Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон қоидаҳои қабул барои идомаи таҳсил баъд аз хатми коллеҷҳои тахассусӣ ва маълумоти дуюми олии касбиро дар соли таҳсили 2024-2025 дар шакли зерин эълон менамояд:
Номгӯйи ихтисосҳо ва нақшаи қабули барои идомаи таҳсил ва маълумоти дуюми олии касбӣ
Рамзи ихтисос | Номгўйи ихтимсосҳо | ||
1. | 1-31030408 | Web-дизайн ва графикаи компютерӣ (барномасоз) | |
2. | 1-500102 | Таркиб ва технологияи маҳсулоти дўзандагӣ | |
3. | 1-69010106 | Меъмории манзаравӣ | |
4. | 1-69010107 | Зебосозии шаҳр (урбодизайн) | |
5. | 1-26020103 | Дизайни робитавӣ дар соҳаи истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ (менеҷмент-иқтисодчӣ) | |
6. | 1-03010601 | Санъати тасвирӣ. Ҳунарҳои халқии бадеӣ | |
7. | 1-03010602 | Санъати тасвирӣ ва нақшакашӣ. Технология | |
8. | 1-15010101 | Манзаранависии (мусаввирии) дастгоҳӣ (чеҳранигорӣ) | |
9. | 1-150102 | Санъати муҷассамавӣ – ороишӣ (рассоми монументалӣ) | |
10. | 1-150103 | Ҳайкалтарошӣ | |
11. | 1-15010401 | Графикаи дастгоҳӣ | |
12. | 1-15010402 | Ороиш ва расмҳои китоб | |
13. | 1-15020101 | Сафоли бадеӣ (кулолгар, керамика) | |
14. | 1-15020103 | Коркарди бадеии чўб (рассом кандакор); | |
15. | 1-15020105 | Маҳсулоти бадеӣ аз металл (рассоми металл, заргарӣ) | |
16. | 1-15020102 | Бофандагии бадеӣ. Моделронии костюм | |
17. | 1-15020107 | Наққошӣ (рассом-наққош) | |
18. | 1-19010103 | Дизайн (графикӣ) | |
19. | 1-1901010402 | Дизайн реклама | |
20. | 1-1901010103 | Дизайни мебел | |
21. | 1-1901010202 | Дизайни дохили бино (интерйер) | |
22. | 1-19010105 | Дизайн (костюм ва газвор) | |
23. | 1-1901010504 | Дизайни маҳсулоти бофандагӣ (дизайни матоъ) | |
24. | 1-21040203 | Санъатшиносӣ | |
25. | 1-21040101 | Фарҳангшиносӣ (фундаменталӣ) | |
26. | 1-23011201 | Кори осорхона ва ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ |
Номгӯи ҳуҷҷатҳо барои дохилшавӣ пешниҳод мешаванд:
– ариза ба номи ректори Донишкада;
– маълумотномаи тиббӣ (шакли № 038);
– 6 адад сурат (андозаи 3х4 см);
– нусхаи шиноснома;
– билети ҳарбӣ ё шаҳодатномаи ҳарбии даъватшаванда (барои писарон);
-шаҳодатномаи баробарарзишӣ (барои нафароне, ки муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии хориҷи кишварро хатм кардаанд).
– расиди бонкӣ (барои довталабони тариқи шартнома таҳсилкунанда).
Мӯҳлати қабули ҳуҷҷатҳо аз 25-уми июл то 25-уми августи соли 2024 муқаррар карда мешавад.
Ташкил ва баргузор намудани сӯҳбат ва имтиҳони довталабон аз 25-ум то 30-юми август таъин карда мешавад.
Довталабон барои маълумоти иловагӣ метавонанд ба комиссияи қабули Донишкада бо нишони зерин муроҷиат намоянд.
Нишонӣ: ш.Душанбе, кўчаи Айнӣ 31.
Телефонҳо барои тамос: 227-92-14, 93-335-19-85, 907-84-74-12