Дар бахши такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳои Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон аз оғози соли нав таҳсили 16 нафар шунавандагон, аз ҷумла 10 нафар омӯзгорон аз худи донишкада, 4 нафар аз Донишгоҳи давлатии Данғара ва 2 нафар аз Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов идома дошта, инчунин аз аввали моҳи феврал боз 4 нафар аз донишкада, 2 нафар аз Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов ва як нафар аз Муассисаи давлатии “Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявии ба номи М. Атоев” дар равияи санъатшиносӣ ба курси махсуси такмили ихтисос фаро гирифта шуданд. Таҳсил дар курсҳои такмили ихтисоси донишкада як моҳ давом мекунад. Тибқи нақша дар миёнаҳои моҳи феврал  шунавандагоне, ки дар оғози сол ба бозомӯзию такмили ихтисос фаро гирифта шуда буданд, аз фанҳои тахассусии рангакашӣ, қаламкашӣ ва композитсия имтиҳон месупоранд.

Курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳои  Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо қарори Шӯрои олимони донишкада ва тибқи иҷозатномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ, ки яке аз бандҳои он ташкили курсҳои кутоҳмуддати такмили ихтисос мебошад, аз 4 июли соли 2018 таҳти рақами 3212 амал мекунанд. Соли гузашта  11 нафар омӯзгорон, аз ҷумла 7 нафар аз худи донишкада ва 4  нафар аз Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов  курси равияи санъати тасвириро хатм карда, соҳиби сертификати такмили ихтисос гаштанд.

-Мо ба тамоми муассисаҳое, ки имкони фиристодани шунавандагонро ба курсҳои такмили ихтисос дар бахши санъат доранд, дар алоқа ҳастем ва барои ҷалби шунавандагон кори фаҳмондадиҳӣ мебарем. Ҳама чораҳои лозимаро дида истодаем, ки сифати бозомӯзии кадрҳо дар сатҳи баланд ба роҳ монда шавад,- мегӯяд ректори донишкада, номзади илмҳои меъморӣ Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат.

Н.Худойбахшов

Дар суратҳо: иштирокчиёни курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ ҳангоми дарсҳои амалӣ.