Тарбияи ҷисмонӣ яке аз самтҳои муҳимми тарбияи инсон буда, ба инкишофи ҷисмонӣ, таҳкими саломатӣ, ташаккули ҳаракатҳои дуруст ва баланд бардоштани қобилияти кории инсон равона шудааст. Он аз рӯзҳои аввали ҳаёт оғоз гардида, дар тамоми давраҳои зиндагӣ аҳаммияти худро нигоҳ медорад. Ба ибораи дигар, тарбияи ҷисмонӣ ин омӯзонидани ҳаракатҳои дуруст, инкишоф додани қувваи ҷисмонӣ, нигоҳубини саломатӣ ва ташаккули одати тарзи ҳаёти фаъол мебошад.
Фурӯтанӣ ва хушмуомила будан яке аз хислатҳои муҳими ахлоқии инсон буда, нишонаи одобу маърифат, эҳтиром ба дигарон ва фарҳанги баланди муошират ба ҳисоб меравад. Дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш хушмуомилагӣ на танҳо хислати хуби инсонӣ, балки омили муҳими ташаккули варзишгари боинтизом, масъулиятшинос ва дорои рӯҳияи солими дастаҷамъона мебошад. Варзишгар бояд бо рафтори намунавӣ, эҳтиром ба рақиб ва муносибати нек бо атрофиён низ фарқ кунад. Одоби варзишгар маҷмӯи меъёрҳои ахлоқӣ, қоидаҳои рафтор ва муносибатҳои махсуси эҳтиромонаест, ки варзишгар бояд ҳангоми машғулиятҳои таълимию тамринӣ, иштирок дар мусобиқаҳо ва муошират бо омӯзгорону мураббиён, доварон, ҳамдастаҳо ва рақибон риоя намояд.
Ҳар як варзишгар вазифадор аст, ки интизоми дохилимуассисавӣ, қоидаҳои намуди махсуси интихобкардаи варзиш, талаботи бехатарӣ ва принсипҳои одоби касбиро риоя кунад. Ба ҳамаи омӯзгорону мураббиён эҳтиром гузоштан, дастуру супоришҳои қонунию бехатарро иҷро намудан, сари вақт ба машғулият ҳозир шудан, либосу таҷҳизоти варзиширо тозаву озода нигоҳ доштан ва нисбат ба ҳамдастаҳо муносибати нек зоҳир кардан аз ҷумлаи талаботи муҳими одоби варзишгар маҳсуб меёбад. Варзишгар бояд рақибро ҳамчун иштирокчии баробари мусобиқа эҳтиром намояд, қоидаҳои рақобати одилонаро риоя кунад, аз фиреб, таҳқир, иғвоангезӣ ва истифодаи воситаҳои манъшуда худдорӣ намояд. Зеро ки қабули натиҷаи мусобиқа, муносибати боэҳтиромона ба доварон ва қобилияти идора кардани эҳсосот дар лаҳзаҳои ҳаяҷон аз нишонаҳои камолоти ахлоқии варзишгар ба ҳисоб мераванд. Хушмуомилагӣ, хоксорӣ, масъулиятшиносӣ, иродаи қавӣ, адолатпарварӣ ва эҳтиром ба рақиб бояд ҷузъи ҷудонашавандаи рафтори ҳар як варзишгар бошанд. Ғалаба набояд боиси такаббур ва мағлубият сабаби ноумедӣ ё беэҳтиромӣ гардад. Варзишгари ҳақиқӣ аз муваффақият сабақ мегирад ва аз нокомӣ барои такмили маҳорати худ хулосаи зарурӣ мебарорад.
Дар муассисаҳои таълимии соҳаи тарбияи ҷисмонӣ риояи одоби варзишгар аҳаммияти махсус дорад, зеро донишҷӯён на танҳо усулҳои техникии намудҳои варзишро меомӯзанд, балки фарҳанги муошират, интизоми меҳнат, муносибати дастаҷамъона ва масъулияти иҷтимоиро низ аз худ мекунанд. Дар ин раванд омӯзгорону мураббиён бояд бо рафтори намунавӣ, муносибати одилона ва риояи меъёрҳои ахлоқӣ барои тарбиятгирандагон намунаи ибрат бошанд. Одоби варзишгар танҳо дар сухан не, балки пеш аз ҳама дар рафтор, муносибат ва амали ӯ зоҳир мегардад. Варзишгари боодоб бо маҳорати худ рақобат мекунад, бо иродаи худ ғалаба меҷӯяд ва бо рафтори намунавии худ соҳиби эҳтироми ҷомеа мегардад.
Тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар тамоми марҳилаҳои таърихи инсоният нақши муҳим дошта, бо рушди ҷомеа, тарзи зиндагӣ, меҳнат ва омодагии ҷисмонии инсон робитаи ногусастанӣ дорад. Аз машқҳои ҷисмонии ҷомеаи ибтидоӣ то ташаккули низомҳои мукаммали варзишӣ, ин соҳа роҳи тӯлонии рушдро тай намудааст. Бозиҳои олимпии Юнони қадим яке аз саҳифаҳои муҳими таърихи варзиши ҷаҳонӣ ба шумор мераванд. Тибқи маълумоти таърихӣ, соли 776 пеш аз милод ҳамчун соли оғози сабтшудаи бозиҳои олимпӣ эътироф шудааст. Давидан, ҷаҳидан, гӯштин, муштзанӣ ва дигар намудҳои мусобиқаҳо тадриҷан ба низоми варзишии замонҳои қадим ворид гардида, барои ташаккули анъанаҳои варзишии ҷаҳони муосир замина гузоштанд.
Имрӯз низ омӯзиши таърихи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои омодасозии мутахассисони соҳа аҳаммияти калон дорад. Донистани таҷрибаи гузашта, азхуд намудани усулҳои илмии тамрин ва татбиқи дастовардҳои муосир метавонанд ба баланд бардоштани маҳорати варзишгарон мусоидат намоянд. Варзиши сабук ва аҳаммияти техникаи дурусти иҷрои машқҳо ва яке аз равияҳои муҳими ҷисмонист. Варзиши сабук яке аз намудҳои бунёдии варзиш буда, роҳгардӣ, давидан, ҷаҳидан ва партофтани олотро фаро мегирад. Машғул шудан ба ин намудҳо ба инкишофи қувва, суръат, чолокӣ ва тобоварии ҷисмонӣ мусоидат мекунад. Аммо барои ба даст овардани натиҷаҳои баланди варзишӣ танҳо қобилияти ҷисмонӣ кофӣ нест. Иҷрои дурусти амалҳои техникӣ, мунтазам тамрин кардан ва истифодаи усулҳои самараноки таълимӣ низ аҳаммияти ҳалкунанда доранд.
Дар ин раванд нақши омӯзгорону мураббиён махсусан муҳим аст. Онҳо бояд ба ҳар як варзишгар тарзи дурусти иҷрои машқҳоро омӯзонида, хатогиҳои техникиро сари вақт ислоҳ намоянд ва барои такмили маҳорати инфиродии ӯ шароити мусоид фароҳам оваранд. Агар дар марҳилаҳои ибтидоии омӯзиш техникаи нодуруст ташаккул ёбад, ислоҳи он дар оянда метавонад душвор гардад. Аз ин рӯ, омӯзиши пайдарпайи ҳаракатҳо, такрори мақсадноки машқҳо ва назорати доимии мураббӣ барои расидан ба натиҷаҳои дилхоҳ заминаи муҳим мебошанд.
Рушди варзиш, аз ҷумла варзиши сабук, аз муносибати илмӣ ба раванди тамрин, такмили донишу маҳорати омӯзгорону мураббиён ва фароҳам овардани муҳити мусоиди машқу омӯзиш вобаста аст. Ҷалби ҷавонон ба варзиш ва омӯзонидани техникаи дурусти ҳаракатҳо метавонад барои тарбияи варзишгарони болаёқат ва баланд бардоштани натиҷаҳои онҳо дар мусобиқаҳои сатҳи гуногун замина гузорад. Тарбияи ҷисмонӣ раванди иҷтимоию педагогист, ки ба солимии инсон, такмили қобилиятҳои бадан ва тарзи ҳаёти солим равона шудааст. Мувофиқи Қонуни ҶТ дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ин соҳа аз ҷониби давлат танзим ва маблағгузорӣ мешавад.
омӯзгорони тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш