Saturday, October 3, 2026
  • РусскийРусский
  • EnglishEnglish
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
  • Асосӣ
  • ДОНИШКАДА
    • Маълумот дар бораи донишкада
    • Роҳбарият
    • Шӯрои олимон
      • Маълумот
      • Ҳайат
    • Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус
    • Шуъбаи умумӣ ва назорат
    • Кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ
    • Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ
  • ТАЪЛИМ
    • Шуъбаи таълим
      • Маълумот
    • Шуъбаи методӣ
      • Маълумот
      • Бахши методӣ
      • Бахши симонишинон
      • Нигористон
    • Бахши бақайдгирӣ ва машваратӣ
    • Бахши идоракунии сифати таҳсилот
    • Бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон
    • Маводи таълимии тозанашр
  • КОРҲОИ ИЛМӢ ВА ЭҶОДӢ
    • Шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия
      • Корҳои илмӣ
      • Корҳои эҷодӣ
      • Маҳфилҳои илмию эҷодӣ
    • Бахши магистратура ва аспирантура
      • Маълумот
    • Китобхона
  • ТАРБИЯ
    • Шуъбаи тарбия
    • Намоишҳо
    • Бахши ҷавонон
      • Фаъолияти бахш
    • Хобгоҳ
  • ФАКУЛТЕТҲО
    • Факултети «Дизайн»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Санъати тасвирӣ»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ»
      • Сохтор
      • Бахши такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо
      • Бахши тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ
      • Маркази бачагонаи рассомӣ
      • Курсҳои кутоҳмуддат дӯзандагӣ
  • ЧОРАБИНИҲО
    • Рисолаи хатм
  • ҶАДВАЛ
    • Ҷадвали факултети Дизайн
    • Ҷадвали факултети Санъати тасвирӣ
    • Ҷадвали факултети Т ва ТФ
  • Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
  • Асосӣ
  • ДОНИШКАДА
    • Маълумот дар бораи донишкада
    • Роҳбарият
    • Шӯрои олимон
      • Маълумот
      • Ҳайат
    • Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус
    • Шуъбаи умумӣ ва назорат
    • Кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ
    • Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ
  • ТАЪЛИМ
    • Шуъбаи таълим
      • Маълумот
    • Шуъбаи методӣ
      • Маълумот
      • Бахши методӣ
      • Бахши симонишинон
      • Нигористон
    • Бахши бақайдгирӣ ва машваратӣ
    • Бахши идоракунии сифати таҳсилот
    • Бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон
    • Маводи таълимии тозанашр
  • КОРҲОИ ИЛМӢ ВА ЭҶОДӢ
    • Шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия
      • Корҳои илмӣ
      • Корҳои эҷодӣ
      • Маҳфилҳои илмию эҷодӣ
    • Бахши магистратура ва аспирантура
      • Маълумот
    • Китобхона
  • ТАРБИЯ
    • Шуъбаи тарбия
    • Намоишҳо
    • Бахши ҷавонон
      • Фаъолияти бахш
    • Хобгоҳ
  • ФАКУЛТЕТҲО
    • Факултети «Дизайн»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Санъати тасвирӣ»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ»
      • Сохтор
      • Бахши такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо
      • Бахши тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ
      • Маркази бачагонаи рассомӣ
      • Курсҳои кутоҳмуддат дӯзандагӣ
  • ЧОРАБИНИҲО
    • Рисолаи хатм
  • ҶАДВАЛ
    • Ҷадвали факултети Дизайн
    • Ҷадвали факултети Санъати тасвирӣ
    • Ҷадвали факултети Т ва ТФ
  • Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед

ИФТИХОР ДОРАМ, КИ ОМӮЗГОРАМ

03.10.2026

Омӯзгор чароғи раҳнамо ва ҳидоятгари инсон ба роҳи дониш, маърифат ва камолоти маънавӣ аст. Дар ҳама давру замон ҷомеае, ки ба илму дониш ва тарбияи насли наврас арҷ мегузорад, ба мақому рисолати омӯзгор низ эҳтироми хосса дорад. Беҳуда нест, ки аҳли хирад омӯзгорро роҳнамои инсон, тарбиятгари рӯҳ ва меъмори маънавии ҷомеа номидаанд. Зеро ҳар шахсияти бузург, ҳар донишманд, табиб, муҳандис, ҳунарманд, шоир, нависанда ва дигар мутахассисе, ки дар рушди ҷомеа саҳм мегузорад, нахуст аз мактаби устоду омӯзгор гузаштааст.

