Sunday, May 11, 2025
  • РусскийРусский
  • EnglishEnglish
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
  • Асосӣ
  • ДОНИШКАДА
    • Маълумот дар бораи донишкада
    • Раёсат
    • Шӯрои олимон
      • Сохтор
      • Ҳайат
    • Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус
    • Шуъбаи умумӣ ва назорат
    • Кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ
  • ТАЪЛИМ
    • Шуъбаи таълим
      • Маълумот
      • Ҷадвали ҷараёни таълим
    • Шуъбаи методӣ
      • Маълумот
      • Бахши методӣ
      • Бахши симонишинон
      • Нигористон
      • Устохонаи багетсозӣ
    • Бахши бақайдгирӣ ва машваратӣ
    • Бахши идоракунии сифати таҳсилот
    • Бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон
    • Маводи таълимии тозанашр
  • КОРҲОИ ИЛМӢ ВА ЭҶОДӢ
    • Шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия
      • Корҳои илмӣ
      • Корҳои эҷодӣ
      • Маҳфилҳои илмию эҷодӣ
    • Бахши магистратура ва аспирантура
      • Маълумот
    • Китобхона
  • ТАРБИЯ
    • Шуъбаи тарбия
    • Намоишҳо
    • Бахши ҷавонон
      • Фаъолияти бахш
    • Хобгоҳ
  • ФАКУЛТЕТҲО
    • Факултети «Дизайн»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Санъати тасвирӣ»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ»
      • Сохтор
      • Бахши такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо
      • Шуъбаи тайёрӣ
      • Маркази бачагонаи рассомӣ
      • Курсҳои кутоҳмуддат дӯзандагӣ
  • ЧОРАБИНИҲО
    • Рисолаи хатм
  • ҶАДВАЛ
    • Ҷадвали факултети Дизайн
    • Ҷадвали факултети Санъати тасвирӣ
    • Ҷадвали факултети Т ва ТФ
  • Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
  • Асосӣ
  • ДОНИШКАДА
    • Маълумот дар бораи донишкада
    • Раёсат
    • Шӯрои олимон
      • Сохтор
      • Ҳайат
    • Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус
    • Шуъбаи умумӣ ва назорат
    • Кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ
  • ТАЪЛИМ
    • Шуъбаи таълим
      • Маълумот
      • Ҷадвали ҷараёни таълим
    • Шуъбаи методӣ
      • Маълумот
      • Бахши методӣ
      • Бахши симонишинон
      • Нигористон
      • Устохонаи багетсозӣ
    • Бахши бақайдгирӣ ва машваратӣ
    • Бахши идоракунии сифати таҳсилот
    • Бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон
    • Маводи таълимии тозанашр
  • КОРҲОИ ИЛМӢ ВА ЭҶОДӢ
    • Шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия
      • Корҳои илмӣ
      • Корҳои эҷодӣ
      • Маҳфилҳои илмию эҷодӣ
    • Бахши магистратура ва аспирантура
      • Маълумот
    • Китобхона
  • ТАРБИЯ
    • Шуъбаи тарбия
    • Намоишҳо
    • Бахши ҷавонон
      • Фаъолияти бахш
    • Хобгоҳ
  • ФАКУЛТЕТҲО
    • Факултети «Дизайн»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Санъати тасвирӣ»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ»
      • Сохтор
      • Бахши такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо
      • Шуъбаи тайёрӣ
      • Маркази бачагонаи рассомӣ
      • Курсҳои кутоҳмуддат дӯзандагӣ
  • ЧОРАБИНИҲО
    • Рисолаи хатм
  • ҶАДВАЛ
    • Ҷадвали факултети Дизайн
    • Ҷадвали факултети Санъати тасвирӣ
    • Ҷадвали факултети Т ва ТФ
  • Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
Асосӣ Маколаҳои омӯзгорон ва кормандон

Парчам рамзи давлатдорист

22.11.2019

Инсоният дар тӯли таърихи хеле қадиму бостонии худ дар роҳи тамаддуну фарҳангофарӣ, созандагию бунёдкорӣ, эҷоди таърих, фалсафа, адабиёт, санъат, ахлоқ, дину мазҳаб ва дигар арзишҳои маънавӣ рамзҳои зиёдеро офаридааст, ки ҳар яки онҳо таърих, сарнавишт, мазмуну моҳият ва мантиқи худро доранд.

