Tuesday, October 27, 2026
  • РусскийРусский
  • EnglishEnglish
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
  • Асосӣ
  • ДОНИШКАДА
    • Маълумот дар бораи донишкада
    • Роҳбарият
    • Шӯрои олимон
      • Маълумот
      • Ҳайат
    • Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус
    • Шуъбаи умумӣ ва назорат
    • Кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ
    • Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ
  • ТАЪЛИМ
    • Шуъбаи таълим
      • Маълумот
    • Шуъбаи методӣ
      • Маълумот
      • Бахши методӣ
      • Бахши симонишинон
      • Нигористон
    • Бахши бақайдгирӣ ва машваратӣ
    • Бахши идоракунии сифати таҳсилот
    • Бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон
    • Маводи таълимии тозанашр
  • КОРҲОИ ИЛМӢ ВА ЭҶОДӢ
    • Шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия
      • Корҳои илмӣ
      • Корҳои эҷодӣ
      • Маҳфилҳои илмию эҷодӣ
    • Бахши магистратура ва аспирантура
      • Маълумот
    • Китобхона
  • ТАРБИЯ
    • Шуъбаи тарбия
    • Намоишҳо
    • Бахши ҷавонон
      • Фаъолияти бахш
    • Хобгоҳ
  • ФАКУЛТЕТҲО
    • Факултети «Дизайн»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Санъати тасвирӣ»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ»
      • Сохтор
      • Бахши такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо
      • Бахши тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ
      • Маркази бачагонаи рассомӣ
      • Курсҳои кутоҳмуддат дӯзандагӣ
  • ЧОРАБИНИҲО
    • Рисолаи хатм
  • ҶАДВАЛ
    • Ҷадвали факултети Дизайн
    • Ҷадвали факултети Санъати тасвирӣ
    • Ҷадвали факултети Т ва ТФ
  • Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
  • Асосӣ
  • ДОНИШКАДА
    • Маълумот дар бораи донишкада
    • Роҳбарият
    • Шӯрои олимон
      • Маълумот
      • Ҳайат
    • Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус
    • Шуъбаи умумӣ ва назорат
    • Кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ
    • Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ
  • ТАЪЛИМ
    • Шуъбаи таълим
      • Маълумот
    • Шуъбаи методӣ
      • Маълумот
      • Бахши методӣ
      • Бахши симонишинон
      • Нигористон
    • Бахши бақайдгирӣ ва машваратӣ
    • Бахши идоракунии сифати таҳсилот
    • Бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон
    • Маводи таълимии тозанашр
  • КОРҲОИ ИЛМӢ ВА ЭҶОДӢ
    • Шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия
      • Корҳои илмӣ
      • Корҳои эҷодӣ
      • Маҳфилҳои илмию эҷодӣ
    • Бахши магистратура ва аспирантура
      • Маълумот
    • Китобхона
  • ТАРБИЯ
    • Шуъбаи тарбия
    • Намоишҳо
    • Бахши ҷавонон
      • Фаъолияти бахш
    • Хобгоҳ
  • ФАКУЛТЕТҲО
    • Факултети «Дизайн»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Санъати тасвирӣ»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ»
      • Сохтор
      • Бахши такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо
      • Бахши тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ
      • Маркази бачагонаи рассомӣ
      • Курсҳои кутоҳмуддат дӯзандагӣ
  • ЧОРАБИНИҲО
    • Рисолаи хатм
  • ҶАДВАЛ
    • Ҷадвали факултети Дизайн
    • Ҷадвали факултети Санъати тасвирӣ
    • Ҷадвали факултети Т ва ТФ
  • Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед

«МЕҲРГОН - ҶАШНИ ГУЗАШТАГОНИ МО»

26.10.2026

Таҳти ин унвон дар толори китобхонаи Донишкада ба ифтихори яке аз қадимтарин ва зеботарин ҷашнҳои миллӣ – Меҳргон ҳамоиш баргузор гардид.