Гузаштагони бузурги мо омӯзгорро равшанкунандаи машъали илму дониш ва бедоркунандаи андешаи инсон медонистанд. Мақоми омӯзгор дар фарҳангу маърифати миллати тоҷик аз қадим баланд буда, дар осори адибону донишмандон ва мутафаккирони гузашта васфу ситоиши зиёде шудааст. Ин эҳтиром аз он сарчашма мегирад, ки омӯзгор инсонро аз ҷаҳони нодонӣ ба олами маърифат раҳнамун месозад ва ба ӯ роҳи дурусти зиндагиро нишон медиҳад. Дар ҳама давру замон ҷомеаи инсонӣ бе устод ва омӯзгор тасаввурнопазир аст. Мо дониш, ҷаҳонбинӣ ва бисёре аз малакаҳои зиндагиро аз устодони худ меомӯзем. Омӯзгор дар лаҳзаҳои муҳими ташаккули шахсияти инсон дар паҳлуи шогирд қарор гирифта, ба ӯ дониш меомӯзонад, роҳи дурустро нишон медиҳад ва барои ба зиндагии мустақилона омода шуданаш замина мегузорад. Аз ҳамин ҷост, ки мақоми омӯзгор дар ҷомеа ҳамеша бо эҳтирому эътимоди хосса ҳамроҳ будааст.
Бузургон омӯзгорро ба шамъ монанд кардаанд, ки худ месӯзад ва ба дигарон равшанӣ мебахшад. Ин ташбеҳ моҳияти касби омӯзгориро хеле хуб ифода мекунад. Зеро омӯзгор неру, дониш, вақт ва таҷрибаи худро барои тарбия ва таълими шогирдон сарф намуда, дар иваз аз пешрафт ва комёбии онҳо ифтихор мекунад. Мақоми омӯзгор дар фарҳанги маънавии башар низ ҷойгоҳи махсус дорад. Дар таълимоти динӣ ва андешаҳои донишмандони соҳаҳои гуногун устод ҳамчун шахси соҳибэҳтиром ва роҳнамои инсон муаррифӣ шудааст. Аз ҷумла, дар адабиёти классикии форсу тоҷик мақоми устод борҳо таъкид гардида, ҳаққи ӯ аз ҷумлаи бузургтарин ҳуқуқҳои маънавии инсон дониста шудааст:
Ҳаққи устод аз падар беш аст,
В-аз падар устод дар пеш аст.
Ин суханон аз он шаҳодат медиҳанд, ки нақши устод дар ташаккули шахсияти инсон то чӣ андоза муҳим мебошад. Падар инсонро ба ҳаёт меорад, аммо устод ба ӯ роҳи дониш, маърифат ва камолро меомӯзонад. Ба ибораи дигар, омӯзгор барои инсон роҳи маънавии зиндагиро боз мекунад.
Муаллимро метавон равшангари роҳи шогирдон номид. Ӯ нури донишро дар қалби онҳо фурӯзон намуда, ҷаҳони маънавии онҳоро васеъ мегардонад. Дар зиндагӣ бисёр мушкилоте ҳастанд, ки бо донишу таҷриба метавон онҳоро осон намуд. Омӯзгор дар ин раванд нақши роҳнамо дошта, шогирдро ба андешидан, ҷустуҷӯ кардан ва мустақилона роҳи ҳалли масъалаҳоро ёфтан ҳидоят менамояд. Беҳуда нагуфтаанд:
Ҳар киро устод набвад, кор бар бунёд нест,
Дар раҳи маънӣ рафиқе беҳтар аз устод нест.
Сарчашмаи бисёре аз дастовардҳои ҷомеа маҳз аз меҳнати омӯзгор оғоз меёбад. Омӯзгорон вазифаи масъулиятноки тарбия ва таълими насли наврасро бар дӯш доранд. Онҳо дар раванди фаъолияти ҳаррӯзаи худ бо инсон, бо андеша, эҳсос ва ҷаҳонбинии ӯ сару кор мегиранд. Ин масъулият осон нест, зеро ҳар шогирд дорои қобилият, хислат ва ҷаҳони ботинии хоси худ мебошад. Омӯзгор бояд ин хусусиятҳоро дарк карда, барои рушди қобилиятҳои ҳар як шогирд шароити мусоид фароҳам оварад.

