Тибқи мактуби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар асоси ёддошти Сафорати Франсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳамкорӣ бо Маркази фарҳангии “Бактрия”, дар доираи Ҳафтаи франкофонӣ  Донишкадаи  давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки як қатор чорабиниҳо доир намояд.

2 ноябр дар донишкада бо яке аз санъатшиносони фаронсавӣ телевидеоконференсия оид ба таърихи санъати Франсия баргузор гардид. Дар чорабинӣ омӯзгорону донишҷӯён, кормандони сафорати Франсия ва Маркази фарҳангии “Бактрия” иштирок намуданд.

Конференсияи телевидеоӣ доир ба таърихи санъати Франсия то 5 ноябр идома хоҳад ёфт.