Saturday, October 3, 2026
  • РусскийРусский
  • EnglishEnglish
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
  • Асосӣ
  • ДОНИШКАДА
    • Маълумот дар бораи донишкада
    • Роҳбарият
    • Шӯрои олимон
      • Маълумот
      • Ҳайат
    • Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус
    • Шуъбаи умумӣ ва назорат
    • Кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ
    • Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ
  • ТАЪЛИМ
    • Шуъбаи таълим
      • Маълумот
    • Шуъбаи методӣ
      • Маълумот
      • Бахши методӣ
      • Бахши симонишинон
      • Нигористон
    • Бахши бақайдгирӣ ва машваратӣ
    • Бахши идоракунии сифати таҳсилот
    • Бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон
    • Маводи таълимии тозанашр
  • КОРҲОИ ИЛМӢ ВА ЭҶОДӢ
    • Шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия
      • Корҳои илмӣ
      • Корҳои эҷодӣ
      • Маҳфилҳои илмию эҷодӣ
    • Бахши магистратура ва аспирантура
      • Маълумот
    • Китобхона
  • ТАРБИЯ
    • Шуъбаи тарбия
    • Намоишҳо
    • Бахши ҷавонон
      • Фаъолияти бахш
    • Хобгоҳ
  • ФАКУЛТЕТҲО
    • Факултети «Дизайн»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Санъати тасвирӣ»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ»
      • Сохтор
      • Бахши такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо
      • Бахши тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ
      • Маркази бачагонаи рассомӣ
      • Курсҳои кутоҳмуддат дӯзандагӣ
  • ЧОРАБИНИҲО
    • Рисолаи хатм
  • ҶАДВАЛ
    • Ҷадвали факултети Дизайн
    • Ҷадвали факултети Санъати тасвирӣ
    • Ҷадвали факултети Т ва ТФ
  • Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
  • Асосӣ
  • ДОНИШКАДА
    • Маълумот дар бораи донишкада
    • Роҳбарият
    • Шӯрои олимон
      • Маълумот
      • Ҳайат
    • Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус
    • Шуъбаи умумӣ ва назорат
    • Кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ
    • Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ
  • ТАЪЛИМ
    • Шуъбаи таълим
      • Маълумот
    • Шуъбаи методӣ
      • Маълумот
      • Бахши методӣ
      • Бахши симонишинон
      • Нигористон
    • Бахши бақайдгирӣ ва машваратӣ
    • Бахши идоракунии сифати таҳсилот
    • Бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон
    • Маводи таълимии тозанашр
  • КОРҲОИ ИЛМӢ ВА ЭҶОДӢ
    • Шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия
      • Корҳои илмӣ
      • Корҳои эҷодӣ
      • Маҳфилҳои илмию эҷодӣ
    • Бахши магистратура ва аспирантура
      • Маълумот
    • Китобхона
  • ТАРБИЯ
    • Шуъбаи тарбия
    • Намоишҳо
    • Бахши ҷавонон
      • Фаъолияти бахш
    • Хобгоҳ
  • ФАКУЛТЕТҲО
    • Факултети «Дизайн»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Санъати тасвирӣ»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ»
      • Сохтор
      • Бахши такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо
      • Бахши тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ
      • Маркази бачагонаи рассомӣ
      • Курсҳои кутоҳмуддат дӯзандагӣ
  • ЧОРАБИНИҲО
    • Рисолаи хатм
  • ҶАДВАЛ
    • Ҷадвали факултети Дизайн
    • Ҷадвали факултети Санъати тасвирӣ
    • Ҷадвали факултети Т ва ТФ
  • Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ОМӮЗГОР ВА РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ДАР ДОНИШКАДА