Муаллимро ба қавли аҳли хирад «муҳандиси рӯҳи инсон» меноманд. Агар муҳандис сохтмонро бар асоси нақша ва ҳисобу китоб бунёд намояд, омӯзгор бошад, шахсияти инсонро тавассути дониш, тарбия, ахлоқ ва маърифат ташаккул медиҳад. Ӯ аз рӯзҳои нахустини ба мактаб қадам гузоштани кӯдак ба ӯ одобу ахлоқ, эҳтироми калонсолон, меҳру муҳаббат ба Ватан, дӯст доштани дониш ва муносибати дуруст ба ҷомеаро меомӯзонад. Омӯзгор оинаи ҷомеа мебошад. Зеро рафтору гуфтор, ҷаҳонбинӣ ва муносибати ӯ ба кору шогирдон барои насли ҷавон намунаи ибрат мегардад. Ҳар сухани омӯзгор, ҳар рафтор ва муносибати ӯ метавонад ба ташаккули шахсияти шогирд таъсири амиқ расонад. Аз ин рӯ, омӯзгор бояд ҳамеша барои баланд бардоштани сатҳи дониш, фарҳанг, маърифат ва масъулияти касбии худ кӯшиш намояд.

Дар ҳама давру замон омӯзгор шахси соҳибэҳтиром буд ва боқӣ хоҳад монд, зеро тарбияи насли наврас ва ояндаи миллат ба фаъолияти ӯ пайванди ногусастанӣ дорад. Муаллим умри худро ба таълиму тарбияи шогирдон мебахшад ва бо умеди он зиндагӣ мекунад, ки шогирдонаш соҳиби дониш, маърифат ва ахлоқи ҳамида шуда, ба халқу Ватани худ содиқона хизмат намоянд. Касби омӯзгориро бузургони башар дар ҳама давру замон яке аз муҳимтарин ва масъулиятноктарин пешаҳо донистаанд. Бедории фикр, покии ахлоқ ва ташаккули қобилияти ақлонии инсон то андозае маҳсули заҳмати омӯзгор аст. Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ низ аҳамияти омӯзгорро дар ҷомеа ба таври равшан баён кардааст:
Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор,
Шавад тира зи бехирад рӯзгор.
Ин байтҳо моҳияти рисолати омӯзгорро хеле возеҳ ифода мекунанд. Бе дониш ва маърифат пешрафти ҷомеа имконнопазир аст ва омӯзгор ҳамон шахсест, ки роҳи расидан ба донишро барои инсон мекушояд. Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ низ дар бораи нақши устод ва роҳнамои маънавӣ чунин мефармояд:
Ҳеҷ кас аз пеши худ чизе нашуд,
Ҳеҷ оҳан ханҷари тезе нашуд.
Ин андеша моро ба он водор месозад, ки дар паси ҳар комёбии инсон меҳнати устод, тарбия ва роҳнамоии шахсе меистад, ки барои ба камол расидани ӯ саҳм гузоштааст.
Омӯзгор бо рӯҳи инсон сару кор дорад ва ҷаҳони ботинии шогирдонро дарк менамояд. Аз қуллаи баланди касби омӯзгорӣ ӯ дар оянда шогирдони худро дар симои олимони соҳибмақом, муҳандисон, табибон, меъморон, ҳунармандон, рассомон, дизайнерон, адибон ва дигар мутахассисони варзида мебинад. Аз ҳамин ҷост, ки дигар касбу пешаҳо низ дар назди касби омӯзгорӣ сари эҳтиром фуруд меоранд, зеро барои ташаккули ҳар кадоми онҳо саҳми омӯзгор вуҷуд дорад.