Парчами давлатии мо яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдорӣ буда, он таҷассумгари асосҳои давлат ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад.

Парчам аз аҳди қадим барои тоҷикон рамзи иттиҳоду пирӯзӣ, ваҳдату ягонагӣ ва шуҷоату далерӣ будааст. Халқи тоҷик, ки дар замони Куруши Кабир соҳиби Эъломияи ҳуқуқи башар гашта буд, аввалин шуда дирафшро ба миён овард. Имрӯз ҳеҷ давлатеро бе парчам наметавон тасаввур кард. Аз аҳди бостон парчам ифодагари маркази лашкар, мавқеи сарлашкар ва нерубахшу ҳидоятгари он ба пирӯзӣ будааст. Забти парчами як лашкар аз ҷониби лашкари дигар маънои пирӯзӣ бар онро дошт. Фориғ аз сафкашию ҳарб парчами лашкар ба таври доимӣ аз ҷониби гурӯҳе аз сарбозон назорат ва ҳимоя мешуд ва ин анъана то ба имрӯз  вуҷуд дорад.

Баъди таъсиси ҶМШС Тоҷикистон парчами мо мисли парчамҳои ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ аз матои саропо сурхранг иборат гашта, дар канори чапи он акси досу болға (рамзи муттаҳидии синфи коргару деҳқон), ситораи панҷгӯша ва навиштаҷоти «Пролетарҳои ҳамаи ҷаҳон, ба ҳам оед!» бо ҳуруфоти арабиасоси тоҷикӣ сабт гашта буд.

20-уми марти соли 1953 Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон қарор «Дар бораи Парчами давлатии ҶШС Тоҷикистон»-ро ба тасвиб расонид, ки тибқи он Парчами давлатии ҶШС Тоҷикистон чун рамзи давлатии Тоҷикистон, иттиҳоди мустаҳками табақаҳои коргар, деҳқон ва дӯстиву бародарии тамоми халқҳои собиқ ИҶШС муайян гардид.

Баробари ба истиқлолият расидани Тоҷикистон дар радифи масоили дигар зарурати таҳияву қабули рамзҳои давлатӣ, яъне Нишони давлатӣ, Парчами давлатӣ ва Суруди миллӣ пеш омад, ки дар онҳо ба таври рамзӣ моҳияту мазмуни фаъолият ва таъйиноти давлат, шакли сохтори давлатӣ, марому мақсади давлат ва равандҳои асосии сиёсати давлат ифода ёфтааст.

Пас аз соҳибихтиёр гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тайёр кардани лоиҳаи конститутсия инчунин кори аз нав тартиб додани рамзҳои нави давлатии Тоҷикистон оғоз шуд. Рамзҳои давлатии ҶШС Тоҷикистон ба вазъи нави ҳуқуқию сиёсии ҷумҳурӣ чӣ аз ҷиҳати моҳияту мазмун ва чӣ шакли худ мувофиқат намекард.

Дар ҳамин асос Шӯрои олии Тоҷикистон 28-уми июни соли 1991 “Дар бораи рамзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қарор қабул кард. Ба зудӣ комиссияҳои махсус барои таҳияи Парчами давлатӣ, Нишони давлатӣ ва матни Суруди миллӣ ташкил карда шуданд. Барои тайёр кардани матн ва оҳанги Суруди миллӣ, таҳияи Парчам ва Нишони давлатӣ озмуни ҷумҳуриявӣ эълон карда шуд.

Баъди ҷамъбасти озмун 24-уми ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шӯрои олӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ карда шуд ва бо ҳамин кишвари мо соҳиби яке аз рамзҳои асосии давлати соҳибистиқлол гардид.

Матни нави тарҳи Парчами давлатии Тоҷикистон дар низомномаи зикршуда ба шакли зерин муайян карда шуд: Парчами давлатии Тоҷикистон матои росткунҷаест, ки аз се рахи рангаи уфуқӣ иборат аст: рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи поёнии сабз баробар мебошад ва рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои ҳар яке аз рахҳои ранга аст. Дар рӯйи рахи сафед, дар мобайни Парчам бо зарҳал тоҷ ва болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир шудааст.

