Дар толори китобхонаи Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки устодон  ва донишҷӯёне, ки тибқи квотаи Президентӣ таҳсил мекунанд, ҷамъомади калони тантанавӣ ва намоиши асарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон шахсияти волои таърихсоз» барпо гардид.

Ҷамъомадро муовини ректори донишкада оид ба тарбия ва робитаҳои байналмилалӣ Худойбердиева Ҷ.Ч. кушода, ҳозиринро бо ин рӯзи муборак саминона табрик гуфт. Сипас, Раиси Шурои кураторони донишкада Эшонқулов А.А. дар мавзӯҳои “Квотаи президентӣ рушди сармояи кадрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, муовини декан оид ба таълим Ҳаитов Ф. “Пешвои миллат асосгузори давлати навини тоҷикон”, омӯзгори кафедраи технологияи иттилоотӣ ва иқтисод Шарофиддинзода С. “Адолатпарвар бо дили ҷавонмардона”, донишҷӯён Зӯҳрои Шералӣ (аз факултети санъати тасвирӣ), Доринюш Муҳиддинов (факултети дизайн), Абдала Сафия магистранти курси 1-ум вобаста ба фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва корномаҳои ӯ дар солҳои мудҳиши ҷанги граждании солҳои 1992-1995 дар Тоҷикистон бо маърӯза баромад карданд. Дар ҳамин толор инчунин асарҳои илмию сиёсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба намоиш гузошта шуданд.

Ҳамзамон, ба хотири гиромидошти ин рӯз дар толори калони намоишии донишкада асарҳои  портретии Рассомони халқии Тоҷикистон Сабзаалӣ Шарифзода ва Исуф Сангов, Арбобони ҳунари Тоҷикистон Мизроб Холов, Акмал Миршакар, Ғафурҷон Ҷӯраев ва Каримҷон Наҷмиддинов, рассомон-омӯзгорон Аҳтам Сафаров, Бахтиёр Одиназода, Наргис Ҳамидова, Фаррух Хоҷаев ва бисёр дигарон, ки аз моҳи декабри соли 2019 то моҳи марти соли 2020 дар Намоиши байналмилалии «Портрет-тур» дар Пекин (ҶХХ) ба намоиш гузошта шуда буданд, манзури мухлисони санъати тасвирӣ гардонида шуданд.

Ҳарсе чорабиние, ки ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар донишкада барпо гардиданд, дорои аҳамияти калони таълимию тарбиявӣ буданд.