Тибқи мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 01.11.2022 дар қироатхонаи китобхонаи Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо кафедраи санъатшиносӣ ба муносибати ҷашни «Меҳргон» чорабинӣ доир гашт. Мудири китобхона Ёғибекова Б., чорабиниро ифтитоҳ намуда, таҷлили ин ҷашни муқаддасро табрик гуфт: муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Меҳргон ба монанди Наврӯз таҷассумгари суннатҳои неки инсонист, ки файзу баракати хони пурнеъмати кишоварзонро инъикос менамояд»-гуфтааст, ки сарчашмаи фаъолияти тамоми идораю муассисаҳост.
Дотсенти кафедраи технологияи итилоотӣ ва иқтисод, н.и.п., Усмонов С., дар мавзӯи «Меҳргон-ҷашни ниёгон» маърӯза кард.
Донишҷӯён Асозода Мансур, Нурзода Ануршервон, Мародбеков Симбод, Мирзоғоибов Сайҳомид бо маъруза ва қироати шеър баромад карданд.
Дар хотима дотсенти кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ Акобиров С., баромад намуда, дар бораи ҷашни ниёгон маълумоти таърихӣ дод.