҷанба дорад. Он аз як тараф эҳёи адолати таърихӣ ва гиромидошти фарзандони миллат аст, аз ҷониби дигар, рамзи таҳкими давлатдорӣ, худшиносии миллӣ ва сиёсати фарҳангпарваронаи давлати соҳибистиқлол мебошад. Ин иқдом собит сохт, миллате, ки ба таърих ва қаҳрамонони худ эҳтиром мегузорад, метавонад ояндаи устувор ва давлатдории пойдор бунёд намояд. Бешубҳа, бозгардонидани мушти хоки Нусратулло Махсум, Шириншо Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад ба Ватан ҳамчун яке аз рӯйдодҳои муҳими таърихии даврони истиқлол дар хотираи миллӣ боқӣ хоҳад монд. Ин воқеа эҳтиром ба гузашта ва паём ба наслҳои имрӯз ва фардост, ки давлат ва миллат хизматҳои фарзандони содиқу фидокори худро ҳаргиз фаромӯш намекунад.
Фирӯз ҲАИТОВ,
мудири шуъбаи магистратура, аспирантура
ва докторантураи Донишкада, вакили
Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансур
Ба қафо

ИФТИТОҲИ КУРСҲОИ ОМӮЗИШИИ “ЭБРУ”, 3D ВА КОЛИГРАФИЯ ДАР ДОНИШКАДА

Рубрикахо

  • Хабарҳо
  • Конференсияҳо
  • Намоишҳо
  • Чорабиниҳо
  • Корҳои эҷодӣ
  • Маркази бачагонаи рассомӣ
  • Эълон
  • Мақолаҳо
    • Мақолаҳои магистрҳо
    • Маколаҳои омӯзгорон ва кормандон
    • Мақолаҳои донишҷӯён ва магистрон
  • Табрикот

Бойгонӣ

Хабарҳои нав

  • ЭҲЁИ АДОЛАТИ ТАЪРИХӢ ВА ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ 21.05.2026
  • ИФТИТОҲИ КУРСҲОИ ОМӮЗИШИИ “ЭБРУ”, 3D ВА КОЛИГРАФИЯ ДАР ДОНИШКАДА 18.05.2026
  • ЭЪЛОН 15.05.2026
  • КОНФРОНСИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ БАХШИДА БА ОСОРИ МОНУМЕНТАЛИИ САБЗААЛӢ МУРОДЗОДАИ ШАРИФ БАРГУЗОР ГАРДИД 15.05.2026
  • ФЕСТИВАЛИ МӮД ТАҲТИ УНВОНИ «АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ» БАРГУЗОР ГАРДИД 13.05.2026
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

  Суроға:

кӯчаи Айни 31,
шаҳри Душанбе,
Ҷумҳурии Тоҷикистон

  Тамос:

 Тел: (+992 37) 221 72 43; 221 72 37; 227 58 77; 227 58 73
Email: design_2013@list.ru

©2013-2025 Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

  • РусскийРусский
  • EnglishEnglish
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
  • Асосӣ
  • ДОНИШКАДА
    • Маълумот дар бораи донишкада
    • Роҳбарият
    • Шӯрои олимон
      • Маълумот
      • Ҳайат
    • Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус
    • Шуъбаи умумӣ ва назорат
    • Кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ
    • Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ
  • ТАЪЛИМ
    • Шуъбаи таълим
      • Маълумот
    • Шуъбаи методӣ
      • Маълумот
      • Бахши методӣ
      • Бахши симонишинон
      • Нигористон
    • Бахши бақайдгирӣ ва машваратӣ
    • Бахши идоракунии сифати таҳсилот
    • Бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон
    • Маводи таълимии тозанашр
  • КОРҲОИ ИЛМӢ ВА ЭҶОДӢ
    • Шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия
      • Корҳои илмӣ
      • Корҳои эҷодӣ
      • Маҳфилҳои илмию эҷодӣ
    • Бахши магистратура ва аспирантура
      • Маълумот
    • Китобхона
  • ТАРБИЯ
    • Шуъбаи тарбия
    • Намоишҳо
    • Бахши ҷавонон
      • Фаъолияти бахш
    • Хобгоҳ
  • ФАКУЛТЕТҲО
    • Факултети «Дизайн»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Санъати тасвирӣ»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ»
      • Сохтор
      • Бахши такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо
      • Бахши тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ
      • Маркази бачагонаи рассомӣ
      • Курсҳои кутоҳмуддат дӯзандагӣ
  • ЧОРАБИНИҲО
    • Рисолаи хатм
  • ҶАДВАЛ
    • Ҷадвали факултети Дизайн
    • Ҷадвали факултети Санъати тасвирӣ
    • Ҷадвали факултети Т ва ТФ
  • Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

©2013-2025 Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон