Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ҷашнҳои муҳими миллии кишвар ба шумор рафта, ҳамасола 6 ноябр таҷлил карда мешавад. 6 ноябри соли 1994 дар натиҷаи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Бо тағйир ёфтани вазъи сиёсиву ҷамъиятии мамлакат ва зарурати такмили заминаҳои ҳуқуқии давлатдорӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси натиҷаҳои раъйпурсиҳои умумихалқии 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Ин тағйирот ба такмили низоми давлатдорӣ ва мутобиқ намудани меъёрҳои конститутсионӣ ба талаботи замон равона гардида буданд. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 6 ноябр ҳамчун Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад.
Конститутсия қонуни асосии давлат буда, дар он принсипҳои бунёдии ташкил ва фаъолияти давлат, асосҳои сохтори конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, низоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ, салоҳият ва муносибатҳои мутақобилаи онҳо, сохтори марзиву маъмурӣ, рамзҳои давлатӣ, забон ва пойтахти мамлакат муайян карда мешаванд. Конститутсия метавонад аз як санади алоҳидаи хаттӣ ё дар баъзе давлатҳо аз маҷмӯи санадҳо ва одатҳои конститутсионӣ иборат бошад. Хусусияти асосии он дар он ифода меёбад, ки нисбат ба дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ эътибори олии ҳуқуқӣ дорад. Аз ин рӯ, тамоми қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бояд дар асоси Конститутсия таҳия ва қабул гардида, ба меъёрҳои он мутобиқат намоянд.
Конститутсияи амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардида, тибқи тартиби муқаррарнамудаи худи Конститутсия ва қонунгузории дахлдор ба он тағйиру иловаҳо ворид карда мешаванд. Ҳамин хусусият аҳамияти онро ҳамчун сарчашмаи асосии низоми ҳуқуқии кишвар муайян менамояд. Меъёрҳои конститутсионӣ барои ташаккули низоми мукаммали ҳуқуқӣ, таҳкими қонуният ва таъмини фаъолияти устувори мақомоти давлатӣ заминаи боэътимод фароҳам овардаанд.
Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар асоси меъёрҳои Конститутсия барои таҳкими пояҳои давлатдорӣ, барқарор намудани сулҳу оромӣ, таъмини суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ва беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолӣ тадбирҳои муҳим амалӣ карда шуданд. Қабули Қонуни асосӣ барои муайян намудани самтҳои асосии рушди давлат ва ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаи инсон аҳамияти бузург дошт. Дар муқаддимаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин омадааст: «Мо, халқи Тоҷикистон, қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода, ҳамин Конститутсияро қабул ва эълон менамоем». Ин суханон мазмуну муҳтавои асосии Қонуни асосӣ ва масъулияти таърихии халқи Тоҷикистонро дар назди наслҳои гузаштаву имрӯза ва оянда инъикос мекунанд.
Аҳамияти таърихии Конститутсия дар он ифода меёбад, ки ин санади сиёсиву ҳуқуқӣ арзишҳои олии халқи тоҷик, суннатҳои давлатдорӣ ва ғояҳои инсондӯстонаи миллати фарҳангсолори моро таҷассум намуда, адолати иҷтимоӣ, волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқиро аз ҳадафҳои муҳимми фаъолияти давлат қарор додааст. Конститутсия барои ташаккул ва рушди низоми ҳуқуқии мамлакат, таъсиси сохтору мақомоти давлатӣ ва дар меҳвари фаъолияти онҳо қарор додани инсон, ҳуқуқу озодиҳои ӯ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон замина гузошт. Маҳз дар асоси меъёрҳои он принсипҳои асосии давлатдории муосири Тоҷикистон, аз ҷумла соҳибихтиёрӣ, демократия, ҳуқуқбунёдӣ, дунявият ва ягонагии давлат муайян гардида, пояҳои ҳуқуқии истиқлолияти давлатӣ таҳким ёфтанд.
Солҳои сипаришудаи амали Конститутсия нишон медиҳанд, ки ин санади тақдирсоз дар таҳкими давлатдории миллӣ ва таъмини пешрафти ҷомеаи Тоҷикистон нақши муҳим дорад. Конститутсия ҳамчун заминаи ҳуқуқии фаъолияти давлат ба ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини суботи ҷомеа ва рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ мусоидат намуда, барои наслҳои имрӯзу оянда низ аҳамияти бузург хоҳад дошт. Ин ҳуҷҷат заминаҳои ҳуқуқии мавҷудият ва фаъолияти давлат, дахлнопазирӣ ва тамомияти арзии кишвар, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, татбиқи сиёсати дохиливу хориҷӣ ва рушди иқтисодиву иҷтимоии ҷомеаро муайян кардааст. Дар асоси он қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии миллӣ таҳия гардида, заминаҳои ҳуқуқии ҳамкории Тоҷикистон бо ҷомеаи байналмилалӣ ва иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии он тақвият ёфтанд. Ҳамзамон, таъмини ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, нажод, забон, эътиқод ва дигар хусусиятҳо, аз принсипҳои муҳими сохтори конститутсионии кишвар ба ҳисоб меравад.
Дар низоми арзишҳои Конститутсия ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мақоми махсус доранд. Эътироф, эҳтиром ва ҳифзи ин ҳуқуқҳо яке аз шартҳои муҳими бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошад. Дар моддаи 5-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст: «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд». Ин меъёр аҳамияти инсонро ҳамчун арзиши олӣ таъкид намуда, давлатро вазифадор месозад, ки барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон шароити зарурӣ фароҳам оварад.
Яке аз принсипҳои муҳими сохтори конститутсионии Тоҷикистон таҷзияи ҳокимияти давлатӣ мебошад. Тибқи моддаи 9-уми Конститутсия, «Ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад». Ин принсип барои муайян намудани ваколатҳои ҳар як шохаи ҳокимияти давлатӣ, пешгирии тамаркузи салоҳият ва таъмини фаъолияти мақомоти давлатӣ дар доираи қонун аҳамияти муҳим дорад. Ҳамзамон, тибқи меъёрҳои Конститутсия, халқ сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, иродаи худро тавассути интихобот, раъйпурсӣ ва дигар шаклҳои пешбининамудаи қонун амалӣ менамояд.
Дар раванди таҳияи Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол масъалаи интихоби шакли идоракунии давлат мавқеи муҳим дошт. Пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ва дар шароити мураккаби сиёсиву иҷтимоии кишвар зарурати ташаккули низоми нави давлатдорӣ ба миён омад. Дар ҷараёни таҳияи лоиҳаи Конститутсия масъалаҳои сохтори ҳокимият ва шакли идоракунии давлат мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар ниҳоят шакли идоракунии президентӣ муқаррар карда шуд. Тибқи моддаи 64-уми Конститутсия, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат ва ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзии мамлакат мебошад. Президент инчунин дар низоми ҳокимияти иҷроия мақоми конститутсионии муайяншуда дорад. Интихоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи Конститутсия ва қонунгузории интихоботӣ сурат мегирад.
Дар сохтори конститутсионии мамлакат ҳокимияти судӣ низ ҳамчун шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ мақоми махсус дорад. Муқаррароти Конститутсия асосҳои ташкили низоми судӣ, ваколатҳои судҳо ва принсипҳои амалӣ намудани адолати судиро муайян менамоянд. Тибқи моддаи 87-уми Конститутсия, «Судяҳо дар фаъолияти худ мустақил буда, танҳо ба Конститутсия ва қонун итоат мекунанд. Дахолат ба фаъолияти онҳо манъ аст». Ин меъёр барои таъмини мустақилияти судяҳо, баррасии беғаразонаи парвандаҳо ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон аҳамияти муҳим дорад. Мустақилияти ҳокимияти судӣ яке аз шартҳои асосии давлати ҳуқуқбунёд буда, барои таъмини адолат, қонуният ва эътимоди шаҳрвандон ба низоми ҳуқуқӣ замина фароҳам меорад.
Конститутсия асосҳои иқтисодии давлат ва ҷомеаро муайян намуда, барои рушди муносибатҳои бозаргонӣ, фаъолияти соҳибкорӣ ва истифодаи шаклҳои гуногуни моликият заминаи ҳуқуқӣ фароҳам овардааст. Моддаи 12-уми Конститутсия ба гуногуншаклии моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ, ва кафолати фаъолияти озоди иқтисодӣ равона шудааст. Ин муқаррарот барои рушди соҳибкорӣ, ташаббуси хусусӣ, ҷалби сармоя ва ташаккули иқтисодиёти миллӣ аҳамияти муҳим дорад. Дар баробари ин, принсипи давлати иҷтимоӣ будани Тоҷикистон уҳдадории давлатро дар самти фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва имкониятҳои рушди инсон таъкид менамояд.
Вобаста ба аҳамияти таърихии қабули Конститутсия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ ба нақши ин санади тақдирсоз дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва бунёди ҷомеаи демократӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудаанд. Аз ҷумла, дар суханронии бахшида ба Рӯзи Конститутсия чунин андеша баён гардидааст: «6 ноябри соли 1994 дар таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеаи бузург ба вуқӯъ пайваст. Халқи тоҷик дар таърихи беш аз ҳазорсолаи давлатдориаш бори аввал Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул кард. Иштироки фаъолонаи шаҳрвандони тамоми ҷумҳурӣ дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ яке аз дастовардҳои бузург ва пирӯзии демократия дар Тоҷикистон мебошад». Ин андеша аҳамияти қабули Конститутсияро ҳамчун рӯйдоди муҳими таърихӣ ва ифодаи иродаи халқ таъкид мекунад.
Ҳамин тариқ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Қонуни асосии давлат дар таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ, ташаккули низоми ҳуқуқии миллӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ нақши муҳим дорад. Он заминаи устувори бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаро фароҳам оварда, барои пешрафти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар мусоидат менамояд. Дар моддаи 1-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тоҷикистон ҳаммаъноянд». Ин меъёри конститутсионӣ моҳияти давлатдории миллиро инъикос намуда, ҳадафҳои асосии рушди ҷомеа ва масъулияти давлатро дар назди инсон муайян мекунад. Аз ин рӯ, эҳтиром ва риояи Конститутсия, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба қонун вазифаи муҳими ҳар як фарди ҷомеа мебошад. Ҳар қадар шаҳрвандон моҳияти меъёрҳои конститутсионӣ ва ҳуқуқу уҳдадориҳои худро хубтар дарк намоянд, ҳамон андоза заминаи таҳкими қонуният, суботи иҷтимоӣ ва рушди устувори давлат мустаҳкам мегардад.
Конститутсия ҳамчун рамзи соҳибихтиёрӣ, ваҳдати миллӣ ва заминаи ҳуқуқии ояндаи дурахшони Тоҷикистон барои наслҳои имрӯзу фардо роҳнамои боэътимод мебошад. Бо арҷгузорӣ ба ин санади муқаддаси давлатдорӣ ва риояи меъёрҳои он метавонем дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ, пешрафти ҷомеа ва ободии Ватани азиз саҳми арзанда гузорем.
НАЗАРЗОДА Мадина Музаффар,
омӯзгори кафедраи технологияҳои иттилоотӣ ва иқтисод