Ранги сурх – дар парчами мо рамзи мубориза ва ҷоннисориҳои халқ дар роҳи озодӣ ва истиқлол,

ранги сафед – рамзи покӣ, озодагӣ, роҳи сафед ва бахту иқболи нек,

ранги сабз – рамзи ҳаёт, сарсабзиву хуррамӣ, созандагиву бунёдкорӣ мебошад. Дар парчам инчунин тасвири тоҷ ва ҳафт ситора ҷой дода шудааст: Тоҷ рамзи шукӯҳу шаҳомат, рамзи давлат, соҳибдавлатӣ ва истиқлолият аст.

Ҳафт ситора низ рамзи нек буда, рақами ҳафт дар асотир, ҳикмат, оину суннати мо рақами муқаддас, рамзи бахту саодат, некӣ ва пайванди арзишҳои заминӣ ва кайҳонианд. Хеле рамзист, ки ҳафт минтақаҳои асосии ҷумҳурии мо – Бадахшону Зарафшон, Суғду Хатлон, водиҳои Вахшу Рашт ба ҳамин ҳафт ситора мувофиқат мекунанд.

Таснифи намунавии Парчами давлатӣ ин аст, ки он рамзи Истиқлолияти давлатӣ, иттиҳоди вайроннашавандаи коргару деҳқон ва зиёиён, дӯстиву бародарии ҳамаи миллатҳои сокини ҷумҳурӣ мебошад. Тоҷ дар Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон аз соҳибдавлатӣ ва мустақилият, ҳафт ситора ишора ба ҳафт иқлими ҷаҳон, ҳафт бародарон, ҳафт қабати осмон мебошад ва ранги сурх рамзи мубориза ва ҷоннисориҳои халқ дар роҳи озодӣ ва истиқлолият ва ранги сафед рамзи бахту иқболи сафед, нияти неки халқ ва ранги сабз рамзи саъю кӯшиш ва заҳмати халқ баҳри сарсабзиву хуррамии кишвар аст.

Соли 2008 бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтирому садоқат ба Парчами миллӣ, гиромидошту арҷгузории ин рамзи давлати соҳибистиқлоламон 24-уми ноябр чун Рӯзи Парчам эълон гардид ва инак 11- сол мешавад, ки мо онро чун воқеаи фараҳбахш таҷлил менамоем. Таҷлили Рӯзи Парчам дар замири ҳар як фард эҳсоси худшиносӣ, худогоҳӣ, ватандӯстӣ ва ифтихор аз истиқлолу озодиро афзун мегардонад.

Ин рӯз собитгари ифтихору эҳтироми мо нисбат ба муқаддасоти миллат, аз ҷумла Парчами давлатист. Парчаме, ки ҳастӣ ва ифтихори миллии моро ифода мекунад. Парчаме, ки гувоҳи истиқлолият, таҷассумгари ғурури миллӣ ва ору номуси ватандории мост.

Дар назди Парчами давлатӣ аз Президенти ҷумҳурӣ то сарбози қаторӣ савганди садоқату вафодорӣ ёд мекунанд ва он ба шарафи тантанаҳои миллӣ, ҳамоишҳои расмӣ, пирӯзии варзишгарон барафрохта мешавад ва зери садои Суруди миллӣ боло меравад.

Дар арафаи ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон 30-юми августи соли 2011 дар паҳлӯи чапи Қасри миллат дар баробари Нишони давлатӣ баландтарин Парчами Тоҷикистон барафрохта шуд, ки бо бузургиву ҳашамати худ назир надорад. Он 165 метр баланди дошта, дар ҷаҳон яке аз баландтарин дониста шудааст. Дарозӣ ё паҳнои худи парчам 60 метр буда, бараш 30 метрро ташкил медиҳад. Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз лиҳози баландии сутун ва бузургияш ба китоби рекордҳои Гиннес ворид карда шудааст. Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ба ифтихори барафрохтани Парчами миллӣ чунин изҳор намуда буд: «Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамқадами соҳибистиқлолии Ватанамон буда, дар баробари Конститутсия, Нишон, Суруди миллӣ ва асъори миллӣ аз ҷумлаи гиромидошти рамзҳо ва муқаддасоти давлатӣ маҳсуб мешавад».

Эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддаси Ватани соҳибистиқлол аз ҷумлаи вазифаҳои ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеа, алалхусус мо омўзгорону донишҷўён ба ҳисоб меравад. Барои мо  зарур аст, ки ҳисси ифтихор аз парафшонии он дар ќалбамон ҳамеша  абадӣ  бошад.

Субҳон Усмонов, декани факултети “Дизайн”
Ба қафо

Конститутсияи ҶТ ва нақши он дар бунёди давлати демократӣ

Ба пеш

Фишурдаи чорабинии бахшида ба Чорабинӣ ба шарафи Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо номи “Парчам -рамзи озодиву давлатдорӣ”

Ба пеш
Фишурдаи чорабинии  бахшида ба Чорабинӣ ба шарафи Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо номи “Парчам -рамзи озодиву давлатдорӣ”

Фишурдаи чорабинии бахшида ба Чорабинӣ ба шарафи Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо номи “Парчам -рамзи озодиву давлатдорӣ”

Рубрикаҳо

  • Хабарҳо
  • Конференсияҳо
  • Намоишҳо
  • Чорабиниҳо
  • Корҳои эҷодӣ
  • Маркази бачагонаи рассомӣ
  • Эълон
  • Мақолаҳо
    • Мақолаҳои магистрҳо
    • Маколаҳои омӯзгорон ва кормандон
    • Мақолаҳои донишҷӯён ва магистрон
  • Табрикот

Бойгонӣ

Хабарҳои нав

  • Пиряхҳои Тоҷикистон – манбаи захираҳои оби Осиёи Марказӣ 04.04.2025
  • К-ИН САБЗА, КИ ИМРӮЗ ТАМОШОГАҲИ ТУСТ…. 24.03.2025
  • ТАБРИКОТИ ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз 20.03.2025
  • Иштироки аъзои ташкилоти ИБТИДОИИ “ДИЗАЙН” дар намоиш-фурӯши китоб 19.03.2025
  • ИФТИТОҲИ НАМОИШИ ЭҶОДИИ “АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ” ВА ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ ДАР ДОНИШКАДА 18.03.2025
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

  Суроға:

кӯчаи Айни 31,
шаҳри Душанбе,
Ҷумҳурии Тоҷикистон

  Тамос:

 Тел: (+992 37) 221 72 43; 221 72 37
 Моб: (+992 37) 93-335-19-85; 91-100-10-92
 Email: design_2013@list.ru

©2013-2025 Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

  • РусскийРусский
  • EnglishEnglish
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
  • Асосӣ
  • ДОНИШКАДА
    • Маълумот дар бораи донишкада
    • Раёсат
    • Шӯрои олимон
      • Сохтор
      • Ҳайат
    • Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус
    • Шуъбаи умумӣ ва назорат
    • Кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ
  • ТАЪЛИМ
    • Шуъбаи таълим
      • Маълумот
      • Ҷадвали ҷараёни таълим
    • Шуъбаи методӣ
      • Маълумот
      • Бахши методӣ
      • Бахши симонишинон
      • Нигористон
      • Устохонаи багетсозӣ
    • Бахши бақайдгирӣ ва машваратӣ
    • Бахши идоракунии сифати таҳсилот
    • Бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон
    • Маводи таълимии тозанашр
  • КОРҲОИ ИЛМӢ ВА ЭҶОДӢ
    • Шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия
      • Корҳои илмӣ
      • Корҳои эҷодӣ
      • Маҳфилҳои илмию эҷодӣ
    • Бахши магистратура ва аспирантура
      • Маълумот
    • Китобхона
  • ТАРБИЯ
    • Шуъбаи тарбия
    • Намоишҳо
    • Бахши ҷавонон
      • Фаъолияти бахш
    • Хобгоҳ
  • ФАКУЛТЕТҲО
    • Факултети «Дизайн»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Санъати тасвирӣ»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ»
      • Сохтор
      • Бахши такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо
      • Шуъбаи тайёрӣ
      • Маркази бачагонаи рассомӣ
      • Курсҳои кутоҳмуддат дӯзандагӣ
  • ЧОРАБИНИҲО
    • Рисолаи хатм
  • ҶАДВАЛ
    • Ҷадвали факултети Дизайн
    • Ҷадвали факултети Санъати тасвирӣ
    • Ҷадвали факултети Т ва ТФ
  • Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

©2013-2025 Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон