Шӯрои олимони донишкада дар ҷаласаи навбатии худ, ки рӯзи 29 май барпо гардид, ҳисоботи роҳбарони масъулро “ Дар бораи фаъолияти шуъбаи методӣ ва симонишинон”, “Дар бораи фаъолияти бахши ҷавонон”, “Дар бораи иҷрои нақшаҳои инфиродӣ (декани факултетҳо, мудири кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ), ва “ Оид ба омӯзиши тарзи навишти рисолаи хатм” шунида, мавриди муҳокима қарор дод ва аз рӯи масъалаҳои муҳокимашуда қарорҳои дахлдор қабул намуд.