Мудири китобхона Одинабеков Умед чорабиниро ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки Меҳргон яке аз қадимтарин ҷашнҳои миллии мардуми тоҷик ба шумор рафта, таърихи чандинҳазорсола дорад. Ин ҷашни бостонӣ рамзи фаровонӣ, баракати дастранҷи деҳқонон, шукргузорӣ аз неъматҳои табиат ва эҳтиром ба меҳнат мебошад. Меҳргон дар фасли тирамоҳ, пас аз ҷамъоварии ҳосил, таҷлил гардида, мардумро ба дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ, меҳнатдӯстӣ ва қадршиносии заҳмати кишоварзон ҳидоят мекунад. Дар фарҳанги ниёгони мо Меҳргон дар баробари Наврӯз мақоми хос дошта, таҷассумгари анъанаҳои неки миллӣ, суннатҳои мардумӣ ва арзишҳои фарҳангии тоҷикон мебошад. Имрӯз низ таҷлили ин ҷашни бостонӣ барои ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, таҳкими худшиносии миллӣ ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи эҳтиром ба таъриху фарҳанги ниёгон аҳаммияти бузург дорад.

Сипас, мудири кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ профессор Усмонов Субҳон дар мавзӯи «Меҳргон – ҷашни гузаштагони мо» маърӯза кард. Зикр гардид, ки ҷашни Меҳргон аз замонҳои қадим ҳамчун иди ҷамъоварии ҳосил таҷлил карда мешуд. Мувофиқи тақвими офтобии ориёиҳои қадим, моҳи ҳафтуми сол, ки Меҳр ном дошт ва тақрибан аз 22 сентябр то 22 октябр идома меёфт, ба таҷлили ин ҷашн рост меомад. Калимаи «меҳр» маъноҳои рӯшноӣ, дӯстӣ, муҳаббат ва гармиро ифода мекунад. Дар ин рӯзҳо кишоварзон ба ҷамъоварии ҳосил оғоз менамуданд. Гузаштагони мо Меҳргонро ба монанди Наврӯз бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил карда, хонаю ҳавлиҳоро тоза мекарданд ва либосҳои идона ба бар менамуданд. Дастархони идона аз маҳсулоти навҷамъовардашуда ороста мешуд. Ҳамчунин, дар рӯзҳои ҷашн сайругаштҳои оммавӣ баргузор гардида, мардум ба аёдати хешу табор ва дӯстони худ мерафтанд, ба якдигар туҳфа тақдим мекарданд ва орзуи саломатӣ, хушбахтӣ ва осоиштагиро менамуданд.

Дар идома дотсенти кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ Акобиров Сайнуриддин дар мавзӯи «Меҳргон – ҷашни миллии тоҷикон» маърӯза ироа намуд. Ӯ, аз ҷумла, қайд кард, ки ин ҷашн баробари рушди кишоварзӣ ва ташаккули тақвими деҳқонӣ ба вуҷуд омадааст. Меҳргон асосан иди ҳосилот буда, дар оғози фасли тирамоҳ таҷлил мегардад. Деҳқонон дар ҳамин давра ба ҷамъоварии ғалла оғоз мекарданд. Тибқи ривоятҳои қадим, гӯё Фаридун дар ин рӯз бар Заҳҳок ғолиб омада, ӯро дар кӯҳи Дамованд ба ҳабс гирифтааст. Дар ин рӯз мардум ба якдигар нома менавиштанд, ҳамдигарро табрик мегуфтанд ва туҳфаҳо тақдим мекарданд. Панҷ рӯзи аввали ҷашн барои ҳамагон пешбинӣ шуда, Меҳргони омма ё Меҳргони кӯчак ном дошт. Рӯзи шашум ҷашни расмӣ ба шумор рафта, онро шоҳ ҳамроҳи аҳли дарбор таҷлил мекард, ки Меҳргони бузург номида мешуд. Дар давраи Сосониён ҷашни Меҳргон бо шукӯҳу шаҳомати зиёд баргузор мегардид. Таҷлили Меҳргон ба ҷашни Наврӯз шабоҳатҳои зиёд дошта, мардум ба муносибати он хонаю дари худро тоза мекарданд, беҳтарин либосҳояшонро ба бар намуда, худро ороста ба ҷойҳои баргузории ҷашн мерафтанд. Умуман, ин рӯзро мардум бо меҳрубонӣ, эҳтиром ва самимият нисбат ба ҳамдигар истиқбол мегирифтанд.

