РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ МУБОРАК БОД!

Ҳамватанони азиз! Мо дар остонаи ҷашни мубораки миллиамон — Рӯзи Ваҳдати миллӣ қарор дорем ва ба ин муносибат ҳамаи Шуморо ба ифтихори ин санаи таърихӣ самимона табрик гуфта, ба Шумо хонаи обод, саодати рӯзгор, саломатии қавӣ ва дар ҳама ҷодаи фаъолият баҳри рушди Ватани азизамон, инчунин дар роҳи таҳкими сулҳу оромӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, барору […]

Ҳашари тозакорӣ ба шарафи Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Тозакории саҳни ҳавлӣ, нигоҳубини гулзорҳо ва ниҳолу дарахтони дохилу берунии бинои асосии Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, воқеъ дар кӯчаи Айнӣ, 31, аз мақсади асосии ҳашари на кам аз 80 нафар кормандони хоҷагӣ ва омӯзгорони он буд, ки субҳи 25 июн ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ташкил карда шуд. Дар натиҷа ҳама гӯшаҳои […]

Ду дастпарвари донишкада ғолиби озмуни ноҳиявӣ гардид

     Дар ҷамъбасти даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ду дастпарвари Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ғолибият ба даст овард. Донишҷӯи курси дуюми факултети санъати тасвирӣ Маҳваш Садриддинова дар номинатсияи адабиёти ҷаҳонӣ сазовори ҷойи якум ва донишҷӯи курси дуюми факултети дизайн Мунисаи Нуриддин дар номинатсияи адибиёти классикии тоҷик сазовори ҷойи […]

Ваҳдат — омили рушди мамлакат

Субҳон Усмонов, устоди Донишкадаи давлатии санъати  тасвирӣ ва  дизайни Тоҷикистон, н.и.п., дотсент      «Ваҳдати миллӣ ҳамчун падидаи нодири даврони соҳибистиқлолии кишвар барои сарҷамъ намудани миллати дар ҳоли парокандашавӣ қарордоштаи тоҷик ва аз вартаи нестӣ раҳоӣ бахшидани давлати навини тоҷикон нақши басо бузургро иҷро кард» Эмомалӣ Раҳмон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.  Ваҳдати […]

Тантанаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар донишкада

  Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ба истиқболи Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки 27 июн дар ҷумҳурӣ ботантана қайд карда мешавад, 20 июн бо иштироки васеи донишҷӯёну устодон ва меҳмонон ҷаласаи бошукӯҳе баргузор гардид. Дар ибтидо ректори донишкада, профессор, номзади илмҳои меъморӣ Ғанизода Ҷамшад Шуҷоат бо сухан доир ба истиқрори сулҳ ва ваҳдати […]

“Тоҷикон” – и Бобоҷон Ғафуров сарчашмаи худшиносии миллӣ

Дар толори калони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон вохӯрии донишҷӯёну устодон бо номзади илмҳои таърих, мудири шуъбаи таърихи илм ва техникаи Институти таърихи Академияи миллии Тоҷикистон Абдувалӣ Шарифзода дар мавзуи “Китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров- сарчашмаи худшиносии миллӣ” доир гардид. А. Шарифзода бо шарҳу тафсири мазмуну мундариҷаи ин асари гаронбаҳои ходими намоёни давлатӣ, академик […]

Мақсад — пешгирӣ аз кирдорҳои коррупсионӣ

  Вохӯрие, ки  подполковники адлия, корманди Раёсати таҳлили хавфҳои коррупсия ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Раҳимзода тибқи нақшаи Агентӣ оид ба суҳбату вохӯрӣ бо кормандони мақомоти давлатӣ ҷиҳати пешгирии кирдорҳои коррупсионӣ бо донишҷӯёну устодони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон доир намуд, басе пурмуҳтаво ҷамъбаст карда […]

ҲИМОЯИ РИСОЛАҲОИ МАГИСТРӢ

Дирӯз, 13 июн, дар бахши магистратураи Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҳимояи навбатии рисолаҳои магистрӣ доир гардид. Магистрантони курси дуюми ихтисоси 1-19010105  дизайн (костюм ва газвор) Меҳринисо Мирзоева, Фарзона Ҳикматова, Миҷгона Шукурова  ва  Дилноза Қосимова таҳти роҳбарии номзади илмҳои меъморӣ, профессор Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат, номзади илмҳои таърих, дотсент Шералиев Д.М. ва муаалими калон […]

Маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии “Дизайн”

Шумораи қариб 250 нафар аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Дизайн”-и КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур 10 июн маҷлиси солонаи ҳисоботӣ-интихоботӣ ороста, аз фаъолияти ташкилот аз моҳи июни соли 2021 то июни соли 2022 натиҷабардорӣ намуданд. Раиси ташкилот Ғанизода Ҷ.Ш. дар бораи фаъолияти солонаи он бо маърӯза баромад карда, аз ҷумла зикр намуд, ки ташкилоти ибтидоии ҳизбии […]

Театр дар меҳмонии донишҷӯён

Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд 9 июн бо мазҳакаи драматурги шинохтаи тоҷик Султон Сафаров дар мавзуи муҳими бақои оила бо номи  “Келини ҷойдорӣ” меҳмони саҳнаи толори намоишҳои Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон гардид. Мазҳака аз он ҷиҳат диққати тамошобинони донишкадаро ҷалб намуд, ки он мавзуи барои ҷумҳурии мо муҳим […]