03.10.2026

Имрӯз дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи омӯзгор ва Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти Донишкада, кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯёни муассиса иштирок намуда, нақши омӯзгорро дар тарбияи насли ҷавон ва аҳамияти забони давлатӣ дар таҳкими худшиносии миллӣ ва рушди фарҳангу маърифати ҷомеаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамоиши тантанавӣ дар фазои идона баргузор гардида, иштирокчиён бо таърихи ташаккул ва мақоми омӯзгор, рисолати касбии аҳли таълиму тарбия ва ҷойгоҳи забони давлатӣ дар ҳаёти иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маънавии кишвар андешаронӣ намуданд. Таъкид гардид, ки омӯзгор дар ҷомеа ҳамчун роҳнамои тарбия ва маърифат нақши калидӣ дошта, бо дониш, таҷриба ва фаъолияти созандаи худ дар ташаккули ҷаҳонбинӣ, маърифати касбӣ ва ахлоқии ҷавонон саҳми арзанда мегузорад.
Нахуст муовини ректор оид ба таълим Ҷамила Худойбердиева суханронӣ намуда, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи омӯзгор ва Рӯзи забони давлатӣ табрик гуфт. Ӯ зимни суханронӣ аз мақоми омӯзгор дар низоми таҳсилоти олӣ ва нақши он дар омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир ёдовар шуда, таъкид намуд, ки фаъолияти омӯзгор дар муассисаи таҳсилоти олӣ бо таълими донишҷӯён маҳдуд нашуда, ба ташаккули ҷаҳонбинӣ, маърифати шаҳрвандӣ, завқи зебоипарастӣ ва эҳсоси масъулияти онҳо дар назди ҷомеа низ таъсири амиқ мерасонад.
Зикр гардид, ки дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон омӯзгорон дар баробари таълими донишҳои назариявӣ ва амалӣ, барои рушди истеъдоди эҷодии донишҷӯён, такмили маҳорати касбӣ ва омодасозии мутахассисони соҳаи санъат ва дизайн фаъолияти мунтазам анҷом медиҳанд. Маҳз тавассути заҳмати омӯзгорон ва устодони соҳибтаҷриба муҳити созандаи таълимию эҷодӣ дар Донишкада ташаккул ёфта, барои рушди қобилияти эҷодии ҷавонон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Дар идомаи чорабинӣ дотсенти кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ Сайнуриддин Акобиров баромад намуда, дар бораи ҷойгоҳи забони давлатӣ ҳамчун рукни муҳими давлатдорӣ ва омили пайванди маънавии ҷомеа сухан гуфт. Ӯ таъкид кард, ки забон дар ҳифзи таъриху фарҳанг, арзишҳои миллӣ ва худшиносии мардум нақши бузург дошта, омӯзишу истифодаи дурусти он аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими ҳар як шаҳрванди кишвар ба ҳисоб меравад.

Ҳамзамон, дар суханронӣ ба масъалаи риояи меъёрҳои забони тоҷикӣ дар муҳити таълимӣ ва фаъолияти касбӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд. Таъкид гардид, ки донишҷӯёни муассисаи таҳсилоти олӣ бояд дар баробари аз худ намудани ихтисоси интихобкардаи худ ба фарҳанги сухан, саводи забонӣ ва истифодаи дурусти забони давлатӣ дар фаъолияти минбаъдаи касбӣ низ аҳамияти ҷиддӣ диҳанд. Барои донишҷӯёни соҳаи санъат ва дизайн ин масъала аҳамияти хос дошта, забон ҳамчун воситаи муҳими ифодаи андеша, муаррифии эҷодиёт ва муоширати касбӣ хизмат менамояд.

Дар идома донишҷӯёни Донишкада бо қироати шеърҳои ба забони тоҷикӣ, Ватан, омӯзгор ва арзишҳои миллӣ бахшида ба чорабинӣ ҳусни тоза бахшиданд. Қироати шеър аз ҷониби донишҷӯён ба фазои ҳамоиш рӯҳияи идона бахшида, маҳорати суханварӣ ва завқи адабии ҷавононро инъикос намуд.
Сипас, аз ҷониби Кумитаи иттифоқҳои касабаи муттаҳидаи кормандону донишҷӯёни Донишкада ба як қатор омӯзгорони собиқадор ва ҷавони муассиса мукофотпулӣ тақдим карда шуд. Ин иқдом ҳамчун нишонаи эҳтиром ба заҳмати омӯзгорон ва қадрдонӣ аз саҳми онҳо дар рушди соҳаи таълиму тарбия ва фаъолияти донишкада сурат гирифта, барои устодон ва омӯзгорони ҷавон рӯҳияи тоза бахшид.
Қисмати фарҳангии ҳамоиш низ бо барномаи ҷолибу рангин идома ёфт. Дар ин бахши чорабинӣ овозхонҳои Ансамбли давлатии «Фалак»-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳунарнамоӣ намуда, сурудҳои дилнишинро пешкаши иштирокчиён гардониданд. Суруду оҳангҳои миллӣ ба чорабинӣ ҳусни хоса бахшида, фазои толорро бо рӯҳияи идона ва эҳсоси муҳаббат ба фарҳангу ҳунари миллӣ фаро гирифтанд.
Ба қафо

