Рӯзи 01.04.2021 дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо ташаббуси Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба иди байналмилалии Наврӯз ва 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон озмуни фарҳангӣ — маърифатӣ таҳти унвони “Тозаранги зиндагӣ” гузаронида шуд.

Дар озмун донишҷӯдухтарони донишкада аз рӯи шартҳои:

1.Ороиши дастархони Наврӯзӣ бо сарфаю сариштакорӣ

2.Пешниҳоди маълумот оид ба номи дурусти таъом дар лавҳаҳо

3.Намоиши тарзи тайёр намудани як таъоми миллӣ

4.Маҳорати омода намудани як хӯриш

5.Маҳорати мондани гул дар хамир

6.Қироати шеър дар васфи Наврӯз ва Ватан маҳорати худро нишон доданд.

 

Аъзои ҳакамон:

Зуҳурова Заррина Ҳабибуллоевна — сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе;

Нурляминзода Саида Абдуллям- муовини сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе;

Қузибоева Зуҳро — мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ;

Буриева Зарина — мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур ба маҳорати донишҷӯён баҳогузорӣ намуданд.

Иштирокчиёни озмун бо ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шудаанд.

 

Расмҳо аз рафти озмун