16.03.2019  Дар донишкада бахшида ба ҷашнгирии иди соли нави мардуми ориёнажот-Наврӯзӣ хуҷастапай чорабинӣ баргузор гардид.  Иштирокчиёнро ректори донишкада Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат табрикот намуд. Аз тарафи сохторҳои донишкада бахшида ба ин ҷашни байналмилалӣ дастурхонҳои наврӯзӣ ороста карда шуд. Коллективи санъаткорони донишкада бахшида ба ҷашни мазкур бо рақсу сурудҳои дилнишини наврӯзӣ баромад карданд. Дар чорабинии наврӯзии донишкада озмун аз рӯи се номинатсия баргузор гардид. Аз он ҷумла номинатсияҳо бо номи “Дизайни костюм”, “Маликаи Оқил” ва “Маликаи Рассом”  баргузор шуда ғолибияти озмуни зикршударо магистранти соли дуюм Хисравбекова Миҷгона бо номи Маликаи Наврӯзи ДДСТДТ дар соли 2019  сазовор шуд. Иштирокчиёни озмун бо туҳфаҳои хотиравии донишкада қадрдонӣ гардиданд. Ҷашнгирии иди Наврӯз идома дошта рӯзи 30.03.2019 дар бинои Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  намоиши муд ва ҳунарҳои мардумӣ гузаронида мешавад.