ДОНИШКАДАИ САНЪАТИ ТАСВИРӢ ВА ДИЗАЙН – МАКОНИ БАРГУЗОРИИ НОМИНАТСИЯҲОИ “САНЪАТИ ТАСВИРӢ” ВА “ҲУНАРҲОИ БАДЕӢ”-И БОЗИҲОИ XX ДЕЛФӢ

Рубрикахо

  • Хабарҳо
  • Конференсияҳо
  • Намоишҳо
  • Чорабиниҳо
  • Корҳои эҷодӣ
  • Маркази бачагонаи рассомӣ
  • Эълон
  • Мақолаҳо
    • Мақолаҳои магистрҳо
    • Маколаҳои омӯзгорон ва кормандон
    • Мақолаҳои донишҷӯён ва магистрон
  • Табрикот

Бойгонӣ

Хабарҳои нав

  • ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ОМӮЗГОР ВА РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ДАР ДОНИШКАДА 03.10.2026
  • ДОНИШКАДАИ САНЪАТИ ТАСВИРӢ ВА ДИЗАЙН – МАКОНИ БАРГУЗОРИИ НОМИНАТСИЯҲОИ “САНЪАТИ ТАСВИРӢ” ВА “ҲУНАРҲОИ БАДЕӢ”-И БОЗИҲОИ XX ДЕЛФӢ 03.10.2026
  • ТАБРИКОТИ РЕКТОРИ ДОНИШКАДАИ ДАВЛАТИИ САНЪАТИ ТАСВИРӢ ВА ДИЗАЙНИ ТОҶИКИСТОН ҶӮРАХОНЗОДА СИРОҶИДДИН ШАМСУЛЛО БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ОМӮЗГОР  02.10.2026
  • НАҚШИ ҲХДТ ДАР ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ ИСТИҚЛОЛУ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН 08.09.2026
  • БА ТАВАҶҶУҲИ ДОВТАЛАБОН! 02.07.2026
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

  Суроға:

кӯчаи Айни 31,
шаҳри Душанбе,
Ҷумҳурии Тоҷикистон

  Тамос:

 Тел: (+992 37) 221 72 43; 221 72 37; 227 58 77; 227 58 73
Email: design_2013@list.ru

©2013-2025 Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

  • РусскийРусский
  • EnglishEnglish
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
  • Асосӣ
  • ДОНИШКАДА
    • Маълумот дар бораи донишкада
    • Роҳбарият
    • Шӯрои олимон
      • Маълумот
      • Ҳайат
    • Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус
    • Шуъбаи умумӣ ва назорат
    • Кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ
    • Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ
  • ТАЪЛИМ
    • Шуъбаи таълим
      • Маълумот
    • Шуъбаи методӣ
      • Маълумот
      • Бахши методӣ
      • Бахши симонишинон
      • Нигористон
    • Бахши бақайдгирӣ ва машваратӣ
    • Бахши идоракунии сифати таҳсилот
    • Бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон
    • Маводи таълимии тозанашр
  • КОРҲОИ ИЛМӢ ВА ЭҶОДӢ
    • Шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия
      • Корҳои илмӣ
      • Корҳои эҷодӣ
      • Маҳфилҳои илмию эҷодӣ
    • Бахши магистратура ва аспирантура
      • Маълумот
    • Китобхона
  • ТАРБИЯ
    • Шуъбаи тарбия
    • Намоишҳо
    • Бахши ҷавонон
      • Фаъолияти бахш
    • Хобгоҳ
  • ФАКУЛТЕТҲО
    • Факултети «Дизайн»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Санъати тасвирӣ»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ»
      • Сохтор
      • Бахши такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо
      • Бахши тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ
      • Маркази бачагонаи рассомӣ
      • Курсҳои кутоҳмуддат дӯзандагӣ
  • ЧОРАБИНИҲО
    • Рисолаи хатм
  • ҶАДВАЛ
    • Ҷадвали факултети Дизайн
    • Ҷадвали факултети Санъати тасвирӣ
    • Ҷадвали факултети Т ва ТФ
  • Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

©2013-2025 Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон