Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон иди Наврӯз ботантана таҷлил карда шуд. Маъракаро бо сухани муқаддимавӣ ректори донишкада Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат оғоз бахшид. Сипас, мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Муҳиддин Пайшамбезода донишҷӯёну устодони донишкадаро бо иди фархундапайи Наврӯз табрику таҳният гуфта, аз таърихи шашҳазорсолаи ин ид ёдовар шуд ва хоса қайд намуд, ки маҳз бо ибтикори Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон на танҳо суннатҳои зиёди қадимаи аҷдодӣ аз нав эҳё гардиданд, балки Наврӯз ба иди байналмилалӣ табдил ёфт ва онро алҳол дар бисёр гӯшаҳои дунё таҷлил мекунанд.
Муҳиддин Пайшамбезода зимни ин ба фаъолияти ҳафтсолаи Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар омода намудани мутахассисони соҳаи санъати тасвирӣ ва дизайн, аз ҷумла рассомон баҳои баланд дод: – Донишкада дар ҳафт соли мавҷудияташ кореро анҷом дод, ки дар даҳ сол онро иҷро кардан душвор буд, – изҳор дошт ӯ.
Бояд гуфт, ки сараввал дар доираи таҷлили Наврӯз дар толори калони донишкада асарҳои рассомии омӯзгорони таълимгоҳи мазкур таҳти унвони “Аз Наврӯз то Наврӯз” ба намоиш гузошта, манзури тамошобинон гардонида шуданд. Баъдан, намоиши тантанавии наврӯзӣ дар ҳавлии донишкада бо сабку таровати хосса ҷолиб идома ёфт. Дар ин ҷо дар гӯшае тибқи анъанаи қадима ба тарзи ҳафтсину ҳафтшин аз меваҷоту сабзавот дастархони наврӯзӣ ороста шуда, дар гӯшаи дигаре бо иштироки донишҷӯёну устодон ва санъаткорони донишкада ва Коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулов, ки якҷоя гузаронидани маъракаҳо миёни ин ду таълимгоҳ ба ҳукми анъана даромадааст, базми наврӯзӣ метасфид.
Ҷузъи муҳимтарин ва аз ҳама бештар хотирмони маъракаи наврӯзии имсолаи донишкада баргузорӣ ва ҷамъбасти озмуни “Маликаи Наврӯз” маҳсуб меёфт. Панҷ нафар духтарони донишкада аз рӯи чор номинатсия: дар муддати муайяншуда омода намудани хӯриш, рассоми ороиши мӯй, маликаи рассом ва ҳунари аз бар кардани шеър ва тарзи ҷолиби ба сомеъон расонидани он ҳунарнамоӣ карданд . Дар ҷамъбасти озмун ҳама иштирокчиёни он аз ҷониби роҳбарияти донишкада бо Диплом сарфароз гардонида шуда, ҳайати доварони озмун магистранти соли аввали донишкада Шаҳзода Шабдоловаро ғолиби озмун донист ва Маликаи Наврӯз эълон намуд.