Дар идомаи чорабинӣ як қатор донишҷӯён бо маърӯзаҳо баромад намуда, дар васфи Меҳргон шеърҳо қироат карданд.

Ба қафо

ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ ВА ВАРЗИШ – ЗАМИНАИ ТАҲКИМИ САЛОМАТӢ ВА НИШОТИ РУҲ

Рубрикахо

  • Хабарҳо
  • Конференсияҳо
  • Намоишҳо
  • Чорабиниҳо
  • Корҳои эҷодӣ
  • Маркази бачагонаи рассомӣ
  • Эълон
  • Мақолаҳо
    • Мақолаҳои магистрҳо
    • Маколаҳои омӯзгорон ва кормандон
    • Мақолаҳои донишҷӯён ва магистрон
  • Табрикот

Бойгонӣ

Хабарҳои нав

  • (no title) 26.10.2026
  • ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ ВА ВАРЗИШ – ЗАМИНАИ ТАҲКИМИ САЛОМАТӢ ВА НИШОТИ РУҲ 23.10.2026
  • ДАР ДОНИШКАДА МАСТЕР-КЛАСС ОИД БА САНЪАТИ АНЪАНАВИИ РАНГУБОРОИ ҶОПОНӢ БАРГУЗОР ГАРДИД 20.10.2026
  • ҶАШНИ МЕҲРГОН – МЕРОСИ НИЁГОН ВА СИТОИШИ ФАРОВОНӢ 17.10.2026
  • ДАВРИ ҶАМЪБАСТИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ТОҶИКИСТОН – ВАТАНИ АЗИЗИ МАН» ДАР ДОНИШКАДА 16.10.2026
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

  Суроға:

кӯчаи Айни 31,
шаҳри Душанбе,
Ҷумҳурии Тоҷикистон

  Тамос:

 Тел: (+992 37) 221 72 43; 221 72 37; 227 58 77; 227 58 73
Email: design_2013@list.ru

©2013-2025 Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

  • РусскийРусский
  • EnglishEnglish
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
  • Асосӣ
  • ДОНИШКАДА
    • Маълумот дар бораи донишкада
    • Роҳбарият
    • Шӯрои олимон
      • Маълумот
      • Ҳайат
    • Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус
    • Шуъбаи умумӣ ва назорат
    • Кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ
    • Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ
  • ТАЪЛИМ
    • Шуъбаи таълим
      • Маълумот
    • Шуъбаи методӣ
      • Маълумот
      • Бахши методӣ
      • Бахши симонишинон
      • Нигористон
    • Бахши бақайдгирӣ ва машваратӣ
    • Бахши идоракунии сифати таҳсилот
    • Бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон
    • Маводи таълимии тозанашр
  • КОРҲОИ ИЛМӢ ВА ЭҶОДӢ
    • Шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия
      • Корҳои илмӣ
      • Корҳои эҷодӣ
      • Маҳфилҳои илмию эҷодӣ
    • Бахши магистратура ва аспирантура
      • Маълумот
    • Китобхона
  • ТАРБИЯ
    • Шуъбаи тарбия
    • Намоишҳо
    • Бахши ҷавонон
      • Фаъолияти бахш
    • Хобгоҳ
  • ФАКУЛТЕТҲО
    • Факултети «Дизайн»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Санъати тасвирӣ»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ»
      • Сохтор
      • Бахши такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо
      • Бахши тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ
      • Маркази бачагонаи рассомӣ
      • Курсҳои кутоҳмуддат дӯзандагӣ
  • ЧОРАБИНИҲО
    • Рисолаи хатм
  • ҶАДВАЛ
    • Ҷадвали факултети Дизайн
    • Ҷадвали факултети Санъати тасвирӣ
    • Ҷадвали факултети Т ва ТФ
  • Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

©2013-2025 Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон