Муҳтарам профессорон, омӯзгорон, устодон, кормандон ва донишҷӯёни азиз!
Ҷашни 27-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллиро барои Шумо табрик ва таҳният гуфта, бароятон рўзгори обод, саломатию сарбаландӣ ва комёбиҳои беназирро орзу менамоям. 27 июни соли 1997 ба таърихи миллат ҳамчун замони нави ташаккулёбии давлатдории тоҷикон ворид гашт. Ватандориву ватандўстӣ, сулҳу ваҳдат, расидан ба қадри сарзамини аҷдодӣ ва ҳифзи осудагиву оромии он – ҳамчун арзиши миллӣ барои ҳар як фарзанди бонангу номуси миллат ҳам қарз асту ҳам фарз.
Ба имзо расидани «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» мамлакатро аз таҳдиди нестшавӣ ва мардумро аз парокандашавӣ нигоҳ дошт.
Ваҳдат — беҳтарин неъмати ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, нумуи даврон, ҳастии инсон дар ҳар замину замон аст. Танҳо бо ваҳдату якдилӣ душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рузгори мардум рӯ ба беҳбудӣ меорад, кишвар ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт рӯ меорад.
Дар ҳақиқат, Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯстӣ ҳукмфармост, он давлат рӯз то рӯз гул-гул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан меафзояд, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ пеш меравад.
Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешоншудаистодаи тоҷик бори дигар сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт ва гул-гул шукуфт.
Бо ҳамин таманниётҳои нек ва самимияти хос бори дигар ҳамаи шуморо ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ, табрик ва таҳният намуда, дар симои Шумо ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистон саломатии қавӣ, сарбаландӣ, тансиҳатӣ, хотирҷамъӣ ва сулҳу оромии ҳамешагӣ таманно дорам. Бигзор, Ваҳдати миллӣ ҳамчун сабақи таърихӣ ва армуғони беназири таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон барои наслҳои оянда ва дар арсаи байналмилалӣ ҷовидону побарҷо бимонад.
Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак бод, ҳамдиёрони гиромӣ!