Наср Бобои Сарфароз
НАВРӮЗИЯ
Пазмони ту гаштем Наврӯз, биё,
Аз мақдами ту шом шавад рӯз, биё.
Гул ба сару дӯш дасту домон дорӣ,
Эй чевари чирадасти гулдӯз, биё.
***
Ёрон ба дар омадааст Наврӯзи Шумо,
Он рӯзирасони олмафрӯзи Шумо.
Уммед зи Наврӯз кунам ҳар соат,
Иқболбаланду бахтипирӯзи Шумо.
***
Ёрон чӣ хӯш аст, боз Наврӯз омад,
Бо омаданаш ба ҷони ман сӯз омад.
На сӯз, ки мағз-мағзи ҷонам сӯзад,
Балки ба шаби фироқи ман рӯз омад.
***
Дашту даман аз хандаи Наврӯз пур аст,
Аз хандаи Наврӯзи дилафрӯз пур аст.
Ҳар субҳи ман оғоз зи Наврӯз шавад,
Кӯлоби ман аз моҳи чакандӯз пур аст.
***
Гулғунчаи ман, дастаи гул дар кафи ту,
Хубони ҷаҳон баста сафе дар сафи ту.
Бо ғулғулаи дафи ту Наврӯз омад,
Дар рақс шуд гул зи навои дафи ту