Тантанаи Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо барномаи фарҳангӣ таҳти ҳамин унвон бо сухани муқаддимавии муовини аввали ректори донишкада Ҷамила Худойбердиева ифтитоҳ ёфта, мавсуф донишҷӯёну устодони донишкада ва дар симои онҳо кулли мардуми ҷумҳуриро бо ин санаи муҳими таърихӣ табрик намуд.
Сипас сардори Раёсати табъу нашр ва матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмоналӣ Шералиев доир ба таърих ва муқадассоти парчам сухан ронда, дар охир аз номи вазорат аҳли толорро ба ин рамзи давлатии Тоҷикистон муборакбод гуфт.
Иштирокчиёни тантана инчунин маърӯзаҳои сардори шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсияи донишкада Мастона Қобилова “Аз таърихи парчам ва парчамдории тоҷикон” ва донишҷӯи курси сеюми факултети санъати тасвирӣ Асрия Шоназриева “Рассом Зуҳур Ҳабибуллоев яке аз муаллифони Парчами давлатии Тоҷикистон”- ро бо таваҷҷуҳи хосса шуниданд.
Дар анҷом гуруҳи санъаткорони Коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулови шаҳри Душанбе бо суруду навоҳои дилнишин дар васфи ватан, парчами давлатӣ ва сулҳу дӯстӣ аҳли толорро хушнуд гардонданд.