Пешаи омӯзгорӣ дониши ҳамаҷониба, ҷаҳонбинии васеъ, таҷрибаи баланди педагогӣ, муҳаббат ба касб ва муносибати самимӣ ба шогирдонро талаб менамояд. Фаъолияти омӯзгорӣ ҳамкории доимӣ бо шогирдон, шинохти олами ботинии онҳо, дарёфти истеъдоду қобилиятҳо ва мусоидат ба рушди шахсии ҳар як хонандаву донишҷӯ мебошад. Дили поку беолоиши шогирд набояд бо муносибати нодуруст ранҷонида шавад. Баръакс, бояд дар қалби ӯ хирад, виҷдон, ахлоқи ҳамида, меҳру муҳаббат ба Ватан ва ҳисси масъулиятро парвариш намуд. Беҳуда нагуфтаанд:
Баланд аст аз фалак номи муаллим,
Бувад ҷонбахши мо, ҷони муаллим.
Набошад неъмате дар ҳар ду олам,
Ҳалол аст пораи нони муаллим.
Шахсе, ки барои омӯхтан ва аз худ намудани касбу ҳунар заҳмат мекашад, табиист, ки мехоҳад натиҷаи меҳнати худро бубинад. Аммо ба омӯзгор мисли баъзе касбу пешаҳо дидани самараи меҳнат дар муддати кӯтоҳ муяссар намешавад. Меҳнати ӯ имрӯз оғоз ёфта, натиҷааш метавонад баъд аз солҳои зиёд падидор гардад. Аз лаҳзаи таълиму тарбияи кӯдак то ба камол расидани ӯ солҳо сипарӣ мешаванд. Аз ин рӯ, омӯзгор пеш аз ҳама ба сабру таҳаммул, матонат ва муҳаббат ба касби худ ниёз дорад.
Самараи заҳмати омӯзгор замоне равшан мегардад, ки ӯ шогирдашро дар мақоми донишманд, мутахассиси соҳибтаҷриба, ҳунарманди варзида ё шахси барои ҷомеа судманд мебинад. Он лаҳза барои омӯзгор яке аз ширинтарин лаҳзаҳои ҳаёт аст, зеро дар комёбии шогирд маҳсули меҳнати чандинсолаи худро эҳсос мекунад. Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ низ ба аҳамияти меҳнату талош ишора намуда, мефармояд:
Ҳар кӣ ранҷе дид, ганҷе шуд падид,
Ҳар кӣ ҷидде кард, дар ҷадде расид.
Бе дастгирӣ ва роҳнамоии устод расидан ба қуллаҳои баланди дониш ва касб кори осон нест. Дар ягон давру замон қадру қимати устод ва мураббӣ аз байн нарафтааст ва нахоҳад рафт. Номи омӯзгор дар хотири шогирд ҳамчун хотираи нек ва намунаи роҳнамоии маънавӣ боқӣ мемонад. Бисёр вақт инсон баъд аз солҳои таҳсил низ сухан, панд ва маслиҳати устодашро ба ёд оварда, дар лаҳзаҳои муҳим аз онҳо роҳнамоӣ мегирад.
Устод агар набошад, ақле ба сар набошад,
Дар боғи зиндагонӣ гарди самар набошад.
Бе роҳнамою роҳбар дар ин ҷаҳони бесар,
Пойи равон набошад, нури ба сар набошад.
