Санаи 07.03.2019 дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба “Рӯзи модарон” чорабинии идона баргузор гардид. Дар чорабинии зикршуда муаллимон, бонувон ва донишҷӯдухтарон иштирок доштанд. Чорабиниро муовини аввали ректор Иброҳимов М. ҳусни оғоз бахшид. Инчунин меҳмонон аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консерваторияи миллӣ, Коллеҷи мусиқии ба номи Аҳмад Бобоқул, Филармонияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигарон иштирок доштанд.