Санаи 31 марти соли 2021, соати 16:00 бо ташаббуси Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар толори фарҳангию намоишии он фестивал-намоиши “Мӯд — 2021” таҳти унвони “Аз Наврӯз то Наврӯз” барпо гардид.
Фестивал-намоишро бо сухани табрикотӣ ректори донишкада Ҷамшед Ғанизода ҳусни ифтитоҳ бахшида, сабаби ҳамасола дар арафаи Иди байналмилалии Наврӯз баргузор намудани чунин фестивал-намоишро ба санаи таърихии 30 марти соли 2013 — рӯзи таъсисёбии Донишкадаи давлатиии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон нисбат дод, ки ҳашт сол муқаддам ба ҳамин рӯзҳои тантанаи ҷашни Наврӯз рост омада, баъдан ба як анъанаи донишкадавӣ табдил ёфтааст.
Сипас дар баробари донишҷӯдухтарони моделсози донишкада меҳмонон аз Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб ва Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд, ки ба фестивал даъват шуда буданд, бо навбат коллексияи либосҳои эҷод намудаи худро дар тани духтарони мавзунқомати  хушхиром дар саҳна ба таври ҷаззобу дилнишин намоиш доданд.
Дар охир муаллифон барои иштироки фаъолона ва беҳтарин коллексияҳои эҷод кардаашон бо дипломи фестивал-намоиш сарфароз гардонида шуданд.