Омӯзгор будан шарафи бузург ва масъулияти азим аст. Ӯ дар ҷомеа ҳамчун намояндаи илму дониш, тарбияву маърифат ва ҳамчун шахси масъули ояндаи насли наврас шинохта мешавад. Омӯзгор бо фаъолияти худ барои амалӣ шудани ормонҳои созанда ва пешрафти ҷомеа саҳм мегузорад. Имоми Аъзам – Нуъмон ибни Собит, ки дар таърихи тамаддуни исломӣ ҳамчун яке аз донишмандони бузург шинохта шудааст, низ мақоми омӯзгорро баланд арзёбӣ намуда, чунин андеша баён кардааст:
Муаллим ходими рӯи ҷаҳон аст,
Муаллим вориси пайғамбарон аст.
Аз ин рӯ, омӯзгор бояд рӯҳияи ҷустуҷӯгарӣ дошта, пайваста дониш ва маҳорати касбии худро такмил диҳад. Ҷаҳони муосир босуръат тағйир меёбад ва ин раванд аз омӯзгор низ донишҳои нав, ҷаҳонбинии васеъ ва омодагӣ ба истифодаи усулҳои муосири таълимро талаб менамояд. Омӯзгоре, ки худаш пайваста меомӯзад, метавонад дар шогирдон низ муҳаббат ба донишомӯзӣ ва ҷустуҷӯро бедор намояд.
Хушбахтона, дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳаи маориф ва баланд бардоштани мақоми омӯзгор тадбирҳои муҳим амалӣ мегарданд. Баланд бардоштани мақоми иҷтимоии омӯзгор, беҳтар намудани шароити фаъолияти онҳо, зиёд намудани музди меҳнат, бунёду навсозии муассисаҳои таълимӣ ва таҳкими заминаи моддию техникии онҳо аз ҷумлаи самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф ба ҳисоб мераванд.
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон низ ҳайати устодону омӯзгорон дар таълиму тарбияи мутахассисони ҷавони соҳаи санъат ва дизайн саҳми назаррас доранд. Омӯзгорони донишкада дар баробари додани донишҳои назариявӣ ба донишҷӯён, барои рушди қобилияти эҷодӣ, такмили маҳорати касбӣ, ташаккули завқи эстетикӣ ва омода намудани мутахассисони рақобатпазир пайваста талош менамоянд. Дар соҳаҳои санъати тасвирӣ ва дизайн маҳорати омӯзгор аҳамияти махсус дорад, зеро дар ин самт таҷрибаи устод, завқи бадеӣ ва муносибати эҷодӣ ба таълим метавонад дар ташаккули истеъдоди донишҷӯ нақши ҳалкунанда дошта бошад. Шогирдони имрӯза рассомон, дизайнерон, омӯзгорон, муҳаққиқон ва эҷодкорони фардои ҷомеа мебошанд. Ҳар дастоварди онҳо барои омӯзгор мояи ифтихор ва ҳар пешрафташон самараи заҳмати устод аст. Аз ин рӯ, рисолати омӯзгор дар муассисаи таҳсилоти олии соҳаи санъат бо таълими фанҳои касбӣ маҳдуд намешавад. Ӯ бояд дар қалби донишҷӯ муҳаббат ба Ватан, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, фарҳанг ва ҳунарро низ парвариш намояд.

