Шӯрои занон  ва духтарони донишкада дар ҷаласаи навбатии худ, ки   28 январ таҳти раёсати Зумрад Умарова ва  ҷонишинони он Саодат Боронова ва А. Иргашова барпо гардид, масъалаҳои тартиб додани Низомнома ва Нақшаи нави кории шӯро, омодагӣ ба маҷлиси донишҷӯдухтарон оид ба риояи либоси ягонаи донишгоҳию одобу ахлоқ, пешгирии шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террорисӣ ва дигар масъалаҳои ҷориро мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дод.

Таъкид карда шуд, ки ба масъалаҳои риояи сарулибос, одобу ахлоқ  ва тарбияи маърифатии занону духтарон беш аз пеш диққати ҷиддӣ равона гардад.