Рӯзи омӯзгор фурсати муносибест барои арҷ гузоштан ба ҳамаи онҳое, ки умри худро ба таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавон бахшидаанд. Ин рӯз моро водор месозад, ки қадри устодонро бештар донем, ба меҳнати онҳо эҳтиром гузорем ва саҳми бузурги онҳоро дар пешрафти ҷомеа эътироф намоем. Ман ифтихор дорам, ки омӯзгорам. Ифтихор дорам, ки дар баробари дигар устодони соҳаи санъату дизайн дар тарбияи насли ҷавон, рушди истеъдодҳои эҷодӣ ва омода намудани мутахассисони оянда саҳм мегузорам. Барои омӯзгор шодии бузургтар аз он нест, ки шогирдаш ба камол расида, соҳиби касбу ҳунар гардад ва бо дониш, меҳнат ва истеъдоди худ ба ҷомеа ва Ватан хизмат намояд.

Бо истифода аз фурсат, ҳамаи омӯзгорон ва устодони муассисаҳои таълимии кишварро ба муносибати Рӯзи омӯзгор самимона табрик намуда, барояшон саломатии бардавом, неруи эҷодӣ, сабру матонат, рӯзгори обод ва дар фаъолияти пурмасъулияти омӯзгорӣ комёбиҳои рӯзафзун орзумандам. Бигзор чароғи илму маърифат, ки ба дасти омӯзгор фурӯзон аст, ҳамеша равшан бошад ва нури он роҳи ҳазорҳо шогирдро ба сӯи дониш, касбу ҳунар ва зиндагии шоиста мунаввар созад.
Субҳон УСМОНОВ,
мудири кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ,
номзади илмҳои педагогӣ, профессор
Ба қафо

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ОМӮЗГОР ВА РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ДАР ДОНИШКАДА

Ба пеш

ҶАШНИ АРҶГУЗОРӢ БА МАҚОМИ ОМӮЗГОР

Ба пеш
ҶАШНИ АРҶГУЗОРӢ БА МАҚОМИ ОМӮЗГОР

ҶАШНИ АРҶГУЗОРӢ БА МАҚОМИ ОМӮЗГОР

Рубрикахо

  • Хабарҳо
  • Конференсияҳо
  • Намоишҳо
  • Чорабиниҳо
  • Корҳои эҷодӣ
  • Маркази бачагонаи рассомӣ
  • Эълон
  • Мақолаҳо
    • Мақолаҳои магистрҳо
    • Маколаҳои омӯзгорон ва кормандон
    • Мақолаҳои донишҷӯён ва магистрон
  • Табрикот

Бойгонӣ

Хабарҳои нав

  • ЗАБОН – НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ ЗИНДАГӢ 03.10.2026
  • ҶАШНИ АРҶГУЗОРӢ БА МАҚОМИ ОМӮЗГОР 03.10.2026
  • ИФТИХОР ДОРАМ, КИ ОМӮЗГОРАМ 03.10.2026
  • ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ОМӮЗГОР ВА РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ДАР ДОНИШКАДА 03.10.2026
  • ДОНИШКАДАИ САНЪАТИ ТАСВИРӢ ВА ДИЗАЙН – МАКОНИ БАРГУЗОРИИ НОМИНАТСИЯҲОИ “САНЪАТИ ТАСВИРӢ” ВА “ҲУНАРҲОИ БАДЕӢ”-И БОЗИҲОИ XX ДЕЛФӢ 03.10.2026
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

  Суроға:

кӯчаи Айни 31,
шаҳри Душанбе,
Ҷумҳурии Тоҷикистон

  Тамос:

 Тел: (+992 37) 221 72 43; 221 72 37; 227 58 77; 227 58 73
Email: design_2013@list.ru

©2013-2025 Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

  • РусскийРусский
  • EnglishEnglish
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
  • Асосӣ
  • ДОНИШКАДА
    • Маълумот дар бораи донишкада
    • Роҳбарият
    • Шӯрои олимон
      • Маълумот
      • Ҳайат
    • Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус
    • Шуъбаи умумӣ ва назорат
    • Кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ
    • Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ
  • ТАЪЛИМ
    • Шуъбаи таълим
      • Маълумот
    • Шуъбаи методӣ
      • Маълумот
      • Бахши методӣ
      • Бахши симонишинон
      • Нигористон
    • Бахши бақайдгирӣ ва машваратӣ
    • Бахши идоракунии сифати таҳсилот
    • Бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон
    • Маводи таълимии тозанашр
  • КОРҲОИ ИЛМӢ ВА ЭҶОДӢ
    • Шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия
      • Корҳои илмӣ
      • Корҳои эҷодӣ
      • Маҳфилҳои илмию эҷодӣ
    • Бахши магистратура ва аспирантура
      • Маълумот
    • Китобхона
  • ТАРБИЯ
    • Шуъбаи тарбия
    • Намоишҳо
    • Бахши ҷавонон
      • Фаъолияти бахш
    • Хобгоҳ
  • ФАКУЛТЕТҲО
    • Факултети «Дизайн»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Санъати тасвирӣ»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ»
      • Сохтор
      • Бахши такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо
      • Бахши тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ
      • Маркази бачагонаи рассомӣ
      • Курсҳои кутоҳмуддат дӯзандагӣ
  • ЧОРАБИНИҲО
    • Рисолаи хатм
  • ҶАДВАЛ
    • Ҷадвали факултети Дизайн
    • Ҷадвали факултети Санъати тасвирӣ
    • Ҷадвали факултети Т ва ТФ
  • Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

©2013-2025 Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон